Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

"Кўзаи Ваҳдат аз хок не, аз зар аст"

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд. Чунончи, моҳи июни соли 1999 дар Шоҳроҳи ваҳдат Корвони сулҳу ваҳдат ташкил шуд. Ин корвон аз 240 нафар олимону адибони варзидаи тоҷик иборат буд.
Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кўзаи мунаққаше сохтанд. Кўза ба таври рамзӣ "Кўзаи ваҳдат" номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Сарвари давлат бо самимият кўзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бўсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки: "Ин кўза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!"
Ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин