Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ваҳдати миллӣ-орзуву омоли халқ

Ваҳдати миллӣ-орзуву омоли халқ Дар арафаи таҷлили ботантанаи 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ сўҳбате доштем бо шоира, ходими сиёсию ҷамъиятӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Мастчоҳ Сурайё ЁҚУБОВА. Мавсуф андешаҳояшро чунин баён дошт:

-Таҷлили рўзи Ваҳдат ба таърихи 27-уми июн чун як саҳифаи сарнавишти миллату давлат, сабақи таърихиест, ки наслҳои имрўзу фардо дар кулвори зеҳниву тафаккури худ бояд ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд. Имрўз замзамаи Ваҳдат дар қалбу руҳу ҷонҳо бо оҳанги савганд ба Ватан садо медиҳад. Ин ҳадяи таърих ва такдир буд, ки миллатро аз хатари нестӣ эмин дошт ва имрўз роҳнамоест сўи созандагиҳою шукуфтанҳо. Ваҳдат кафили рушду нумўи кишвар, таҳкимбахши ѓояҳои давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни миллат аст.
Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро ҷонибдорӣ намудани тамоми халқҳои Тоҷикистон сабру таҳаммулу дурандешии сиёсӣ ва ҳамбастагии созмонҳои байналмилалӣ ба даст омад. Ба сулҳу субот расидан, ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди миллат шаҳодати ақли солим ва пирўзии фарҳанги сулҳ буд. Ин роҳ роҳи наҷоти давлату миллат ва роҳ сўи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун, амнияти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, Истиқлолият, манфиятҳои умумимиллӣ, рушду субот ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Маҳз сулҳу Ваҳдат имкон фароҳам овард, ки иқтисодиёти кишвар аз буҳрони шадид раҳоӣ ёбад, масъалаҳои хеле гиреҳхўрдаи иҷтимоӣ зина ба зина ҳалли худро пайдо намоянд ва Тоҷикистон дар қиболи дигар кишварҳои минтақа ва олам чун субъекти ҷаҳони муосир эътироф ва шинохта шавад.
Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ усулан ҳастии миллат ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро чун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарии байналмилалӣ донистанд.
Ин ҳама самараи Истиқлолият ва Ваҳдат аст, ки мо ҳар сол чун ҷашни муқаддас таҷлил мекунем. Имрўз Ваҳдати мо аз дирўза бештар ба тарѓиби ѓояҳои сулҳу амният, оромию осудагӣ, ватандўстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, хисси ифтихори миллӣ ва омўхтани таъриху фарҳанги миллат ниёз дорад. Ин рисолати ҳар фарди баору номуси Ватан ва вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост.

Ваҳдат ободист
Зиндагии шоди мо аз Ваҳдат аст,
Хонаи ободи мо аз Вахдат аст
Шукр гўям ҳар шабу рўзи Ватан,
Ваҳдати мо дар шуури миллат аст.
Мо ҳама якчо шудем, яктан шудем,
Ин барои миллати мо санъат аст.
Дур будан аз ҳама бадбиниҳо,
Дўст доштан миллати худ иффат аст.
Ҷонватанро бин гулистон гаштааст,
Ин ҳама маҳсули ранҷи меҳнат аст.
Тоҷикистонро ҷаҳон бишнохтааст,
Бо худодод сарвараш дар вусъат аст.
Роҳҳо обод, сими барқи ў оламшуъо
Дасти зўри комёбиҳо ҳама аз байъат аст.
Халқи ман созанда, бо меҳру вафост,
Аз ҳамин ободиаш ҳар рўзу ҳар як соат аст.
Эй худоё, Ваҳдаташ поянда дор
Ин дуои ман барои миллат аст.

ВАҲДАТ ЧИСТ?
Эй ҷавон! Медонӣ Ваҳдат чист?
Ваҳдат ободист
Ваҳдат ин шодист,
Мусафедони дуогў аз худо пурсанд
Хотири ҷамъу дили беѓам,
Ин ҳама моро насиб бошад,
Ваҳдати соҳибдилон бошад,
Ваҳдати ҳар хонадон бошад.
Ваҳдати ҳар як ҷавон бошад.
Ваҳдати мо ҷовидон бошад.
Ваҳдат аст, ки шоду озодем
Соҳиби ин мулки ободем
Ваҳдат аст, ки сўр дорем мо,
Давлати пурзўр дорем мо.

ВАҲДАТ КУНЕМ
Ҳама донем, ки якҷо бишавем мо зўрем,
Ки аз ин душмани мо дар ѓазабу бадкин аст.
Пас чаро ақли расо ҳокими дилҳо накунем,
Охир аз баҳсу талош ин дили мо ѓамгин аст.
То ба кай кўр кунад мансабу мол, ҷоҳу ҷалол,
Нафаронро, ки буду шуди ҷаҳон як қадам аст,
Ҳама то синаи Модар-Ватанам дарронанд,
Баҳри мансаб шуда бо душмани мо дасту ба даст?
То кай аз ҳам гусалем ин Ватани якторо,
Ба шимолию ҷанубию Зарафшону Хуҷанд.
Ба Қаротегину Яѓнобию Дарвозу Ҳисор,
Кӣ аз ин душмани мо шодӣ кунад боз дучанд?
То худогоҳу худоҳангу худодон нашавем,
Мо надонем Ватан чист, Ватанхоҳӣ чист?
Гар ба ҳам н-омада мо шукри худоро накунем,
Х,ама аз марз бурун монда надонем, ки кист?
Ҳамаро мезанад арвоҳи шаҳидони ба ҳак,
Гар ба ҳам н- омада аз баҳри қасосе гардем.
Боядо мо гунаҳи ҳамдигарро бахшем,
В-арна умре ҳама побаста ба ранҷу дардем.
Сўҳбаторо Тоҳирҷон Искандарзода, «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин