Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

ДАР МАКТАБИ УСТОД

ДАР МАКТАБИ УСТОД

То револутсияи Октябр дар байни аҳли савод ва зиёиёни тоҷик русидонҳо, ба қадре ки бо адабиёт ва матбуоти рус каму беш шиносоӣ дошта бошанд, ба андозаи ангуштшумор кам буданд. Русидонӣ пеш аз револутсия аз доираи ифодаи маром, фаҳмидани мазмуни умумии сухани русӣ, зиёдаш навиштани ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, унвони пакетҳо ва формаи аризаҳои русӣ дуртар намерафт. Албатта, чунин русидонҳо дар байни тоҷикони Самарқанд, Хуҷанду Бухоро ва шаҳрҳои дигари тоҷикнишин каму беш ёфт мешуданд, вале аксари онҳо касоне буданд, ки фақат ба қадри тилмоч ба забони русӣ шиносоӣ доштанд.
Дар байни тоҷикон аз касоне, ки пеш аз револутсия бо тарҷимаи хаттӣ аз русӣ машғул буданд, Мулло Ҳўқандбой Абдулхолиқзодаро зикр кардан лозим аст, ки вай баъд аз ташкил шудани Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба қатори тарҷумонҳои адабӣ даромада дар он солҳо бисёр китобҳои бадеӣ ва дарсиро ба тоҷикӣ тарҷима карда буд. Хўқандбой ба адабиёти классикии мо ба хубӣ ошноӣ дошта ва марди фозиле буд. ў ҳатто ба навиштани як асари романмонанде аз ҳаёти пешазреволутсионии Самарқанд ба номи "Намоз" низ шурўъ карда буд, ки як порчаи он дар "Намунаи адабиёти тоҷик"-и нашри соли 1940 низ чоп шудааст.
Хўқандбой пеш аз револутсия дар маҳкамаи ҳокими вилояти Самарқанд вазифаи тарҷумониро адо мекардааст.
Дар аввали асри мо як нафар аз мутахассисони рус дар бораи микробҳо ва ба чи офатҳо сабаб шудани оби ҳавзҳои пур аз кирми шаҳрҳои кўҳнаи Туркистон китобе навиштааст, ки он дар забонҳои ўзбекӣ ва тоҷикӣ бо тарҷимаи ҳамин Хўқандбой соли 1901 дар Петербург нашр шудааст. Ин китобча, ки чанде пеш онро дида ва мутолиа карда будам, бо салосати забон ва услуби барои хонандаи онвақта мақбул ва мафҳуми худ дар ман таъсири хеле калоне гузошта буд. Вақти навиштани ин сатрҳо он китобча дар даст набуд, то ки дар борааш муфассалтар маълумот диҳам. Вале бе шубҳа аз ҷиҳати таърихи тарҷимаҳо аз русӣ ба тоҷикӣ ва аз ҷиҳати услуб ва тарзи баёни худ ин китоб дорои аҳамият мебошад.
Мўлло Хўқандбой хеле бадхат буд ва бадхатии вай дар байни касоне, ки ўро мешинохтанд, доимо масал буд. Хатро хеле майда менавишт, ба андозае, ки агар ба китобати вай андак аз дуртар назар андозед, навиштаҳояш бе муболиға мисли тўдаи мўрчагон ба назар мерасид. Устод Айнӣ, ки хатро калон-калон менавишт ва китобаташ чандон хушхат набошад ҳам, лекин возеҳ ва хеле хоно буд, аз ҳама калон навиштанро талаб мекард. Устод дар он солҳо, ки дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар вазифаи муҳаррирӣ хизмат мекард ва вақте ки таҳрир кардани навиштаҳои Хўқандбой лозим меомад, аз бадии хат ва услуби як қадар қадимаи таҳрири вай хеле ба танг омада асабонӣ мешуд.
Дар бораи бадии хати мулло Хўқандбой аз қавли худи вай як ҳикояте нақл мекарданд. Хўқандбой худаш бадхатии худро "таъриф" карда мегуфтааст, ки вақти дар маҳкамаи ҳоким ба вазифаи тарҷумонӣ хизмат карданам, ба сабаби нохонамии хати худ ду карат маош мегирифтам: фармонҳо ва дастуруламалҳои маҳкамаро тарҷима карда бо хати худ нусха бардошта ба волостнойҳои вилоят мефиристодам, ки ин вазифаи расмии ман буда дар бадалаш маош доштам. Вале чун мирзоҳои волостной хатамро хонда наметавонистанд, онҳоро бардошта бо дастовезе ба наздам меомаданд ва навиштаҳои худамро ба худам хононда, мазмунашро фаҳмида аз ман миннатдор шуда мерафтанд.
Дар солҳои аввали револутсия яке аз русидонҳое, ки бо забони русӣ бо хубӣ балад буда, тақриз ва таҳрири хеле равон ва адабии тоҷикӣ дошт, ходими хизматнишондодаи матбуот ва адабиёти советии тоҷик, яке аз тарҷумонҳои аввалини адабӣ марҳум Саидризо Ализода буд. Ализода яке аз устодон ва ҳаққан аз асосгузорони тарҷимаи бадеӣ аз русӣ ба тоҷикӣ мебошад ва дар соли 1912, вақти дар журнали "Оина" ба сифати муҳаррир кор карданаш, ба тарҷимаи бадеӣ шурўъ кардааст. Дар солҳои аввали ташкили Нашриёти давлатии Тоҷикистон бисёр асарҳои бадеӣ бо қалами Ализода ба тоҷикӣ тарҷима шудаанд, ки баъзе аз онҳо ҳоло ҳам нашр мешаванд. Тарҷимаи асарҳои мансури А.С.Пушкин, тарҷимаи романи Н.Островский "Пўлод чи гуна обут об ёфт", романи "Каждум аз меҳроб"-и Абдулло Қодирӣ аз ҳамин қабил аст. Тарҷимаҳои Ализода хеле пухта, услубаш хеле возеҳ ва равон мебошад ва омўхтани тарҷимаҳои вай хеле ибратбахш аст.
Пеш аз Револутсияи Октябр бинобар набудани касони русидони комил ва имконияти нашри китобҳо кори тарҷимаи асарҳои бадеӣ аз русӣ ба тоҷикӣ дар мо ҳодисаи хеле нодир ва тасодуфӣ буд.
Тарҷимаи асарҳои бадеӣ аз русӣ ба тоҷикӣ асосан баъд аз Револутсияи Октябр, пас аз ташкил шудани республикаи советии Тоҷикистон ривоҷ ёфт ва дар натиҷаи ин дар мо ба китобҳои луғат, ба истилоҳоти илмӣ ва адабӣ эҳтиёҷ пайдо гардид.
Аввалин луғати русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русӣ соли 1913 дар Бухоро чоп шудааст. Ин китобча, як вақтҳо дар китобхонаи ман буд, ҳоло афсўс, ки дар дастам нест ва дар бораи он муфассалтар гап зада номи муаллифашро ба хотир оварда закр карда наметавонам.
Муаллиф луғатчаро барои савдогарони маскавгард тартиб дода дар он ҷумлаҳои муқаррарӣ аз қабили: "Чанд меистад? Кай омадед? Нон диҳед"-ро дода, дар муқобилаш бо алифбои арабӣ ва русӣ тарҷимаи русии онҳоро овардааст.
Рўзе аз устод Айнӣ кӣ будани муаллифи ин луғатро пурсидам, ба хотир оварда натавонистанд, аммо Фитрат гуфт, ки ўро мешиносад ва ҳатто ҳаминро ҳам нақл кард, ки мо чанд нафар як вақтҳо забони русӣ омўхтанӣ шуда аз ҳамин одам хоҳиш кардем, ки ба мо дарс диҳад. Вай қабул кард. Сари вай кал буд. Рўзе дар аснои дарс як нафар аз моён "Ба русӣ калро чӣ мегўянд?" гуфта аз вай пурсид ва муаллими мо аз ин савол сахт ранҷида дигар ба дарс наомад.
***
Бо тараққии нашри китобҳо дар забони тоҷикӣ, бо он имкониятҳои бузурге, ки ба пешрафти бемисли адабиёти тоҷик пайдо гардид ва ба муносибати зиёд шудани мавқеи асарҳои тарҷимавӣ дар забони тоҷикӣ, ки аксари онҳо аз адабиёти классикӣ ва советии рус ва ё ба воситаи забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷима мешуданд, масъалаи расондани тарҷумонҳо ба миён омад ва тартиб дода шудани як луғати каму беш мукаммали русӣ-тоҷикӣ зарур шуда монд.
Дар аввали соли 1929 Комиссариати маориф ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон эҳтиёҷи бузургеро, ки ба луғати русӣ-тоҷикӣ буд, ба назар гирифт ва тартиб додани онро дар Самарқанд ба як гурўҳ коркунони адабӣ супурд. Совети Комиссарони РСС Тоҷикистон ин ташаббусро бо қарори махсуси худ тасдиқ намуд. Ба ин гурўҳ, ки аз 5 нафар иборат буд, устод Айнӣ роҳбарӣ мекард.
Нависандаи ин сатрҳо, ки ифтихори иштирок дар кори ин ҳайатро доштам ва дар муддати қариб як сол, ки дар тартиб ва таҳрири ин луғат бо ҳамроҳии рафиқон кор мекардам, дар назди устод Айнӣ мактаберо гузаштам, ки он бемуболиға яке аз самараноктарин марҳилаҳои омўзиш дар ҳаёти ман мебошад.
Дар аснои кор дар болои ин луғат ба вуқуфи Айнӣ ба сарвати хеле бузурги забони адабӣ ва халқии тоҷик, ба дониши вай, ба нозукиҳои забони мо, ба диққати вай дар ҷустуҷў ва истеъмоли калимаҳои ҷудогона, на фақат ба луғатдонӣ, балки ба луғатшиносии вай, ба хўрдагириҳои вай дар ҷумлабандиҳо, ба эҳтиёткории вай дар истеъмоли калимаҳои ҳанўз нави номаълум, ба ғамхорӣ ва дилсўзии вай ба забони адабии мо, ба масъулият ҳис кардани вай дар аснои навиштани он ё ин калима, ба сахтгирӣ ва интизомдўстии вай дар коре, ки ба ҷо меовард, имони қатъӣ ҳосил кардам.
Тариқи кор дар ин ҳайат чунин буд: ҳар як аз тартибдиҳандагон дар муқобили рўйхати калимаҳои рўсӣ, ки қаблан тайёр карда шуда буд, аз забони тоҷикӣ муодили онҳоро ёфта менавишт ва дар маҷлисҳое, ки ҳар кас ба навбат навиштаҳои худро мехонд, дар атрофи он калима баҳсу мунозира шуда он қабул ё рад мешуд.
Дар ин маҷлисҳо дар соли аввал профессор В.Л.Вяткин иштирок мекард, ки чи забони адабӣ ва чи забони халқии тоҷикро метавон гуфт, ки хеле хуб медонист.
Одатан пас аз хонда шудани ҳар як калима устод Айнӣ, ки дар маҷлисҳо раисӣ мекард, шарҳу баёни тартибдиҳандаро шунида, баъд барои фаҳмидани мазмуни калима ва тобишҳои гуногуни он ба Вяткин саволҳо медод ва агар бо ҷавобҳои вай пурра қаноат соҳил накунад, моро маҷбур менамуд, ки луғати Владимир Далро, ки дар аснои тартиб додани луғат манбаи асосии мо буд, кушода боз як бори дигар шарҳи он калимаро хонда ва тарҷима карда ба устод фаҳмонем. Баъд аз фаҳмида шудани маънои калима ва тобишҳои гуногуни он кор ба сари ёфта мондани муодили тоҷикии он мерасид ва устод дар ин маврид чун ғаввоси моҳире ба дарёи бепоёни забони мо фурў рафта дурдонае ёфта мебаровард. Ҳофизаи хеле зўре дошт, луғати бисёреро бо тамоми ҷузъиёташ аз ёд медонист, вале бе санҷиш, бе дидани луғат, бе он ки тарафҳои гуногуни он калимаро як бори дигар тафтиш ва мулоҳиза кунад, ба навишта шудани он рухсат намедод. Баъзан ду-се рўз баъд боз ба сари калимае бармегашт, ки дар бораи он дар мавридаш баҳсу мунозира шуда буд. Маълум мешуд, ки дар ин ду-се рўз он калима аз ёдаш нарафта ва ба чи сабабе бошад, ба он дилпурии комил ҳосил накарда ва ақли кунҷковаш ҳама вақт дар гирди он давр зада дар ҷустуҷўи калимаи муносибтаре будааст. Маънии як калимаро ҳар қадар хуб медониста бошад ҳам, дар вақти истеъмол ё пурсидани касе боз ба луғатҳо нигариста хотираи худро тафтиш мекард ва ба ҳама низ ҳаминро тавсия менамуд.
Боре устод дар бораи калимаи "тарҷумон" гап зада дар асл тоҷикӣ - тарзубон, бо маънии донандаи ду забон ва баёнкунандаи матлабе аз як забон ба забони дигар будан ва ба арабӣ гузашта ба шакли тарҷумон даромадани онро ба муносибате гуфта буд. Баъд аз чандин моҳ ман барои санҷидани ин, ки устод ин калимаро чи навъ шарҳ медиҳад, маъно ва баромади онро пурсидам. Он чиро, ки чанд моҳ пеш гуфта буд, айнан нақл кард, вале баъд аз тамом шудани гуфтугў, боз луғати Ғиёсро, ки ҳама вақт дар болои столаш буд, гирифта ҳамон калимаро ёфта хонд ва ба дурустии ҳофизаи худ боварӣ ҳосил карда, аз болои айнак ба тарафи ман нигоҳе кард, магар пай бурда буд, ки ман ин саволро қасдан додаам.
Сухан офариданро ў ҷуръати хеле калон ва ҳатто густохӣ мешумурд. Кўшиш мекард, ки ба ҷои ихтирои калима аз забони зинда ё китобӣ муодили муносиби он мафҳум ёфта монда шавад. Дар мавридҳое, ки маъно ва ифодаҳои нав калимаҳои навро талаб мекарданд, пас аз ҷустуҷў ва мулоҳизаи зиёде ба калимае қарор медод, ки дар баробари пурра ифода кардани он маъно ба мантиқ ва оҳанги забон низ бегона ва гўшхарош набошад ва дар ин мавридҳо одатан "Мебинем, забони зинда инро қабул мекунад ё не?" гуфта мемонд.
Ёд дорам, дар солҳои аввали кори Нашриёти давлатии Тоҷикистон, вақте ки тарҷумонҳо мувофиқи маънои русӣ ва шаклҳое, ки дар ўзбекӣ ва озарбойҷонӣ истеъмол карда мешуд, калимаи "ҷаҳонбинӣ"-ро навиштанд, устод пас аз мулоҳизаи зиёда ба кор фармудани он розӣ шуд. Он луғати русӣ-тоҷикӣ, ки ин ҳайат тартиб дода буд, ҳарчанд ки ҳанўз дар гаҳвора ҷавонмарг гардида ва дар ҳаққаш маломатҳои зиёде карда шуд, албатта, камбудиҳо дошт ва камбудии асосии он нодуруст тартиб дода шудани феҳрасти калимаи русӣ ва набудани ибораҳо ва ғайра мебошад, ки таҷрибаи аввалини ба вуҷуд овардани луғати русӣ-тоҷикӣ якбора мукаммал ва аз айбу нуқсонҳо холӣ шуданаш мумкин ҳам набуд. Вале аз ҷиҳати ёфта мондани калимаҳои муодил, калимаҳои муродифи тоҷикӣ, аввалин бор ба кор даровардани баъзе истилоҳҳо, истеъмоли баъзе шаклҳои дар он вақт ҳанўз камистеъмолшавандаи грамматикӣ дар он луғат хеле кор карда шуда буд, ки ин фақат дар натиҷаи иштироки бевоситаи Айнӣ ва меҳнати хеле дилсўзонаи вай ба ин ҳайат муяссар гардида буд. Ба ин луғат аввалин бор бисёр истилоҳҳои косибӣ ва ҳунармандӣ, номи асбобу анҷомҳои корӣ, истилоҳҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ дароварда шуда буд, ки то он рўз дар ҳеҷ куҷо қайд ва нашр нашуда буданд ва барои ёфтан ва муайян кардани онҳо устод Айнӣ ва хусусан Саидризо Ализода шахсан, баъд аз кор ба пеши косибу ҳунармандҳо рафта бо онҳо сўҳбат карда, пас аз таҳқиқ он калимаҳоро ба луғат дароварда буданд (инро марҳум Деҳотӣ низ дар яке аз мақолаҳои худ қайд карда буд).
Ман дар ин мақола аз ин луғат мисолҳо оварда намешинам ва мақсад баёни ҳусн ва қубҳи ин луғат набуда, балки зикри хотираҳо дар бораи кордории устод дар аснои таҳрир кардани ин луғат ва иҳотаи бузурги вай ба хазинаи луғавии забони китобӣ ва зиндаи тоҷик мебошад.
Одатан устод дар вақти ин маҷлисҳо як варақ коғазро ба назди худ гузошта, онро аз миёна бо қалам ба ду тақсим карда, дар аввали як сутун калимаи "қабул" ва сутуни дигар калимаи "рад"-ро менавишт ва ҳар як калимаро, ки дар аснои таҳрир қабул ё рад шуда бошад, бо кашидани як хат ишора мекард. Ҳар рўз дар охири ҳар як маҷлис ҳуҷҷате навишта мешуд, ки дар маҷлиси фалон рўзина масалан, аз соати дуним то панҷу чил дақиқа шаст луғати фалонӣ дида шуда аз он чилудутояш қабул карда шуд. Тартибдиҳанда дар асоси ҳамин ҳуҷҷат ба он калимаҳое, ки бегуфтугў ё бо андак таҳрир ва тағйир қабул карда шудаанд, ҳақ мегирифт. Ба калимаҳои қабул нашуда ё ба калимаҳое, ки бисёр таҳрир хўрдаанд, ҳаққи қалам дода намешуд. Иштироккунандагони ин маҷлисҳо аз рўи соат маблағи маълуме мегирифтанд, аммо кори ҳаррўза норма дошт ва барои иҷро кардани он камаш се соат хеле ҷиддӣ кор кардан лозим меомад.
Устод дар вақти кор ба гуфтугўҳое, ки ба мавзўъ дахл надоштанд, ҳаргиз роҳ намедод. Бинобар ин, агар он кас барои ҳоҷате андаке ба берун баромада монанд, дарҳол гуфтугўҳои хориҷ аз мавзўъ сар мешуд ва дар ин мавридҳо Саидризо Ализода, ки марди хушчақчақе буд, бо оҳанги махсусе "Сулаймон ўлдию девлар қутулдӣ" гуфта мемонд. Бо омадани устод, ки одатан ба хона даромада гарми гуфтугў будани моро дида хандида истода: "Хуб гап зада гирифтетон-мӣ?" мегуфт, боз кор сар мешуд.
Мавридҳое мешуд, ки тафсирҳои навиштаи тартибдиҳанда беасос, бемаъно ё хандаовар мебаромад, дар ин сурат устод хеле сахт коҳиш карда "инро аз куҷо гирифтед, ба чи хаёл инро кор фармудед?" гўён сахт маломат мекард. Ин сахтгирӣ тартибдиҳандагонро маҷбур менамуд, ки ба кори худ бештар диққат карда калимаҳоро санҷида ва хуб фаҳмида нависанд.
Дар муддати тамоми кори қариб яксола устод ягон бор ҳам аз вақти маҷлис дер намонда ва пеш аз соати маълум корро ба охир нарасонда буд ва ин интизом дигар аъзоро низ маҷбур мекард, ки бетаъхир, дар вақташ расида биёянд.


Раҳим ҲОШИМ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин