Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Игор Додонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари Молдова манфиатдорем.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, равобити кишварҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд.

Аз вазъи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, мавқеъи ҳамсони давлатҳо дар ҳалли як қатор мушкилоти минтақавию байналхалқӣ изҳори қаноат карда, барои таҳкими ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдоваро оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур шумурданд.

Ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, бойторӣ, растанипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ, табодули таҷрибаи кишвари дӯст оид ба парвариши ангур, истифодаи технологияи муосир аз самтҳои муҳим маънидод карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамзамон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои барои мардумон судманд, омодагии худро иброз доштанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин