Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва рутбаҳо самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «мо ба шарофати ваҳдату сарҷамъии халқи тоҷик ҳар як хиштро барои бунёди ин давлат бо дастони худ гузоштаем. Ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва наслҳои ояндаи халқамон мебошад».

Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳама гуна амалҳои созандаро истиқбол намуда, барои дастовардҳо ва хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад. Сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадрдонӣ мебошад.

Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ омӯзгорону табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон ва хизматчиёни давлативу ҳарбӣ буданд, ки дар соҳаҳои гуногун бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Президенти мамлакат аз саҳми шахсии ҳар як нафари соҳиби мукофоти давлатӣ гардида дар пешрафти кишвар дар даврони 27 соли соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми кишвар 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзанда истиқбол мегиранд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолони кишвар Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи 2, Ордени «Дӯстӣ», Ордени «Шараф» дараҷаи 2, унвонҳоии фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Медали «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени «Спитамен» дараҷаи 2, Ордени «Шараф» дараҷаи 2, Медали «Ҷасорат», Медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», ба хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мудофиа, амният, суд ва агентиҳо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, ба олимони ҷавон Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 тақдим карда шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ — Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи 2 сарфароз гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар фаъолони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардиданд. 1 нафар бо Ордени «Дӯстӣ», 10 нафар бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2, 1 нафар бо Унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», 1 нафар бо Унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон», 2 кас бо Унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон», 18 нафар бо Унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», 64 нафар бо Медали «Хизмати шоиста», 4 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.

Барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ — 4 нафар соҳиби Ордени «Спитамен» дараҷаи 2, 5 нафар бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2, 12 нафар бо Медали «Ҷасорат»,10 кас бо Медали «Хизмати шоиста» ва 1 нафар бо Медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», 19 нафар бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал — полковники хизмати дохилӣ, генерал — майори гвардия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, генерал — лейтенанти адлия, генерал — лейтенанти милитсия, 2 нафар генерал — лейтенант, 4 нафар бо рутбаи генерал — майори милитсия, генерал — майори хизмати назорати маводи нашъаовар, генерал — майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал — майори адлия ва 3 нафар бо рутбаи навбатии генерал — майор шуданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, 3 нафар Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва 12 соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 гардиданд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори ҷашни бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.

Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи онҳо дар оянда низ тамоми донишу таҷрибаи худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона месозанд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин