Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Пентагон дар бораи маҳви яке аз собиқадорони «Ал-Қоида» хабар дод

Пентагон дар бораи маҳви яке аз собиқадорони «Ал-Қоида» хабар дод
Шахси наздик ба роҳбарияти гурӯҳи террористии «Ал-Қоида» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) террорист Абуҳонӣ ал-Масрӣ зимни амалиёти ҳавоии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Амрико дар Сурия маҳв гардид. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба изҳороти Пентагон хабар дод.

Бино ба изҳороти Пентагон, амалиёти ҳавоӣ 3-4 феврал дар ҳудуди шаҳри Идлиби Сурия гузаронида шуданд. Дар натиҷа ал-Масрӣ ҳамроҳ бо 10 ҷангии сохтори террористӣ маҳв гардид.

«Ин амалиёти ҳавоӣ имконоти «Ал-Қоида»-ро дар ташкил ва роҳандозии ҳамлаҳои беруна дар ИМА заиф карданд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

khovar.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин