Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:46 – НАҚДИ ТААССУБГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРС - ТОҶИК 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 13:31 – ДАСТОВАРДҲО МОРО БА КОР ДИЛГАРМ МЕКУНАД 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 

Осоиши миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ

Осоиши миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ
Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов
«Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ»
(Дар доираи шуури муқаррарӣ)


Навиштаҳо ва осори пурмазмуни олими шинохта, муттафакир ва сиёсатмадор муҳтарам Саймумин Ятимовро бисёр мутолеа намудаам. Ва ҳар боре нигоштаҳои ин марди хирадро аз назар мегузаронам, дубора эҳсосоти наҷиби ватанхоҳиву адолатпарварӣ, муҳаббату самимият ба миллату сарзамини аҷдодӣ дар вуҷудам аланга мегирад. Хуш ба ҳоли ӯ миллате, ки чунин ҷавонмардон дорад.

Равоншиносии ҷамъиятӣ дар раванди инкишоф ва ташаккули шуур мавқеи хоса дошта барангезандаи маънавиёти миллат ва халқҳо ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ вобаста ба шароитҳои реалии таърихӣ психологияи ҷамъиятӣ воситаи фаҳмиши амиқи ҳаводис ва нишон додани аксулҳаракатҳо маҳсуб меёбад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки инсоният дар давраҳои тараққиёти ҷамъият ба дастовардҳои бузург ноил шуда, дар баробари ин ба бохтҳои гӯшношуниде низ дучор омадааст, ки ҷубронаш солиёни дароз мушкилотҳоро тавлид месозанд. Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки сабақ аз саҳифаҳоти печ дар печи таърих гирифта баён медорад; «Муборизаи миллат барои соҳибихтиёрӣ, ҳифзи марзу бум, таъмини рушди миллӣ дар рақобатҳои ниҳоят сангину нангини байни миллатҳо, ҷонфидоиву хиёнатҳо,бурду бохтҳо дар тӯли таърих аз омилҳои муҳимтарини шаклгирӣ, рушд ва ҳамчунон рукуди психологияи ҷамъиятӣ мебошад». Бинобар ин бо донистани ин раванду тамоилҳо кор ба сомон намерасад. Инсонҳоро зарур аст, ки аз таҷрибаи ҳаёти дирӯза ва имрӯза хулоса намуда ба манфиати ҷомеаи имрӯз ва оянда кору фаъолият намоянд. Дар воқеъ «…ҳамагуна рафтори ҷамъиятӣ, ҳатман субъекти тибқи мақсад амалкунандаро ба хотири ҳадафҳои муайян доро мебошанд». Дар ин ҷода моро зарур аст, зираку ҳушёр бошем ва ҳар падидаро бо паҳлуҳояш, ҳар ҳаводису ҳаракат ва рафтру кирдори ноҷоро дуруст дарк намуда, дар ҳамон лаҳза хулосаи даркорӣ бароварда таъсиррасон бошем.

Муҷиби вақт аст, ки барои комёбшудан ба ҳаёти осоишта ва муссалаҳ намудани ҷавонон бо донишҳои сиёсӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа аз муассисаҳои таълимии томактабӣ, оғози худшиносиҳои сиёсӣ намуда, шурӯъ аз мактабҳо, колеҷ ва техникумҳо, дар донишкадаҳо, бо тамоми кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, курсҳо ва барномаҳои махсуси омӯзиширо оиди муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама оиди амнияти ҷамъиятӣ корҳои зиёдеро бояд роҳандозӣ намоем. Зеро бо пешниҳоди оқилонаи муаллиф. «Омӯзиш ва ташхиси доимии психологияи ҷамъиятӣ, унсур ва равандҳои он, бо дарназардошти истифодаи омили мазкур дар самтгирии шуури рӯзмарра, вобаста ба таъмини субот ва амният аз муҳимтарин самтҳои кор бо ҷомеа мебошад».

Ҳаводиси чанд соли охир дар як қатор мамолики дунё гувоҳи он аст, ки маҳз аз бетарафӣ, ба ҳисоб нагирифтани ақидаҳои солими ҷомеа, сари вақт фаъолият нишон надодани кулли шаҳрвандон ба тазодҳои бегонаву ифротгаро боиси аз байн рафтани як катор давлату миллатҳо, дар сайёра гардид. Мамлакатҳои абарқудрат бо идеологияи «демократикунонӣ» сари суфра ва деги тақсимоти иқтисодӣ бо иштиҳо нишаста, ваҳдату истиқлолияти як қатор кишвару миллатҳоро ба нестӣ мебаранд. Мисоли онро инсоният ҳам дар шарқу ҳам дар Аврупо дидаву чашидааст. Тақдири талхи давлатҳои Либия, Сурия, Ироқ, Афғонистон, Украина ва чандин кишварҳои дунё моро водор месозад, ки дуруст, саривақтӣ, бехато амал намуда оиди амнияти ҷамъиятӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватани азиз, риояи қонунҳои амалкунанда ва пояндагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон шабонарӯзӣ бо дилу нияти нек ва пок заҳмат кашем.

Дар натиҷаи равандҳои босураът густаришёбандаи ҷаҳонишавӣ инсоният ба авҷи тараққиёти илму техника ва маънавиёту фарҳанг расидааст. Ин раванд якчанд тамоил дорад агар аз як тараф ҷаҳонишавӣ ба пешрафту тараққиёти ҷомеа таъсири мусбат расонида як омили муҳими ташаккули кишвар дар шароити кунунӣ ҳисоб шавад, аз тарафи дигар бе шакку шубҳа ба ахлоқу фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ расонида ба пояҳои меҳварии миллат теша мезанад. Дар ин лаҳзаҳо омезиши арзишҳо масъалаи эҳтиром ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва мақоми махсус пайдо намуданаш барои ҳар як ватандор ва соҳибмиллати баномус вазифаи ҳалталаб ва якуминдараҷа маҳсуб меёбад.

Таърихи садсолаи охири инсоният ба низоҳои мазҳабию динӣ гирифтор шудани қисмате аз аҳли сайёраро хуб дар ёд дошта сабабҳо ва роҳҳои баромадан аз ин мушкилотро чораҷӯӣ намуда истодааст. Коршиносон дар чунин ақидаанд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун василаи муборизаву қасоси пайравони як дину эътиқод муқобили тамаддуни дигар дастандаркоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар кирдору амалиёте, ки дар кадом гӯшаву канори дунё ба амал наояд маҳз ангушти ишорат зидди дини мубини ислом рост менамоянд, ки он саҳеҳият надорад. Аммо мутаасифона, ҷаҳони ислом дар вартаи ҷангу чидол ва сиёсишавии ислом қарор дошта дахолати абарқудратҳо вазъияти бе ин ҳам бади кишварҳои исломиро боз ҳам хатарафзо намуда истодаанд.

Ангела Меркел, канслери Олмон дар яке аз баромадҳояш нисбати дини мубини ислом ва мусулмонони ҷаҳон иброз дошта буданд, ки; «Ҳинду Чин наздик ба 2.5 млрд аҳолӣ 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як Пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст.Қотилаш мегӯяд; Аллоҳу акбар! Мақтулаш ҳам мегуяд; Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутавваҷеҳ нестем дин чист». Во дардову ҳасрато! Таҳлил реалӣ асту дар он ҳақиқат ҷойгузин. «Аммо, ба инобат бояд гирифт, ки таърих ниҳоят сангдил аст. Ба нолиш карданҳо, афсӯс хӯрданҳо, шеъру сурудҳои шикоятӣ ва аламовари тақдир бо тамасхур менигарад», иброз медорад С.Ятимов ва моро бори дигар ҳушдор низ медиҳад, то хулосаҳоямон аниқу кӯшишҳоямон боақлона, дар шаклгирии ақлу хиради омма саҳмгузор ва масъулиятшинос бошем.

Хатари ҷиддие, ки ба инсоният таҳдид намуда истодааст, аз ҷараёни ҷаҳонишавӣ оғоз ёфта ҳамчун нишонаи терроризми идорашаванда рӯи кор омадаистодааст, ки дар ибтидо чун захм- маризии ифлосу бадбӯй метавонад бани инсониятро заҳролуд сохта монеи зиндагии осоиштаву ороми ҷаҳониён гардад. Дар ин ҷода инсонҳои комил ҳанӯз ҳама чизро аз даст надодаанд. Ҳануз фурсат барои табобат ва пешгирӣ ҳаст!

Дар тӯли таърих раванди бунёдгарои зиёдтар барои манфиатҳои сиёсӣ истифода шуда таҳмилу ҳаракати он ҳамеша нигоҳи ифротӣ ба тағйиру комёбӣ, пешрафту тараққиёт, нораво ва куфр эълон намудани ҳамаи ақида ва назарҳои мухталиф равона шудааст. Дар ин раванд ҳама равияву мазҳабҳои ислом худро ҳақ ва содиқтар дар роҳи дин ва пайравии паёмбари ислом меҳисобанд. Барои ноил шудан ба мақсад ва ҳадафҳои шахсӣ ва гуруҳӣ ин тоифа аз чизе худдорӣ накарда аз калонтарин маблағ ва тамоми воситаҳо истифода менамоянд.

Исбот шудааст, ки психологияи миллӣ, аз муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ таъсиррасонандагони дохила ва беруна ташаккул ёфта, вобаста ба тарақиёти ҷомеа рушду нуму менамояд. Аз ин рӯ; «Ба ҳамин хотир, қудрати инсон дар доираи манфиатҳои миллӣ, дар ҷараёни ниҳоят мушкили давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ, мерасад ба он, ки дар доираи имконоти нав, зарурати ҳаётан муҳим, зина ба зина ба психологияи миллӣ, дастовард, мушкил ва таҳдидҳои рӯзмарра ва стратегӣ мутобиқ карда шавад».

Таърих дар тӯли солҳои зиёд исбот намудааст, ки заррае ғофил мондан аз кирдору хиёнаткории афроде, ҷавоб нагардондан ва ё пешгирӣ накардани ҳодиса ва ё раванди манфие метавонад ҷомеаро ноорому ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашида, қаламрави кишварро ба тақсимшавӣ ва заминаҳои ташвиқу тарғиби бегонапарастиву зидди миллиро ба вуҷуд оварад.

Пӯшида нест, ки дар кишвари мо низ бадбахтона ҳастанд одамоне, ки гумкардаи роҳи худанд ва аз худшиносии миллӣ дар фосилаҳо қарор доранд.Чунин шахсон бо эҳсоси таҳмилгардида ба чуз «фикри» худ дигар чизеро шунидан ва эҳсос намудан надоранду нисбати Меҳан ва Миллати худ амали душманона ва хиёнаткоронаро раво мебинанд. Ин раванд дар натиҷаи таблиғоти хоҷагон ва «муттахасисони варзида» дар кирдорҳои ҷинояткорона дар шакли экстремистӣ ва терористӣ шакл мегирад. Аксарияти раҳгумзадагон ки омолашон зидди Ватану миллат, зидди падару модар, ба ивази пул ва қаноат накардан аст, ҳеҷ гоҳе ба ҷое намерасанд ва зиндагии атрофиёнашон низ баракат нахоҳад гирифт. Ҷое хонда будам, ки «Комилтарин мусулмон ҳамонест, ки ба нафсаш ғолиб меояд». Баъзе аз ҷӯяндагони «роҳи ҳақ» хушбахтиро дар куштори бародарони мусулмон дар хонасӯзиву ятиммондани ҳазорҳо тифлони бегуноҳ ва бо ин васила ҷайби худро аз ғаниматҳо ва бадбахтии дигарон пурра карданианд. Ин кирдору рафтор пеш аз ҳама хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллату сарзамини аҷдодист. Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки мегӯяд; «...хиёнат сангинтарин ҷиноят, амали комилан беоқибат, мунҷар ба лаънаткардаи миллат аст».

Фурсати мусоиди таърихӣ дар дасти мост. Мо вазифадорем пояҳои давлати навбунёди худро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум, дар асоси анъанаю сунатҳои дерини давлатдории милии хеш, дар масири таърих устуворона қадам занем.

Аҳли ҷомеаро зарур аст, дар кори созандагиву бунёдкорӣ ки ба манфиати рушди миллӣ таъсиргузор аст, аз дирӯз беҳтару хубтар заҳмат кашида рӯй ба мактабу маориф - калиди тамоми муваффақиятҳои инсоният биёварем. Фарзандонро таълиму тарбияи дуруст диҳем. Аз бегонапарастӣ худ ва ҷомеаро эмин нигоҳ дошта такя ба нодиртарин ихтирооти инсоният КИТОБ ру оварда инсон ва инсонсоз бошем.
САФАРАЛӢ СОБИРОВ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон
рейтинг: 
Оставить комментарий
Жду в аське

-----

http://www.praedium.ru/catalog/arenda-ofisov/ аренда помещений

Многие не знали этого

-----

омега плаза бизнес центр

Описание не составили, эх вы

-----

http://nagatinoiland.ru/

Вот вам интесное чтение

-----

меркурий сити http://bc-mercurycity.ru/

Ссылки ведут на хороший сайт

------

белая площадь бизнес центр http://belayaploshad.ru/

Нам и нечего обсуждать

------

бц bankside

Я была довольна вашим предложением

------

http://bc-shablovka31.ru/ бц шаболовка 31

Есть кто в это чате?

------
бизнес центр легенда цветного

Полистай книгу

------

бизнес центр домино

Об этом мало кто говорит

------

бц дукат плейс iii http://ducatplace3.ru/

Вы видели мои офисы

------

бц мосэнка парк тауэрс

Вот те сайты, что мне понравились

------
бц солюшнс http://solutions-bc.ru/

Дзынь! так?

-----

активация windows 10 http://aktivator-windows-10.net/ делается посредством этого сайта
Ответить
Нет, активация делается проще. Я скачал свой активаторы отсюда

http://aktivator7.ucoz.net/publ/soft/aktivator_windows_vista/wpa_kill/10-1-0-21
Ответить
Aim Headlamp Beams Use Chart
-----

good bins for dumps
Ответить
Для автолюбителя ссылочка
-----

http://baza-x.ru/services/obkleyka-tsvetnoy-vinilovoy-plenkoy/
Ответить
Словечки ваших прям...


как бороться с тлей осенью
Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин