Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

Дар Суди Олӣ бахшида ба 24-солагии рӯзи қабули Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Дар Суди Олӣ бахшида ба 24-солагии рӯзи қабули Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро гузошта, таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намудааст. Ин нуктаро имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 24-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд.
Инчунин Ш. Шоҳиён иброз дошт, ки вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад.
«Бо дарназардошти аҳамияти фаъолияти ҳокимияти судӣ дар таъмини кафолатҳои конститутсионии арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад», — иброз дошт Ш. Шоҳиён.
Инчунин дар ҷамъомад масъалаҳо вобаста ба «Конститутсия: заминаи асосӣ дар низоми нави ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» ва «Конститутсия – бахтномаи миллат» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
ДУШАНБЕ, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин