Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ…

Ифротгароёни динӣ дар хонаи мову шумо боз аз хеш дарак доданд. Таври маълум, бо дастони оғушта ба хун, бо ваҳшат, бо даҳшат. Бо даҳшате, ки намедонӣ душманат кист, ҳадафи навбатиаш чист ва вақташ кадом.
Онҳо моро накуштанд, меҳмононамонро куштанд, ки барои ҳар соҳибхонаи тоҷик қадраш аз қадри худаш ҳам болотар аст. Касонеро куштанд, ки бо нияти хайр ба сарзамини мо қадам ранҷа карда буданд, ҳеҷ гуноҳе надоштанд. Ҳадафашон саёҳат, дидани диёри биҳиштии мо, мардуми мову фарҳанги мо. Метавонистанд таблиғгарони ихтиёрии дидагиҳояшон бишаванд, садҳо сайёҳу ҷаҳонгарди дигарро ба сайри Тоҷикистон ташвиқ кунанд. Аммо ҳайҳот! Акнун аз ин ҷо ҷасадҳояшонро мебаранд. Ҷасадҳое, ки то хеле вақт майли хориҷиёнро ба дидани сарзамини мо хоҳанд кушт ва онро дигарбора чун ҷои хатарноку ноамн маъруф хоҳанд кард.
Бо онҳо чӣ шуд? Чаро ҳалокашон карданд? Аз сафарашон хушнуд буданд: диёри афсонавӣ, одамони хубу меҳмоннавоз. Ҳафт нафар сайёҳ, ду нафарашон амрикоӣ, боқимонда аз Аврупо. Бидуни ягон ташвиш дучархасавор шоҳроҳро дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара убур мекарданд. Ҳамин вақт як мошини сабукрав аз ақиб ба онҳо наздик шуд ва дидаву дониста рост ба сўяшон омад. Хаёл карданд, ки шояд ҳамин ҳоло наздашон меистад. Вале наистод. Бераҳмона, мисле, ки аз рўи алафзоре бошад, онҳоро зер карда гузашт. Танҳо баъди ҳамин мошин таваққуф намуд. Ҷавонҳое, ки аз дохили он пиёда шуда буданд, бо кори кардаашон қонеъ нагардида, сайёҳони захминро бо корд халок сохтанд. Се нафарро, нафари чорумашон баъд, вақте ки ба бемористон овардандаш, аз ҷароҳатҳои вазнин вафот кард. Ду нафари дигарашон бошанд, аз марг эмин монда, бо баданҳои абгор ба бемористон интиқол дода шуданд. Аз ин ҳафтнафарон фақат яке, сайёҳи фаронсавӣ осеб надид, зеро аз гурўҳ ақиб монда буд.
Дараки қотилон ба зудӣ ёфт шуд, якеашон дастгир гардид, ду нафари дигар дар рафти амалиёт кушта шуданд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегўянд, ҳамлаи мазкур кори дасти Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ташкилоте, ки барои ин гуна амалҳои хунин бо ҳукми додгоҳи кишвар террористию экстремистӣ дониста шудааст. Касоне, ки дар ин ҷиноят шариканд, узвияти ҲНИ-ро доштаанд, дар Эрон, ки пуштибониаш аз наҳзатиёни Тоҷикистон барои мақомот маълум аст, таълимоти сиёсию динӣ ва махсус гирифта будаанд, дастури амалиётро низ роҳбарашон аз Эрон, ки ҳоло муқими ҳамон ҷост, дода будааст.
Чӣ қадар ин ҳодиса ба ҳамлаи сагони девона шабоҳат дорад? Ташбеҳи сабуктаре барои ин кирдори даҳшатангез ба сар намеояд. Вале дар зарфи 20-30 соли охир мо кадом ташкилоти ба истилоҳ "исломӣ"-и террористию ифротгароеро медонем, ки ба ин гуна ҳамлаҳои девонавор даст намезада бошад? ҲНИ ҳам асли харобкоронаи хешро рўз то рўз бештар ошкор мекунаду собит месозад, ки аз ягонтои онҳо монданӣ надорад.
Ин кирдори навбатии исломиёни тундрав барои мо чӣ паёмеро метавонад арза кунад? Ва умуман, фарқе надорад, он ҳама бедодгариҳое, ки дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон бо дасти ифротгароёни ба истилоҳ "исломӣ" сар мезананд, барои ҷомеа, барои башарият чӣ паёмҳое метавонанд дошта бошанд? Соли 2001 гумоштагони "ал-Қоида"-созмони террористии исломӣ идораи ду тайёраи мусофирбарро зери даст гирифта, онҳоро ба сўи ду манорақасри бузурги ҷаҳон-марказҳои тиҷоратии Ню-Йорки ИМА равона сохтанд. Биноҳо фурў рафтанд. Дар рўзҳои мо бошад, ДИИШ гоҳе дар Ироқу Сурия ва Афғонистон, гоҳи дигар дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо ва дигар мамолики ҷаҳон даст ба ҷиноятҳои мудҳиш мезанад. Мошинҳои маводи тахрибидоштаро дар кўчаву бозор, дар истгоҳҳои метро метарконанд, дар кўча, дар истгоҳҳо мошинро қасдан ба миёни издиҳоми мардум ҳай мекунанд, ё ногаҳон дар ҷое ба роҳгузарон дарафтода, онҳоро мекушанду маҷрўҳ месозанд. Дар натиҷаи ин ҳама ҳамлаҳои ноҷавонмардона ва барқасдона садҳо нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд. "Муборизон"-и роҳи ислом аз ин дарёҳои хуни одамӣ заррае безобита намешаванд, балки қасдан ба ин амалҳо даст мезананд ва аз "қаҳрамониҳояшон" ифтихор мекунанд. Онҳо медонанд, ки дар муҳорибаи рўёрўй бо неруҳои мусаллаҳ дошт намедиҳанд, барои ҳамин ягона коре, ки зўрашон ба он мерасад, ҳамлаҳои ногаҳону пинҳонӣ ба одамони комилан тасодуфӣ ва бегуноҳ аст.
Пас, паёмашон чист? Яқин аст, барои касе, ки мехоҳад давлатро ба даст оварад, исломро пирўз гардонад, ин усули набард буда наметавонад. Оё онҳо мехоҳанд моро, ҷомеаро битарсонанд, муҳити нобоварӣ ва беэътимодиро ба давлат, ба рўзгори тинҷу осуда эҷод бикунанд? Ба мақсадашон намерасанд. Онҳо моро тарсондаву аз роҳи пешгирифтаамон бозгардонда наметавонанд. Танҳо коре, ки мекунанд, ҷомеаро дар набард бо хеш сарҷамъу муташаккил месозанд, давлатҳоро дар роҳи пешгирӣ аз амалҳои хунинашон омодаву ҳушёр мегардонанд.
ДИИШ мегўяд, талошаш ба хотири пирўзии исломи "ноб" ва аз ҳама гуна олудагиҳо пок кардани он аст. Онҳо дар Ироқу Сурия аз паи ташаккули хилофате ҳам буданд, ки мебоист асоси давлатдориаш бар пояи ҳамин қавонини исломи "ноб"-и эҷодкардаи онҳо устувор гардида бошад. Ин хилофат, хушбахтона, умри дароз надиду имрўз дар ҳоли фано қарор дорад.
Чаро "хушбахтона"? Чун ин "зиндон"-и миллионҳо, ки ДИИШ-иён дар тараддуди бунёдгузориаш буданд, сари вақт, ҳанўз, ки қуввати кофӣ нагирифта буду ҷиноёти бештареро муртакиб нагардида, несту нобуд карда шуд. Онҳо дар давлатдорӣ ҳанўз ба натиҷаи кироие муваффақ нагардида, ин хилофатро бо "корнома"-ҳои хунини хеш аллакай ба ҳадди кофӣ муаррифӣ карданд. Ин "корнома" аз ҳамлаҳои интиҳорӣ ба одамони бегуноҳ дар шаҳру деҳҳои орому осуда, аз кушторҳои оммавии масеҳиён, шиаён, язидиён, ҳатто суннимазҳабони бо онҳо норозӣ, аз таҷовуз ба номуси занону духтарон ва поймол кардани ҳаққу ҳуқуқҳои онҳо, аз бераҳмию сўиистифода нисбати тифлон ва дигар ҷиноятҳои гўшношунид дар манотиқи ишғолии Ироқу Сурия иборат аст.
Воқеан, касоне, ки дар ин созмонҳо муттаҳид шудаанд, кистанд, баромадашон аз куҷост? Дар бораи гузаштаву имрўзаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қадри кофӣ маълумот дорем. Дар нисбати ДИИШ бошад, низ солҳои охир дар матбуот мақолоти зиёд чоп шуд. Низоми ақидатии онҳо нав нест. Ҳанўз садсолаҳо пеш миёни пайравони мазҳаби суннии ислом ҷараёнҳое ташаккул ёфтанд, ки онҳо эҳёи исломи "ноб" ва аз рўи меъёрҳои он ба роҳ мондани зиндагии мусулмононро мақсади хеш қарор дода буданд. Ҷараёнҳои ваҳҳобия, салафия дар ҳамин замина шакл гирифтаанд, ки истифода аз зўр ва роҳу василаҳои тундгароёнаро усули ҳосил кардани мақсад қарор додаанд. Решаҳои ғоявии ДИИШ аз ҳамин идеология об мехўрад. Ба таври дигар гўем, дар назарияву ҷаҳонбинӣ миёни ваҳҳобияву салафия, "ал-Қоида"-ю ДИИШ тафовути казоие вуҷуд надорад. Ваҳҳобия ҳоло идеологияи расмии хонадони салтанатии Арабистони Саудист.
ДИИШ-иён ва ТЭТ ҲНИ хешро муборизони исломи "ноб" мегўянд, аммо корҳое, ки мекунанд, на танҳо бо ислом умумияте надоранд, балки бо он мухолифанд, исломро бадном мекунанду душманӣ ба исломанд.
Худованд дар Қуръони карим мегўяд, дар имон истифода аз зўр ҷоиз нест. Аммо ДИИШ дар ин ҷода ғайри зўрӣ усули дигаре надорад. Бе зарурат куштани одам дар ислом гуноҳи кабира аст, Офаридгор моро дар каломаш аз ин огоҳ кардааст. Вале, тавре дар боло гуфтем, кушторҳои оммавии одамон бо номи ислом ҳоло кори ҳамарўзаи ифротгароён аст. Офаридгор моро мегўяд, одамонро дар имонашон ба куфр маҳкум накунед, қазовати амали эшон дар дасти Худост, ки рўзи қиёмат барои он ҷавобгў хоҳанд буд. Ин амри Парвардигор бо забони Исои Масеҳ дар Библия ҳам таъкид шудааст: "Ҳукм накунед, то ҳукм карда нашавед". ДИИШ-иён бошанд, ба ин фармудаи Илоҳӣ итоат накардаву нисбат ба миллионҳо нафар масеҳиён, шииён ва пайравони дигар дину мазоҳиб ҳукм бароварда, одамонро гирифтори ҷазо ҳам мекунанд.
Дар ислом ҳамаи паёмбарони то зуҳури ҳазрати Муҳаммад (с), ба монанди ҳазрати Мўсо (а), ҳазрати Исо (а) муҳтараму мукарраманд, онҳо инкор нагардидаанд. Номашон дар Қуръон зикр шудааст. Пас, динҳое, ки онҳо бунёд ниҳодаанд, ҳамчунин, лоиқи эҳтироманд, чун рисолати эшон низ аз ҷониби Парвардигор аст. Ифротиён бошанд, фанатизм, нотавонбинию тангназарии асримиёнагиро зинда карда, пайравони ҳама дину мазҳабҳои ғайрро душманони Худову Расул эълон медоранд.
Худованд тафриқаву нифоқро дар ислом мамнўъ кардааст. Вале тафриқа дар дини мо умри тўлонӣ дорад ва аз давраи зуҳураш то имрўз сабабгори маргу дарбадарии миллионҳо нафар мардум шудааст.
Манзур аз ҷиҳод ҳам дар ислом комилан он тавре нест, ки ҲНИ-у ДИИШ ва дигар созмонҳои террористии ба истилоҳ "исломӣ" кўшиши эҳёашро доранд. Ҷиҳод дар Қуръон ба маънои муборизаи мусулмонон барои ҳифзи молу ҷонашон аз тааррузи ноҳақ зикр шудааст. Ҳифз, ҳимоя, аммо на кишваркушоӣ, на камону шамшер, на ҳамла ба бегуноҳон. Дар ин сурат вай бо мантиқи фармудаҳои дигари Илоҳӣ - дар имон набудани иҷбор, гуноҳи кабира будани қатли нозарури инсон ва ғайра мувофиқ меояд. Сониян, ҷиҳод маънии васеъ дорад ва созандагию ободонӣ, камолоти маънавии бани башар низ ҷиҳод аст.
Бад ин тариқа, созмонҳои террористии "исломӣ" дар рўёрўӣ бо ҷомеаи ҷаҳон на фақат "сари хеш чу гирдоб" хоҳанд хўрд, балки лаънаткардаи Худову охират низ хоҳанд шуд.

Муроди НУРИЁН,
рўзноманигор

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин