Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

КДАМ 4 узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллиро ҷустуҷӯ дорад

КДАМ 4 узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллиро ҷустуҷӯ дорад
Кумитаи давлатиии амнияти миллии Тоҷикистон 4 нафар узви гурӯҳи муташаккили қочоқбари нашъаи фаромиллиро, ки ба қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул буданд, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард.

Дар гузориши телевизионии КДАМ ҶТ шоми рӯзи 18 ноябр тариқи шабакаҳои давлатӣ аз аҳолии кишвар дархост шуд, ки ба боздошти шаҳрвандони ҶТ - Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо, Фарҳод Поччоев ва Эмомалӣ Гулов мусоидат намоянд.

Баҳром Ҷалолови 38-сола, яке аз боздоштшудагон ба гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, дар гузориши телевизионӣ изҳор намуд, ки ӯ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт боздошт ва дар бағочи автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба ӯ беш аз 40 кило маводи сахттаъсири героин ва 17 дона ҳаб (таблетка)-и «экстази» дарёфт ва мусодира шудааст.

Ҷалолов ҳамчунин зикр кард, ки дар бозори «Далён»-и пойтахт дар борхалтаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки он замон фирор намуда буд, 990 дона ҳабҳои «экстази дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки маводи мухаддири мусодирашуда ба бародарон Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо - сокинони ноҳияи Ғончӣ тааллуқ доштааст, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз шаҳрвандони Афғонистон боз 100 кило героин ва 50 кило афюн барои интиқоли минбаъда ба Русия ва Қирғизистон харидаанд.
©news.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин