Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Дар Туркия пешниҳод гардид, ҳолати фавқулода, ки баъди кӯшиши табаддулот ҷорӣ шуда буд, тамдид карда шавад

Дар Туркия пешниҳод гардид, ҳолати фавқулода, ки баъди кӯшиши табаддулот ҷорӣ шуда буд, тамдид карда шавад
Ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Туркия рӯзи чоршанбе таҳти раёсати президенти кишвар Тайип Эрдуғон доир гашт. Дар он тамдиди ҳолати фавқулода, ки барои се моҳ ҷорӣ гардида буд, (баъди кӯшиши табаддулоти 16 июл) пешниҳод карда шуд. Бино ба иттилои РИА «Новости», дар баёнияи хаттӣ баъди ҷамъбасти ҷаласа гуфта мешавад, ки «Бо мақсади таъмини идомаи истифодаи босамари тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандони мо, демократия ва асосҳои давлати ҳуқуқбунёд тасмим гирифта шуд, ки бо пешниҳоди тамдиди ҳолати фавқулода муроҷиат карда шавад».

Бояд зикр намуд, ки Шӯрои амнияти Туркия низ барои идомаи амалиёти НҲ Туркия дар шимоли Сурия «Сипари Евфрот» бо мақсади ҳифзи марзҳо, ҳамчунин барои эҷоди минтақаҳои амниятӣ ва минтақаҳои бидуни парвоз ризоият додааст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин