Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МАҚСАДИ МО ТАБИБОН АСТ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МАҚСАДИ МО ТАБИБОН АСТ

Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерўҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, одамӣ шири хом хўрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки дини исломро ба сиёсат омехта, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Дар тоҷикон як мақол аст: Шермардон музаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро ба наъл задан пешниҳод намуд. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ қурбоққа хост шермардонро ҷазо диҳад ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард. Ин қабил ҳаммаслакон Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони ў буданд.
Дар баробари ин ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллатӣ тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо ҶИА-II мубадал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷинояткорро сарбозон ва ҷасурронӣ миллат гирифтанд.
ДИИШ-иён ва ТЭТ ҲНИ хешро муборизони исломи "ноб" мегўянд, аммо корҳое, ки мекунанд, на танҳо бо ислом умумияте надоранд, балки бо он мухолифанд, исломро бадном мекунанду душманӣ ба исломанд.
Худованд дар Қуръони карим мегўяд, дар имон истифода аз зўр ҷоиз нест. Аммо ДИИШ дар ин ҷода ғайри зўрӣ усули дигаре надорад. Бе зарурат куштани одам дар ислом гуноҳи кабира аст, Офаридгор моро дар каломаш аз ин огоҳ кардааст. Вале, тавре дар боло гуфтем, кушторҳои оммавии одамон бо номи ислом ҳоло кори ҳамарўзаи ифротгароён аст. Офаридгор моро мегўяд, одамонро дар имонашон ба куфр маҳкум накунед, қазовати амали эшон дар дасти Худост, ки рўзи қиёмат барои он ҷавобгў хоҳанд буд. Ин амри Парвардигор бо забони Исои Масеҳ дар Библия ҳам таъкид шудааст: "Ҳукм накунед, то ҳукм карда нашавед". ДИИШ-иён бошанд, ба ин фармудаи Илоҳӣ итоат накардаву нисбат ба миллионҳо нафар масеҳиён, шииён ва пайравони дигар дину мазоҳиб ҳукм бароварда, одамонро гирифтори ҷазо ҳам мекунанд.
Дар ислом ҳамаи паёмбарони то зуҳури ҳазрати Муҳаммад (с), ба монанди ҳазрати Мўсо (а), ҳазрати Исо (а) муҳтараму мукарраманд, онҳо инкор нагардидаанд. Номашон дар Қуръон зикр шудааст. Пас, динҳое, ки онҳо бунёд ниҳодаанд, ҳамчунин, лоиқи эҳтироманд, чун рисолати эшон низ аз ҷониби Парвардигор аст. Ифротиён бошанд, фанатизм, нотавонбинию тангназарии асримиёнагиро зинда карда, пайравони ҳама дину мазҳабҳои ғайрро душманони Худову Расул эълон медоранд.
Худованд тафриқаву нифоқро дар ислом мамнўъ кардааст. Вале тафриқа дар дини мо умри тўлонӣ дорад ва аз давраи зуҳураш то имрўз сабабгори маргу дарбадарии миллионҳо нафар мардум шудааст.
Манзур аз ҷиҳод ҳам дар ислом комилан он тавре нест, ки ҲНИ-у ДИИШ ва дигар созмонҳои террористии ба истилоҳ "исломӣ" кўшиши эҳёашро доранд. Ҷиҳод дар Қуръон ба маънои муборизаи мусулмонон барои ҳифзи молу ҷонашон аз тааррузи ноҳақ зикр шудааст. Ҳифз, ҳимоя, аммо на кишваркушоӣ, на камону шамшер, на ҳамла ба бегуноҳон. Дар ин сурат вай бо мантиқи фармудаҳои дигари Илоҳӣ - дар имон набудани иҷбор, гуноҳи кабира будани қатли нозарури инсон ва ғайра мувофиқ меояд. Сониян, ҷиҳод маънии васеъ дорад ва созандагию ободонӣ, камолоти маънавии бани башар низ ҷиҳод аст.
Бад ин тариқа, созмонҳои террористии "исломӣ" дар рўёрўӣ бо ҷомеаи ҷаҳон на фақат "сари хеш чу гирдоб" хоҳанд хўрд, балки лаънаткардаи Худову охират низ хоҳанд шуд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.
Сартабиби таваллудхонаи шаҳрии Кулоб, Гадоева Ҳалима Сайвалиевна

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин