ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ
- 15.05.2018, 10:55,
- Тоҷикистон / Фарҳанг
- 0
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Табиат муъҷизаҳои зиёде дорад, вале, ба эътирофи умум, муҳимтарину беҳамтотаринаш об аст, зеро бе об на зиндагӣ вуҷуд дорад, на гулу гиёҳ. Ҳанўз дар асри IV пеш аз милод Арасту гуфта буд: "Об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории дунёст". Гузаштагони мо обро неъмати пок, равшанӣ ва бахту иқбол медонистанд.
Имрўз миллиардҳо сокини сайёра дар 80 мамлакат аз ҷиҳати дастрасӣ ба оби тоза душворӣ мекашад. Олимони тиб ҳушдор медиҳанд, ки манбаи пайдоиши аксари бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла домана ва тиф, маҳз норасоӣ ва ифлосии оби тозаи нўшокист.
Мусаллам аст, ки на ҳамаи захираҳо ва сарчашмаҳои об доимӣ ва адонашавандаанд. Дар ин маврид устод Лоиқ мефармояд:
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрўз,
Ки фардо хушк хоҳанд шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои башардўстона, хосса бо эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт, солҳои 2005 -2015", дар байни кишварҳои ҷаҳон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об шинохта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо дар саргаҳи оби тоза қарор дорад ва захираи фаровони оби тоза насибаш гаштааст. Кишвари мо аз нигоҳи дастрасӣ ба оби тозаи нўшиданӣ дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Вале ин барои мо набояд танҳо мўҷиби осуда будану ташвише надоштан бошад. Мо, аҳли диёр, бояд тарзи истифодаи оқилонаи ин сарвати арзишманди табиӣ, сарфа кардану покиза нигоҳ доштани онро хуб донем. Оби ҷўйбору кўл ва дарёҳоро ифлос насозем. Зеро тозагии об гарави саломатии мост.
Татбиқи босамари ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" аз ҳар яки мо саҳмгузорӣ намуданро барои ҳалли масоили об, баланд бардоштани маърифати мардум дар соҳаи беҳдошти муҳити зист, тоза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ, кам кардани партовҳои истеҳсолӣ ва газҳои гулхонаиро тақозо дорад. Истифодаи оқилонаву тоза нигоҳ доштани об, пеш аз ҳама, аз худи мо сар мешавад. Аз ин рў, бедор намудану ташаккул додани одобу маърифати экологии наврасону ҷавонон ҳар як шахси солимақлу бохирад ва ватандўстро водор месозад, ки дар сарфакорона истифода бурдани ин неъмати бебаҳо ва тоза нигоҳ доштани он намунаи ибрат бошад. Гузашта аз ин, ҳар як фарди боақлу хирад бояд бифаҳмад, ки табиат сарчашмаи ҳаёт, хонаи мо, манбаи меҳнату фароғат, зиндагию зебоӣ ва саломатии гаронбаҳои онҳо мебошад.
Бояд ба табиати зебою нотакрори кишварамон бо назари нек ва муҳаббати бепоён нигариста, сарватҳои гаронбаҳояшро ҳамаҷониба ҳифз намоем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рўзноманигор