Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

125 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ДАР ЯК СОЛ

«Боигарии Тоҷикистон аз об аст. Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Мамлакати мо аз рўйи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Мо имкон дорем, ки дар давоми сол 527 миллиард кВт-соат қувваи барқ истеҳсол кунем. Вале, мутаассифона, айни ҳол ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаваду халос».
Эмомалӣ Раҳмон

Табиат барои соҳаи гидроэнергетика имкониятҳои бузурге фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бепоёни гидроэнергетикӣ мебошад. Захираҳои обии Тоҷикистон пиряхҳо буда, онҳо дар қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ хобидаанд. Шумораи пиряхҳо дар ҷумҳурӣ 9475 ҳазорро ташкил дода, масоҳати умумии майдони яхбастаи онҳо 11000 километри мурабба мебошад. Ҳаҷми умумии онҳо 460 километри мукаабро ташкил мекунад.
Дарёҳои Вахш ва Панҷ аз пиряхҳои қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» баландияш (7495 метр), «Федченко» (7134 метр), «Истиқлол» (6974 метр), «Москва» (6785 метр) ва ғайраҳо сарчашма мегирад.
Қуллаи Исмоили Сомонӣ-749[center][/center]5м.


125 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ДАР ЯК СОЛ

Шумораи умумии дарёҳо ва сойҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 25000 ададро ташкил мекунанд, ки дарозии умумияшон қариб 90000 километр мебошанд.
Шароити кўҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ, дар инҷо сохтани нерўгоҳҳои барқӣ-обӣ нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон камхароҷот аст.
Агар сухан дар бораи захираҳои табиӣ равад, бояд гуфт, ки дар ҷаҳон давлатҳое ҳастанд, ки аз захираҳои табиӣ бой буда, онро дар истеҳсолот фаровон истифода мебаранд. Дар ҷаҳон аз рўи истеҳсоли қувваи барқ давлатҳои Фаронса, Австралия, Канада ва Россия дар зинаҳои баланд қарор доранд. Агар захираҳои нафту газро гирем, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Россия, Туркманистон, Эрон ва Қатар дар ҷои аввал мебошанд. Аз нигоҳи технология давлатҳои Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Германия дар соҳаи мазкур пешсафанд.
Дар як қатор кишварҳо аз ҷумла, Русия, Эрон, Хитой, Фаронса ва Италия барои истеҳсоли қувваи барқ, аз нерўи ҳастаӣ (атомӣ) истифода менамоянд. Коршиносон мегуянд, ки барқи ҳастаӣ ҳам нумўи зироати кишоварзӣ ва ҳам муҳити экологии зистро заҳролуд месозад. Давлатҳое, ки тавассути стансияи ҳастаӣ барқ истеҳсол мекунанд, мисли мо шароит ва имкониятҳои барқистеҳсолкуниро надоранд.
Бояд гуфт, ки дар баъзе давлатҳои ҷаҳон обро то 3 маротиба тоза карда, баъд аз он истифода мебаранд. Масалан, барои истеъмоли об дар давлатҳои араб аз чунин табирҳо истифода мешавад. Чунки дар он давлатҳо оби нушокӣ хеле кам аст. Бинобар ин як чанд фоизи маблағи буҷет барои соҳаи мазкур масраф мегардад. Зарур ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин технология эҳтиёҷ надорад. Яъне оби Тоҷикистон аз қаторкўҳҳо ҷорӣ шуда, ҳоҷат ба корбурди технологиро надорад.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои калонтарин ба шумули Панҷ-(921км), Вахш-(524км), Сир-(185км), Кофарниҳон-(387км), Зарафшон-(306км), Аму-(65км), Бартанг-Мурғоб-(491км), Ғунд-(296км) мебошанд, ки солҳои тўлонӣ ҷорианд ва миллионҳо гектар заминҳои минтақаро шороб мегардонанд. Аҳолӣ ва корхонаву идораҳо низ аз ин неъмати бебаҳо истифода мебаранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамагӣ 5-6 фоизи оби кишварамонро истифода мебарему халос. Дар маҷмўъ 65 фоизи оби баҳри Аралро обҳои Тоҷикистон ташкил мекунанд ва боқимонда барои эҳтиёҷи давлатҳои ҳамсоя масраф мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи энергетикаи кишвар, ки яъне аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба шумор меравад, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, барои тайёр намудани мутахассисони соҳа дар шаҳри Қўрғонтеппаи Вилояти Хатлон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи энергетикии Русияро таъсис дода шуд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нерўгоҳи барқи обӣ сохта шуда, фаъолият доранд. Аз ҷумла, нерўгоҳи барқи обии «Норак» бо иқтидори 3000 мВт, нерўгоҳи барқи обии «Қайроқум» бо иқтидори 126 мВт, нерўгоҳи барқии обии «Помир» бо иқтидори 28мВт, нерўгоҳи барқи обии «Варзоб» бо иқтидори 25мВт, нерўгоҳи барқии обии «Сангтўда-1» 670 мВт амал мекунанд. Инчунин бо супориши Президенти мамлакат дар деҳоту ноҳияҳои кўҳистони мамлакат ба ҳисоби миёна ҳар сол 50-60 нерўгоҳи хурд сохта ва ба истифода дода шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншоотҳои барқӣ ҳамчунин ният дорад, ки ҳаҷми содироти онро ба хориҷ афзун намояд.

Роғун иншооти азим!
Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш, ҷой гирифта, дар силсила нерўгоҳҳои ин рудхона чорум буда, ҳар сол 13 миллиарду 1 миллион киловатт/соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Нерўгоҳи барқи обии Роғун барои он сохта мешавад, ки эҳтиёҷоти мардуми Тоҷикистон ва минтақаро бо нерўи барқ таъмин созему қувваи барзиёди онро ба хориҷа содир намоем.
Нерўгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмони он ҳанўз соли 1976 оғоз ёфта буд, яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб мерафт ва он дар соли 2018 дар давраи Истиқлолият ба истифода дода мешавад.
Сохтмони сарбанди он соли 1987 шурўъ гашта, то соли 1993 баландиаш ба 40 метр расида буд. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони нерўгоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфта буд.
Дар ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмони он қатъ гардида ва бисёри таҷҳизоту техника ба коми душманони миллати тоҷик рафт.
Бунёди ин нерўгоҳро бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ то имрўз аз ҳисоби буҷети давлат ба ҷо оварда истодаем.
Боиси қаноатмандист, ки шумораи коргарон дар сохтмони ин иншоот ба 15 ҳазор нафар, мошину механизмҳо ба 2553 адад расонида шуда, азхудкунии маблағҳои ҷудошуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз шаш маротиба афзоиш ёфт.
Тибқи нақшаҳои рушди энергетикии ҷанубӣ, дар асоси ҳисобу китоби техникӣ, танҳо дар сурати сари вақт сохта ва ба истифода додани обанбор ва агрегатҳои аввали нерўгоҳи Роғун, дарозумрии нерўгоҳи Норак то 80 сол тамдид мешавад. Мутаассифона, ҳоло тибқи маълумотҳои мутахассисон солона дар ҳаҷми то 55 миллион м3 регу қуму гил дар обанбори Норак таҳшин (ҷамъ) мегардад.
Роғун барои ҳамаи мо мактаби бузурги омўзиш, истифода ва баҳрабардорӣ ва дар айни замон равнақи иқтисодиёти Тоҷикистони имрўзу фардо мегардад.
Маълум аст, ки дар ҷараёни сохтмони нерўгоҳи Роғун як чанд деҳаҳои шаҳри Роғун ва ноҳияҳои гирду атрофи нерўгоҳ зери обанбор мемонад. Барои ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчонидани деҳаҳоро ба ноҳияи Данғара ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифтааст. Бо таври умумӣ зиёда аз 46 ҳазор нафар одамон кўчонида мешаванд.
Тоҷикистон обанбор ва нерўгоҳҳоро ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсояҳои худ, яъне бо мақсади маҳдуд кардани реҷаи ҷоришавии об сохтанӣ нест, баръакс, дар ин раванд манфиати онҳоро низ ба эътибор мегирад.
Аз ин лиҳоз, бунёди нерўгоҳи Роғун набояд боиси ташвишу изтироби кишварҳои поёноб бошад.
Бонки ҷаҳонӣ ташхиси иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи Роғунро гузаронида, баҳои хуб доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварони давлатҳои минтақа дар ин бора иттилоъи расмӣ додаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар байни иншоотҳои мавҷудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки нерўгоҳи барқ истеҳсол мекунанд, нерўгоҳи Роғун аз ҷиҳати иқтисодиву экологӣ афзалияти калон дорад.
Агар ба таври хулоса гуем, нерўгоҳи Роғун:
 Манбаи ҷалби калонтарин сармояи дохиливу хориҷиест, ки истифодаи ин маблағҳо дар баробари таъмини сохтмони иншооти номбурда, иқтидорҳои даҳҳо корхонаҳои мухталифи кишвари мо ва давлатҳои ОМ-ро баланд бардошта садҳо ва ҳазорҳо мутахасисонро ба кор ҷалб менамояд;
 Иншооти бузургтаринест, ки истифодаи маҳсулоти он чӣ дар шакли нерўи барқ, чӣ дар шакли танзим ва баланд кардани кафолатнокии обтаъминкунии заминҳои бекорхобидаи давлатҳои ОМ, қиёсан арзонтару судмандтару аз ҷиҳати экологӣ ба мақсад мувофиқ буда, ба нафъи манфиатҳои ҳамаи давлатҳои ОМ хизмат менамояд ва дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоёти аҳолии зиёда аз 56 млн. нафари минтақа мавқеъи хоса дорад;
 Иншоотест, ки ба кор андохтани он амалӣ шудани натиҷаи саъю кўшиш ва меҳнати зеҳнии даҳҳо ва садҳо олимону мутахасисонро ифода намуда, ба таври воқеъӣ бори дигар (баъди сохтмони нерўгоҳи Норак) шўҳрати ҷаҳонӣ доштани мутахассисони махсусан пажўҳишгоҳи «Гидропроект»-и Ҷумҳурии Узбекистонро хотирнишон карда, тахассуси эшонро боз ба сатҳи баландтарини дунявӣ мебардорад;
 Иншоотест, ки ҷараёни сохтмони он мутахассисони мухталифи даҳҳо давлатҳоро гирд оварда, сатҳи ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқоти истеҳсоливу саноатии онҳоро баланд бардошта, дар рушд ва вусъати муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ саҳми арзандае мегузорад, садҳо ҷавонон ихтисосу тахассусҳои мухталифро аз худ карда, соҳиби ҷои кор мешаванд.

Даштиҷум калонтарин нерўгоҳи барқии обӣ дар Осиёи Миёна
Нерўгоҳи барқи обии «Даштиҷум» дар дарёи Панҷ, ноҳияи Шўробод вилояти Хатлон ҷой гирифта, дар силсилаи нерўгоҳҳои барқии обии Панҷ чорум буда, ҳар сол 15 миллиарду 600 миллион киловатт/соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Мутахассисон ва муҳаққиқони тоҷик исбот кардаанд, ки яке аз лоиҳаҳои ҷолиби диққат сохтмони нерўгоҳи барқии обии Даштиҷум бо иқтидори 4000мВт ва обанбори ҳаҷмаш 17,6 километри кубӣ мебошад. Ин нерўгоҳ дар наздикии сарҳади Афғонистону Тоҷикистон ҷойгир шуда, барои давлати Афғонистон низ манфиати зиёде меорад. Аз ҷумла, 1,5 миллион гектар заминҳои хушку ташналабро бо об таъмин месозад. Инчунин аҳолии ин минтақаро бо қувваи барқи арзон таъмин хоҳад кард. Бунёди ин нерўгоҳи азим ба беҳтар шудани таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат мекунад.
Коркарди техникӣ-иқтисодии пешакӣ нишон медиҳад, ки сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Даштиҷум» яке аз нерўгоҳҳои обӣ-барқии камхарҷ ва самараноктарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Арзиши ин нерўгоҳ 3,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки иқтидораш 4000 мегаватт буда, дар як сол метавонад 15,6 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол намояд.

Аввалин нерўгоҳи калон дар давлатдории Истиқлолият
Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1», дар дарёи Вахш, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ҷой гирифта, дар силсилаи нерўгоҳҳои барқи обии Вахш панҷум буда, ҳар сол 2 миллиарду 733 миллион киловатт/соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.
16 октябри соли 2004 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Созишнома барои сохтани нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» ба имзо расида буд. Дар ин Созишнома Федератсияи Россия барои сохтани ин нерўгоҳ ба миқдори 250 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо кард ва Ширкати «РАО ЕЭС»-и Россия барои сохтани ин нерўгоҳ сафарбар карда шуд. Кишвари мо низ дар ин иншоот саҳми муҳим дорад. Нерўгоҳи мазкур соли 2009 бо иштироки Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Федератсияи Русия Дмитрий Медведєв кушода шуд, ки иқтидори он ба 670 мегаватт баробар аст.
Агрегати якуми нерўгоҳ охирҳои моҳи декабри соли 2007 ба кор шурўъ карда буд. Нерўгоҳ аз 4 агрегат иборат аст.
Сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» моро ба яке аз ҳадафҳои олӣ ва стратегиамон – таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон хеле наздик овард.
Илова бар ин, аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи Россия масъалаи бунёди се нерўгоҳи барқи обии бо иқтидори миёна мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Сангтўда-2» тўҳфаи 20-солагии Истиқлолият
Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» дар дарёи Вахш, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ҷой гирифта, дар силсилаи нерўгоҳҳои барқии обии Вахш шашум буда, иқтидори лоиҳавии ин нерўгоҳ 220 мегаваттро ташкил медиҳад.
Моҳи июни соли 2005 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Созишнома барои сохтани нерўгоҳи барқии обии «Сангтўда-2» ба миқдори 180 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 40 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи нақша нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» дар муддати чор сол, яъне дар соли 2011 пурра сохта, дар рўзи ҷашни 20-солагии Истиқлоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки иқтидори лоиҳавии ин нерўгоҳ 220 мегаваттро ташкил медиҳад.
Бо шарофати мавқеи хуби ҷуғрофии Тоҷикистон содироти нерўи барқ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, ҳам ба мамлакатҳои хориҷи наздик ва ҳам ба мамлакатҳои хориҷи дур манфиатовар аст.
Ба андешаи банда барои гардиши маблағ ба соҳибкорон зарур аст, ки ба сохтани нерўгоҳҳои обӣ шурўъ кунанд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад. Бунёди нерўгоҳ ҳам ба соҳибкор ва ҳам ба давлат манфиати калон меорад. Масалан, соҳибкори Мексика Slim барои гардиши сармояи худ аввал ба сохтани мағоза дар ҳудуди кишвари худ шурўъ карда, баъдан бахшҳои мағозаро берун аз марзи давлаташ кушод. Ҳоло бошад, Slim соҳибкори ҷаҳонист ва дороиаш ба маблағи 72,4 миллиард доллари ИМА расидааст. Соҳибкорони тоҷик тавассути сохтани нерўгоҳ соҳиби маблағҳои калон шудан метавонанд.
Пешниҳод карда мешавад, ки барои сохтани нерўгоҳҳои хурду калон соҳибкорон ҷалб карда шаванд. Зеро дар ҳудуди Тоҷикистон имконияти бунёди зиёда аз 900 нерўгоҳҳои обии хурду калони иқтидорашон 100-3000кВт\соат сохтан имконпазир аст ва то ҳол 200 нерўгоҳҳои обии хурду калон сохта ба истифода дода шуданд.
Барои сохтани нерўгоҳҳо дар дарёҳои зерин аз ҷиҳати потенсиалӣ ва иқтисодӣ хеле муфид аст.
Дарёи Панҷ
(14 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 86,3 миллиард киловатт/соат дар як сол)
Дарёи Вахш
(9 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 9195мВт)
Дарёи Сурхоб
(4 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 1077мВт)
Дарёи Хингоб
(5 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 712мВт)
Дарёи Зарафшон
(6 нерўгоҳи обии барқӣ бо иқтидори умумии 640мВт)
Фондарё
(4 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 510мВт)
Дарёи Мастчоҳ
(5 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 500мВт)
Дарёи Бартанг
(5 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 485,9мВт)
Дарёи Кофарниҳон
(5 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 411мВт)
Дарёи Ғунд
(13 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 354,4мВт)
Дарёи Варзоб
(3 нерўгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори умумии 100мВт)
Баъди сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии банақшагирифташуда дар Тоҷикистон истеҳсоли солонаи қувваи барқ ба 527 миллиард кВт\соат мерасад. Аз ин миқдор 27 миллиард кВт\соат қувваи барқ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2025 басанда аст. Боқимонда, яъне 500 миллиард кВт\соат қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоя интиқол додан мумкин аст. Агар мо ин миқдор қувваи барқро ба ҳисоби миёна бо нархи 25 дирамӣ ба бозор ҷаҳонӣ барорем, яъне дар як сол 125 миллиард сомониро ташкил мекунад, ки ба сари ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол 17857 сомонию 15 дирам рост меояд.
Нишондиҳандаҳои калонтарин
нерўгоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нерўгоҳи Даштиҷум, иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт 4000, истеҳсоли нерўи барқ ба ҳисоби миллиард кВт\соат дар як сол
15,6
Нерўгоҳи Рўшон, иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт 3000
истеҳсоли нерўи барқ ба ҳисоби миллиард кВт\соат дар як сол 14,8
Нерўгоҳи Роғун, иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт 3600
истеҳсоли нерўи барқ ба ҳисоби миллиард кВт\соат дар як сол 13,1
Нерўгоҳи Норак, иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт 3000
истеҳсоли нерўи барқ ба ҳисоби миллиард кВт\соат дар як сол 11,2
Нерўгоҳи Дарвози Лавардӣ, иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт 2100
истеҳсоли нерўи барқ ба ҳисоби миллиард кВт\соат дар як сол 10,5
Нерўгоҳи Ширговат, иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт 1900
истеҳсоли нерўи барқ ба ҳисоби миллиард кВт\соат дар як сол 9,7
Нерўгоҳи Ҷумар, иқтидори муқарраргардида ҳазор кВт 2000 истеҳсоли нерўи барқ ба ҳисоби миллиард кВт\соат дар як сол 8,2
Барои сохтани нерўгоҳҳои барқи обии банақшагирифташуда зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА лозим аст.
Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад.
Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад
Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - иқтисодиёти давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рў, саҳмгузорӣ ба ин иншоотҳои муҳим қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди бо нангу бо номусӣ кишвар ба шумор меравад.

Салим ГАДОЕВ – таҳлилгар

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин