Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

«Ваҳдати миллӣ- асоси пойдорӣ ва рушди ҷомеа»-конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ

Шаби 2 май қалби донишманди маъруфи тоҷик, забоншинос, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Додихудо Саймиддинов аз тапидан бозмонд.
Ба иттилои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум Додихудо Саймиддинов бар асари бемории тӯлонӣ (омоси мағзӣ) ранҷ мебурд.
Маросими видоъ бо Додихудо Саймиддинов имрӯз пеш аз зӯҳр дар манзилаш, дар шаҳраки Академикҳои шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Намози ҷанозаи ин донишманди тоҷик худи ҳамин рӯз дар масҷиди Сариосиё сурат хоҳад гирифт.
Додихудо Саймиддинов 24 июни соли 1949 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1973) буда, бо тавсияи ҳамин донишгоҳ барои таҳқиқ ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат мегирад.
Солҳои 1974-1976 коромӯзи бахши дар Ленинград (Санкт-Петербург) будаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои 1976-1979 аспиранти ҳамин пажӯҳишгоҳ мешавад. Пас аз хатми аспирантура фаъолияти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар вазифаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ идома додааст.
Д. Саймиддинов соли 1995 дар вазифаҳои масъули раҳбарикунанда фаъолияти меҳнатиашро оғоз мекунад. Солҳои 1995-2000 муовини директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ ва солҳои 2000-2005 директори Пажӯҳишгоҳи мазкур буд. Солҳои 2005-2009 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардид.
Соли 2009 Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд ва то ба нафақа баромадан дар ин вазифа кор кардааст.
Дар замони раҳбарии ӯ дар Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав ба тасвиб расида, баъдан Қоидаҳои имлои нави забон қабул гардид.
Мавсуф дар мавзӯи «Ташреҳи лингвистии сутуни форсии миёна» (соли 1982) рисолаи номзадӣ ва «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 1999) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Ў дар масоили гуногуни забонҳои форсии миёна ва нав, ҳамчунин забони тоҷикӣ пажӯҳиш анҷом додааст, ки натиҷаи онҳо дар чанд китоб фароҳам омадааст. Аз ҷумла, «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ» (соли 2008), «Пажӯҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013) ба табъ расидаанд, ки мақолаҳои илмиву таҳқиқотии дар солҳои гуногун навиштаи муаллифро дарбар мегиранд.
Мақолаҳои илмии мавсуф дар хориҷи ҷумҳурӣ- дар Россия, Афғонистон, Эрон, Франсия, Шветсия низ ба табъ расидаанд.
Додихудо Саймиддинов барои ду таҳқиқот таҳти номи «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» ба Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ- форсӣ сазовор гардидааст.
Пажӯҳиши дигари ӯ «Вожашиносии забони форсии миёна» дар радифи таҳқиқоти эроншиносии хориҷӣ дар Эрон китоби сол эълон гардида, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ӯ узви вобастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон низ буд.
Мавсуф таҳрири чанд китоби сиёсиро низ анҷом додааст.
Додихудо Саймиддинов яке аз муҳаррирони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» буда, дар нашри дуюми он дар як ҷилд дар соли 2006 саҳм гузоштааст.
Таҳти роҳбарии ӯ 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд.
/АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин