Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ доранд вориди манзилҳои шаҳрвандон гарданд

Кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ доранд вориди манзилҳои шаҳрвандон гарданд
/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зарурат дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки бидуни қарори суд ва иҷозати сокинон ба манзилҳо, ҳавлиҳо ва иншооте, ки мутааллиқ ба шаҳрвандонанд, ворид шаванд. Дар ин росто 19 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур дар Парлумони кишвар гуфт, лоиҳаи қонун аз ҷониби мақомоти амнияти миллии кишвар таҳия гардида, самти асосии он ба таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи субот ва оромии кишвар нигаронида шудааст. Саймуъмин Ятимов афзуд, ки «зуҳуроти нангини ҷаҳони муосир, ифротгароӣ ва терроризм, ки солҳои охир дар кишварҳои Шарқи Наздик, Афғонистон, Покистон, Туркия ва баъзе кишварҳои аврупоӣ доман густурдааст, моро водор менамояд дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас андешида, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти амнияти миллии кишварро дар ҳолатҳои зарурӣ баланд бардорем».

Ҳамзамон тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррароти навро ҷиҳати истифодаи қуваваи ҷисмонӣ, силоҳ, техникаи махсуси низомӣ аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар ҳангоми зуҳур намудани таҳдиду хатарҳо ва амалҳои террористӣ пешбинӣ намудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар ва хисороте, ки ҳангоми амалиёт ба манзил ва дигар иншооти шаҳрвандон расонида мешаванд, аз ҷониби давлат ҷуброн мегарданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин