Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ШОҲИЁН: Исёни Назарзодаро роҳбари ҲНИТ сармоягузорӣ кардааст

ШОҲИЁН: Исёни Назарзодаро роҳбари ҲНИТ сармоягузорӣ кардаастШермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди Олии Тоҷикистон рӯзи 18-уми январи соли равон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки сармоягузории ошӯби Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон аз сӯи роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) сурат гирифтааст.

Вай дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки даъвои Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба манъи фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти экстремистиву террористӣ эътироф кардани ин ҳизб, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гадида буд. Бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 29 сентябри соли 2015, фаъолияти ҲНИТ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд ва ин ҳизб ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардида, рӯзномаву вебсайтҳои он баста шуд.

Раиси Суди Олӣ ҳамчунин илова намуд, ки дар ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли 2015, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, Бино ба маълумоти дастрасшуда маблағгузорӣ ва ҳамчунин омодасозии баъзе маводҳо аз ҷониби роҳбарияти ҲНИТ сурат гирифтааст. Шумора афроде, ки чунин кирдорро содир кардаанд, хеле зиёд аст ва ҳоло тафтиши парвандаи онҳо ба итмом нарасидааст.

Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, мардуми Тоҷикистон бояд донанд, ки маҳз барои ба ҷиноятҳои махсусан вазнин даст задани роҳбарияти ҲНИТ, бар хилофи Оинномаи ҳизб амал намудану содир кардани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ ва дигар ҳолатҳое, ки гунаҳгории роҳбарияти ҲНИТ ва баъзе аъзои ин ҳизбро дар ҳамин кирдорҳои ҷинояткорона исбот мекунанд, фаъолияти ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Раиси Суди Олии Тоҷикистон, ки дар ин ншаст аз натиҷаи кори яксолаи ин ниҳод иттилоъ медод, афзуд, ки Суди Олӣ дар соли 2015 ба ҳайси суди марҳилаи якум 51 парвандаи ҷиноятӣ, 18 гражданӣ, 6 оилавӣ, 45 ариза оид ба барқарор намудани муҳлати мурофиавӣ ва 7 пешниҳодро баррасӣ намудааст. Инчунин зикр гардид, ки дар ин давра ба Суди Олӣ 2 ҳазору 655 арзу шикояти шаҳрвандон ва эътирозҳо ворид гардидаанд, ки дар қиёс ба соли 2014 13 фоиз зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 2 ҳазору 412 шикояти баррасишуда 1130 адади он ба омӯзиши парвандаҳо марбут буда, 243 шикоят мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз теъдоди шикоятҳои ҳаллу фаслгардида 1057 шикоят ба парвандаҳои гражданӣ, 472 адад ба парвандаҳои оилавӣ, 852 адад ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва 31 адади он парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аст.

Шермуҳаммад Шоҳиён афзоиш ёфтани арзу шикояти шаҳрвандонро ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии онҳо рабт дода, зикр кард, ки масъалагузорӣ намудани мушкилоти худ дар Суди Олии кишвар ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд аст.
©И. ТОҲИР
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин