Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

ТАРОНАИ ВАҲДАТ

Диёри мо диёри нуру гавҳар аст,
Зи қулла то ба қулла тахту минбар аст,
Зи чашма то ба чашма оби Кавсар аст,
Назарнамудаи Ҳақу паямбар аст;

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!

Шавад, зи чашмаҳо ба наҳрҳо расем,
Зи наҳрҳо ба рўду баҳрҳо расем,
Ба майли қалби пок ҳар куҷо расем,
Марому мақсад ин ки мо ба мо расем;

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!

Замонаро ба ранги дигар офарем,
Самои мулкро пурахтар офарем,
Сарои мулк аз дур, аз зар офарем,
Зи буда беҳ, зи буда беҳтар офарем;

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!

Зи хоки пок суди мо зи ваҳдат аст,
Биё, шукўҳу буди мо зи ваҳдат аст,
Нишоти мо, вуҷуди мо зи ваҳдат аст,
Таронаву суруди мо зи ваҳдат аст;

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!


ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Чу қуллаҳои баландат баланд парчами мо,
Расову нозанину дилписанд парчами мо.

Нишони бахту саодат, нишони истиқлол,
Нишони мардуми озодаманд парчами мо.

Барои сулҳу сафову барои ваҳдати халқ
Ба дасти мардуми кишвар паранд пачами мо.

Нишони матни «Авасто»-и рўйи чарми гов,
Нишони гумшуда абёти «Занд» парчами мо.

Ливои Коваи Оҳангари алайҳи ситам,
Шукўҳу шавкати бечуну чанд парчами мо.

Бар онам ин ки набинад дар ин ҷаҳони равон
Зи боди ҳодиса ҳаргиз газанд парчами мо!
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин