Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ФАРҲАНГӢ

Ҳанўз аз айёми ҳузури тоҷикон дар қаламрави Орёно буд, ки эҳсоси тақдир аз арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, бозҷўии асолати миллӣ ва дар ин замина эҷоди мафкураи азими худогоҳиву худшиносӣ ва таҳкими андешаи миллӣ ҳамчун муҳимтарин рукни оини давлатдорӣ дар ҷаҳоншиносии эшон ба рўшанӣ тазоҳур намуда, зербинои давлатдории миллиро дар қаламрави таърихи баъдина асос гузошт.
Ин арзиши таърихиро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду маврид хеле муҳим ва барҷаста ташреҳ додааст. Нахуст, дар китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих" таъкид медоранд, ки "Маводи таърихӣ ва дастовардҳои навини илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки доираи ташаккули халқи тоҷик сарзамини паҳноварест, ки дар маркази олами орёнажодону орётаборон воқеъ буда, дар аҳди бостон бо номи умумии Орёно ва сипас Бохтару Суғд машҳур гардидааст. Дар ин сарзамин мардумоне мезистанд, ки худро орёӣ меномиданд". Аз ҳамин матлаб равшан аст, ки дар густураи тамаддуни орёӣ ва тарвиҷи суннатҳои давлатдории он аҷдоди тоҷикон нақши созандаву авлавияти ақидавӣ доштанд, ки ҳамчун меросбари ин тамаддуни беназир ба вуҷуд омадани аввалин давлатҳои маъруф бо номи Суғду Бохтар асолати таърихии хешро асрҳост, ки дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон маҳфуз дошта, беҳтарин арзишҳои оини давлатдорӣ, тафаккур ва андешаи миллиро то замони мо имтидод бахшидаанд. Ин аст, ки дар мавриди дигар дар китоби "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни орёӣ" Сарвари давлат зарурати эълони соли бузургдошти тамаддуни орёро дар робита ба арзишҳои муҳими таърихӣ ва нақши ҳувиятофарини он чунин тафсир намудаанд: "Аз ин рў, ман соли 2006-умро Соли бузургдошти тамаддуни орёӣ эълон намудам ва хостам, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба таърихи пуршўру овозадори ниёгонамон аз сохти давлатдории аввалин шаҳриёрони пешдодию каёнӣ сар карда, ба марҳалаҳои муҳиму мухталифи оини хештандорӣ ва умури ватанпарварии миллатамон муроҷиат намоем ва аз ҳама муҳимаш ба ташаккули инкишофи маданияти моддиву маънавии тамаддуни орёии худ назар андозем ва бар ҳамин мабно ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии худро ба роҳ монем".
Тавзеҳи ин ду нуктаи муҳим, ки моро ба дуртарин нуқоти таърихи миллатамон мекашонад, дар канори бозгўии суннатҳои хештандориву хештаншиносии таърихии тоҷикон аз таҳкиму тарвиҷи андешаи миллӣ ба унвони рукни муҳими давлатдорӣ паём мерасонад. Ба таъбири Сарвари давлат "Таҷрибаи сиёсии давлатдорӣ моро ба хулосае овард, ки дар ин раванд пеш аз ҳама, андешаи миллии тоҷикон ҳамчун ҷавҳари муттаҳидсозу ваҳдатофарин хизмат карда метавонад. Чунки андешаи миллӣ маҳсули ақли солим, хиради азалӣ ва ҳикмати чандинҳазорсолаи миллатамон буда, тавассути он тоҷикон худро ҳамчун миллат ҳифз кардаанд, фарҳанги оламшумул офаридаанд ва дар асри ХХ боз ба соҳибистиқлолӣ расидаанд".
Агар дар даврони шукўҳманди Сомониён таҷаддуди воқеии ормонгароӣ ва асолатҷўии миллати тоҷик дар сурати эҳёи арзишҳои маънавиву фарҳангӣ, тарҷумаи осори барҷастаи диниву мазҳабӣ ва бо фарҳанги миллӣ омезиш додани унсурҳои фарҳанги исломӣ таҷассум пайдо кунад, ин раванди шоён дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони муосир баъд аз ҳазор соли танаффус дар давлатдории миллӣ дубора ба ҳукми рукни муҳими давлатдорӣ маърифат гардид.
Ба таъбири дигар, маҳз посдорон ва намояндагони аввалин давлати миллии тоҷикон-Сомониён буданд, ки дурдонаҳои беназири оини давлатдорӣ ва фарҳанги миллии тоҷиконро аз як марҳалаи мўҳташами таърихӣ ба ҳазорсолаҳои нав интиқол доданд, ки ин падидаҳо то рўзгори мо ҳам давом карда, барои зуҳури густардаи инқилоби нави фарҳангии тоҷикон дар масири Истиқлолияти давлатӣ омили муҳим гардиданд. Ин матлабро худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ҳанўз соли 2008 дар маросими таҷлили 1150 - солагии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таъкид намуда буданд, ки: "Қофиласолори назми тоҷику форс устод Рўдакӣ тараннумгари даврони тиллоии давлату давлатдории ниёгони мо - сулолаи Сомониён буд, ки нақши ҷовидонаи онҳо имрўз ҳам илҳомбахши кору пайкори давлатсозии миллии мо дар марҳилаи нави таърихӣ мебошад".
Ҳамин тавр, марҳилаи ҷадиди таърихӣ, ки ба поёни қарни ХХ ва оғози ҳазорсолаи навин барои Тоҷикистони мо айёми пурбореро бо номи Истиқлолияти давлатӣ эҳдо намуд, дар қатори дигар арзишҳои сиёсӣ барои ин миллат таваҷҷўҳи дубора ба эҳёи андешаи миллӣ, ҳувият ва фарҳанги тоҷикон ва мунтаҳо даврони тозаи растахези фарҳангиро ба сурати нав рўи кор овард. Маҳз, дар ҳамин замон буд, ки бо таҷлили 1100 - солагии давлати Сомониён муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ бо фарогирии омўзаҳои таърихӣ таҳқиқу баррасӣ гардида, дар корсозии давлатдории навини миллӣ татбиқи амалии худро пайдо намуданд. Ҳамин омил боис гардид, ки бо аз сар гирифтани таҷлили 2700 - солагии китоби муқаддаси Авасто ва эълони 3000 - солагии фарҳанги Зардуштӣ, инчунин эълони Соли бузургдошти тамаддуни орёӣ таърихи ташаккули давлатдории тоҷикон аз қаламрави Орёно то Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони муосир ба меҳвари тадқиқи амиқ кашида шуд, ки бешак дар саргаҳи он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд. Таълиф ва нашри ду муҷаллади китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Орён то Сомониён" ва китоби "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни орёӣ" саҳифаҳои тозаеро аз ин таърихи пурғановат ҷилварезӣ намуда, бешак як даврони бошукўҳи таърих, тамаддун, оини давлатдории шаҳриёрони қадими тоҷиконро бо беҳтарин ваҷҳ шарҳу тавзеҳ бахшид. Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон бо мутолеоти ин осори ғаноманди илмӣ равзанаҳои хосе дар омўзиши саҳифаҳои дурахшони миллати худ пайдо карда, иқдомоте худшиносонаву худогоҳона аз хеш зоҳир мекунанд. Чунин ибтикороти худогоҳонаи Сарвари давлат буд, ки дар ин даҳсолаи аввали қарни ХХI ба таври воқеиву рўшан як айёми бошукўҳи ривоҷи неҳзати фарҳангӣ, растахези навбатии Аҷам бо омезаҳои тафаккури миллӣ ва исломӣ дар қаламрави таърихи тоҷикон ҳузур пайдо намуд. Нашри тоҷикии китоби муқаддаси ниёгонамон Авасто, китоби муқаддаси "Қуръон", тарҷумаи "Тафсири Табарӣ" - нахустин ва бузургтарин тафсири китоби муқаддаси Қуръон, девонҳои бузургтарин шоирони мо, чун Рўдакӣ, "Девони Шамс"-и Мавлонои Румӣ, ки бо ибтикори Сарвари давлат барои ҳар ду ин бузургони адабиёти мо солҳои бузургдошт ҳам эълон гардид ва теъдоди фаровони осори классикон, мисоли "Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ", "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, "Сафарнома"-и Носири Хусрав, "Рубоиёт"-и Умари Хайём ва амсоли ин аз тавсеаи инқилоби маънавӣ ва худогоҳӣ дар давраи навини таърихӣ ҳамчун падидаҳои истиқлоли маънавӣ ва фарҳангӣ паём мерасонад.
Дар канори ин, эълони Соли бузурдошти Имом Абўҳанифа- пешвои мазҳабии миллати тоҷик ҷодаи навинеро дар канори ҳувияти миллӣ ба унвони ҳувияти мазҳабӣ ҳамвор намуд. Ҳамчун пешкору пешоҳанги таблиғи афкор ва андешаҳои инсонофарини Имом Абўҳанифа Сарвари давлат бо таълифи китоби "Имоми Аъзам: рўзгор, осор ва афкор" раванди тозаи таваҷҷўҳи илмӣ ба мероси ин намояндаи ормонии миллати тоҷик ва шахсияти беназири фарҳанги исломиро пайрезӣ намуданд, ки бешак ин ҷараёни босубот дар таҳкими худогоҳии маънавӣ ва таҳкими маърифати исломии ҷомеаи мо нақши муассир гузошта тавонист. Таъсири мунаввари бузургдошти пешвои мазҳабии миллати мо дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон пеш аз ҳама дар хотима бахшидан ба хуруҷи ақидаву мафкураҳои номатлубе, ки аз номи ислом дар ҷомеа андешаҳои хатарзо интишор медоданд, ҷилвагар шуда, бо моҳияти таҳаммулпазирӣ ва мадороии таълимоти худ ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон вусъати нав бахшид.
Ин нуктаро Сарвари давлат дар Паёми табрикии худ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хеле равшану возеҳ тавзеҳ бахшиданд: "Бо эълон кардани Соли бузургдошти Имоми Аъзам имсол дар роҳи таҳкими ваҳдати ҷомеаи мо боз як қадами бисёр ҷиддӣ гузошта шуд. Чунки мазҳаби таҳаммулпазири ин абармарди миллати мо пайравони худ ва инсониятро ба сулҳу дўстӣ, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳусни муомилаву муошират ва эҷоди низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву мазҳабӣ, аз ҷумла гуфтугўи тамаддунҳо ҳидоят менамояд. Бузургдошти шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам ба мубоҳисаҳои тўлонии назарӣ ва мафкуравие, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо идома доштанд, посухҳои равшану зарурӣ медиҳад ва дар айни замон ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад".
Ҳамин тавр, мурур ба равандҳои инқилоби фарҳангие, ки зодаи давлатдорӣ ва истиқлолияти навини тоҷикон дар остонаи ҳазорсолаи нав маҳсуб мегарданд, равшан месозад, ки ҳамоҳангии тафаккури миллӣ ва ҳувияти динӣ паёмадҳои инсонсолоронаву маънавиятгароёнае ба бор оварда истодааст. Аммо фаромўш набояд кард, ки дунёи муосир бо фарогирии донишҳои мудернӣ вақте аз тафаккури навини ҷаҳонишавӣ ва мутобиқат ба меъёрҳои тозаи зиндагонӣ ва фарҳанги фановарӣ ҳарф мезанад, имрўз зарурати ҳамоҳангсозии ин ду андешаи босуботи милливу динӣ ба тафаккури мудернӣ амри зарурӣ ва шоён маҳсуб мегардад. Махсусан, насли ҷавони Тоҷикистон, ки ба истилоҳи дигар симои инсони муосири тоҷикро дар арсаи олам муаррифӣ мекунад, бояд таҳкими фарҳанги миллӣ ва исломӣ дар андешаҳои худро дар ҳамонҳангӣ бо арзишҳои тамаддуни ҷаҳони муосир вусъат бахшад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар вохўрӣ бо омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ин заруратро ба гунаи зайл тавзеҳ додаанд: "Ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як инсон бояд соҳиби маърифат ва касбу ҳунар бошад. Ва ин амр танҳо бо роҳи фарогирии дониш ва омўзиши пайваста муяссар мегардад.
Тоҷикистон солҳои охир бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои муайян бо роҳи тараққиёти муназзам ва устувори иқтисодӣ пеш рафта истодааст. Истеҳсолот рў ба инкишоф оварда, ҷоришавии технологияи муосир дар он торафт суръат мегирад. Яъне, мо тадриҷан ба марҳалаи рушди технологияи навтарин ворид шуда истодаем. Аз ин рў, бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархурдор гардидани онҳо мо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият дода, дар доираи он маблағгузории давлатии соҳаро сол ба сол зиёд карда истодаем ва саъю кўшиш дорем, ки наврасону ҷавононро ҳарчи бештар ба донишандўзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техникаи муосир ва дар баробари аъло донистани забони модарӣ ба омўхтани забонҳои хориҷӣ раҳнамоӣ созем".
Бо такя ба ин афкори ҷаҳонсоз метавон ба натиҷае расид, ки акнун симои ҳақиқии насли муосири тоҷик маҳз дар ҳамбастагии ин се тафаккури муқтадир - фарҳанги миллӣ, тамаддуни исломӣ ва фарҳанги фановарӣ дар андешаи ҷаҳонсози ў рўнамо мегардад ва ҳамин насл аст, ки намунаи фарҳанги пурғановати муосири тоҷикӣ ва нерўи созандаву тамаддунофари Ватани худро ҳамчун давлати дар ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳои ҷомеаи кунунӣ фаъол муаррифӣ карда метавонад. Умедворам, ки истиқлолияти давлатие, ки ҳамчун неъмат ва ҳадяи Худовандӣ барои Тоҷикистон насиб гардидааст, барои суръат гирифтани ин раванди зиндагонии муосир ва авҷпаймоии шуҳрати тоҷикон дар ҷаҳони имрўз нақши офтобии хешро хоҳад гузошт.

Нуралӣ НУРЗОД,
докторанти ДДХ ба номи
академик Б.ҒАФУРОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин