Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Дар маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ Маркази тиббии Оғохон мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Дар заминаи ҳамкориҳои самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шабакаҳои Бунёди Оғохон дар маркази ВМКБ-шаҳри Хоруғ марҳилаи аввали Маркази тибби Оғохон ба фаъолият оғоз намуд. Марказ бо таҷҳизот муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, минбаъд сокинони вилоят имкон доранд аз ташхису табобати сатҳи баланд бе хароҷоти зиёдатӣ ва берун баромадан аз ҳудуди кишвар аз ташхису табобати сатҳи баланд истифода намоянд.
Соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат чун соҳаи афзалиятнок ба шумор рафта, ба хотири рушди босуботи он дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Дар баробари ҷалби маблағҳои буҷетӣ ҳамчунин дар заминаи ҳамкориҳои самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ дар кишвар як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ чун нишони ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар заминаи сиёсати дарҳои бози кишвари соҳибистиқлоламон амалӣ гардида, бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ ташхису табобати сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад. Бояд гуфт, ки имрўз марҳилаи аввали Маркази тибби Оғохон-хизматрасонии амбулаторӣ ва ташхисӣ ба фаъолият оғоз намуда, марҳилаи дуюми он моҳи апрели соли 2019 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар марҳилаи аввали фаъолият хизматрасонии дандонпизишкӣ, ташхиси бемориҳои амрози занона, лабораторӣ ва физиотерапевтӣ ба роҳ монда шуда, марказ дар баробари сокинони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳамчунин ба сокинони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии исломии Афғонистон хизматрасонии тиббиро ба роҳ мемонад.
Дар маросими ботантанаи ба истифода додани муассисаи муосири тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, директори генералии Хадамоти ҷаҳонии Оғохон оид ба тандурустӣ Ҳайсбергер Варлавен, муовини раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ва меҳмонон ҳузур доштанд.
Ба хотири кушода шудани Маркази тиббӣ бо ташаббуси роҳбарияти муассисаи тандурустӣ рўзи дарҳои кушод эълон гардид, ки дар доираи он ҳамаи хоҳишмандон имконият пайдо намуданд, ки ба таври ройгон аз якчанд намуди ташхисҳо, аз ҷумла маммография, фишори хун ва диабети қанд гузаранд.
Сохтмони бинои Маркази тиббӣ моҳи майи соли 2017 оғоз шуд. Барои сохтмони он аз ҷониби Бунёди Оғохон 17,5 миллион доллари ИМА ҷудо гардид, ки аз он 3 миллион доллар барои хариди таҷҳизот равона карда шуд. Ба корҳои сохтмонӣ миқдори зиёда аз 300 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб гардиданд, ки бо шароит ва маоши хуби корӣ таъмин шуда, сохтмони биноро дар муҳлати муқарраргардида ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии меъморӣ анҷом доданд. Маркази тиббӣ дар майдони ду гектар замин бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст.
Ба гуфти менеҷери Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ Кимё Алибекова, ҳоло марказ танҳо қисман кушода шуда, ба шаҳрвандон хизматрасонии дандонпизишкӣ, ташхиси лабораторӣ, рентгенологӣ, ултрасадо, физиотерапия ва хизматрасонии машваратӣ дар бахшҳои бемориҳои кўдакона, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ ва занонаро пешниҳод менамояд. Ифтитоҳи расмии муассисаи тандурустӣ бошад, моҳи апрели соли 2019 бо фаъол гардидани шуъбаи хизматрасонии статсионарӣ бо фарогирии 48 кат сурат мегирад.
Маркази тиббии Оғохон бо таҷҳизоти тиббии муосиртарини истеҳсоли кишварҳои Аврупо таъмин гардида, ба сокинон ташхиси биохимиявӣ, гематологӣ, серологӣ, микробиологӣ ва ситологиро пешниҳод менамояд. Ҳайати кории Маркази тиббиро 56 нафар кормандон ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят дар асоси озмун интихоб гардидаанд. Ҳамаи кормандони асосии тиббии марказ дар муассисаҳои тандурустии Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар хориҷи кишвар аз бозомўзӣ гузаштаанд. Ба гуфти масъулини маркази тиббӣ, баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани муассисаи тандурустӣ миқдори кормандони он ба 135 нафар расонида мешавад.
Кормандони соҳаи тандурустии вилоят бунёду мавриди истифода қарор гирифтани чунин як муассисаи замонавиро аз таваҷҷўҳи беандозаи Ҳукумати кишвар ва бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳа арзёбӣ намуданд.
Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ, тибқи нақшаи созандагони он, на танҳо ба аҳолии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, балки ба сокинони навоҳии ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хизмат хоҳад расонд.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин