Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

НЕРЎГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН- ИНШООТИ АСР

«Тавре ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Мо имкон дорем, ки дар давоми сол 527 миллиард кВт-соат қувваи барқ истеҳсол кунем. Вале, мутаассифона, айни ҳол ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаваду халос».
Эмомалӣ Раҳмон


НЕРЎГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН- ИНШООТИ АСР

Гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ


Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳануз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян карда буд. Дар ин роҳи душвору заҳматписанд вале пуршараф мо марҳила ба марҳила ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардидем, ки инро тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф менамоянд.
Тибқи баҳогузории созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.
Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Табиати пур аз барқ
Нерўгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш, ҷой гирифта, дар силсила нерўгоҳҳои ин рудхона чорум буда, аз шаш агрегат иборат буда ҳар кадоми он бо иқтидори 600мВт, ки ҳар сол 13,3 миллиард киловатт/соат қувваи барқ истеҳсол мекунад, ки ба ҳисоби нархи қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 миллиард фоидаи соф меорад.
Шароити кўҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ, дар инҷо сохтани нерўгоҳҳои барқӣ-обӣ нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон камхароҷот аст.
Захираҳои обии Тоҷикистон пиряхҳо буда, онҳо дар қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ хобидаанд. Шумораи пиряхҳо дар ҷумҳурӣ 9475 ҳазорро ташкил дода, масоҳати умумии майдони яхбастаи онҳо 11000 километри мурабба мебошад. Ҳаҷми умумии онҳо 460 километри мукаабро ташкил мекунад.
Шумораи умумии дарёҳо ва сойҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 25000 ададро ташкил мекунанд, ки дарозии умумияшон қариб 90000 километр мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон давлатҳое ҳастанд, ки аз захираҳои табиӣ бой буда, онро дар истеҳсолот фаровон истифода мебаранд. Дар ҷаҳон аз рўи истеҳсоли қувваи барқ давлатҳои Фаронса, Австралия, Канада ва Россия дар зинаҳои баланд қарор доранд.
Дар як қатор кишварҳо аз ҷумла, Русия, Эрон, Олмон, Хитой, Фаронса ва дигар давлатҳо барои истеҳсоли қувваи барқ, аз нерўи ҳастаӣ истифода менамоянд. Коршиносон мегуянд, ки барқи ҳастаӣ ҳам нумўи зироати кишоварзӣ ва ҳам муҳити экологии зистро заҳролуд месозад. Давлатҳое, ки тавассути стансияи ҳастаӣ барқ истеҳсол мекунанд, мисли мо шароит ва имкониятҳои барқистеҳсолкуниро надоранд.
Бояд гуфт, ки дар баъзе давлатҳои ҷаҳон обро то 3 маротиба тоза карда, баъд аз он истифода мебаранд. Масалан, барои истеъмоли об дар давлатҳои араб аз чунин табирҳо истифода мешавад. Чунки дар он давлатҳо оби нушокӣ хеле кам аст. Бинобар ин як чанд фоизи маблағи буҷет барои соҳаи мазкур масраф мегардад. Зарур ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин технология эҳтиёҷ надорад. Яъне оби Тоҷикистон аз қаторкўҳҳо ҷорӣ шуда, ҳоҷат ба корбурди технологиро надорад. Барои ҳамин мо бояд ба қадри об ва тарзи истифодабарии он маълумоте дошта бошем.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои калонтарин ба шумули Панҷ-921км, Вахш-524км, Сир-185км, Кофарниҳон-387км, Зарафшон-306км, Аму-65км, Бартанг-Мурғоб-491км, Ғунд-296км мебошанд, ки солҳои тўлонӣ ҷорианд ва миллионҳо гектар заминҳои минтақаро шороб мегардонанд. Аҳолӣ ва корхонаву идораҳо низ аз ин неъмати бебаҳо истифода мебаранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамагӣ 5-6 фоизи оби кишварамонро истифода мебарему халос. Дар маҷмўъ 65 фоизи оби баҳри Аралро обҳои Тоҷикистон ташкил мекунанд ва боқимонда барои эҳтиёҷи давлатҳои ҳамсоя масраф мешавад.
Рушди соҳаи энергетика


НЕРЎГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН- ИНШООТИ АСР

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи энергетикаи кишвар, ки яъне аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба шумор меравад, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, барои тайёр намудани мутахассисони соҳа дар Донишгоҳҳои дохил ва хориҷӣ кишвар сафарбар шудааст.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нерўгоҳи барқи обӣ сохта шуда, фаъолият доранд, ки ин - нерўгоҳи барқи обии «Норак» бо иқтидори 3000 мВт, нерўгоҳи барқи обии «Қайроқум» бо иқтидори 126 мВт, нерўгоҳи барқии обии «Помир» бо иқтидори 28мВт, нерўгоҳи барқи обии «Варзоб» бо иқтидори 25мВт, нерўгоҳи барқии обии «Сангтўда-1» 670 мВт, «Сангтӯда-2» бо иқтидори 250мВт амал мекунанд. Инчунин бо супориши Президенти мамлакат дар деҳоту ноҳияҳои кўҳистони мамлакат ҳар сол нерўгоҳи хурд сохта ва ба истифода дода шавад.
Таърихи сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун
Солҳои 70-уми қарни ХХ роҳбарияти ИҶШС дар чаҳорчубаи инкишофи гӯшаю канорҳои иттиҳоди шӯравӣ мақоми ҶШС Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи нерӯи барқ муайян намуд, ки аслан ин беасос ҳам набуд, зеро 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳои баландтарини ҷаҳон ишғол карда, ба иртиботи ин тараққиёти соҳаи кишоварзӣ дар ин диёр маҳдуд ҳисоб меёфт.
Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии нерӯгоҳи обии Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи ИҶШС баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02, соли 1974). Экспертизаи Асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии нерӯгоҳи Роғун комилан собит кард (Се навъи дарғоти нерӯгоҳи обии Роғун баррасӣ гардид), арзу тӯли асосии нерӯгоҳ ва обанбор пазируфта шуд.
Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шуруъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт, моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид. Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи (Сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶШС аз 16.10.соли 1980 №380) ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шудааст.
Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд.
Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани ИҶШС гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи нерӯгоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид.
Дар ин солҳо як чанд олимон, мутахассисони соҳа ва коршиносонро барои муайян ва аз ҷиҳати заминҷунбӣ ва дигар корҳои геологӣ даъват карда аз ҷои иншооти мешудагӣ дида намуданд. Дар натиҷаи олимон ба хулоса омаданд, ки нерӯгоҳ аз ҷиҳати мавқеъ хеле хуб буда, хараҷоти маблағро низ кам талаб мекунад.


НЕРЎГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН- ИНШООТИ АСР

Дар маҷмӯъ зиёда аз 300 корхонаҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин лоиҳа иштирок карданд. Барои сохтмончиён, шаҳри Роғун сохтмони биноҳои баландошёна, мактаб ва дигар иншоотҳои маъмурӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Нерўгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмони он оғоз ёфта буд, яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб мерафт ва он дар зарфи 7-8 сол бояд сохта ва ба истифода дода мешуд.
Минтақаҳои сохтмони дар баландии 1000 то 1700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки он мутахассисоне, ки дар ин иншоот ҷалб карда мешуд дар чунин иқлим кор карда тавонанд.
Барои таъмини эътимоднокӣ ва устувории олӣ бо ҳисобгирии самаранокии иқтисодии ин иншооти нодир ҳамчун сохтмони мӯҳташами гидроэнергетикии дар минтақа ба сони иншооти мӯҳташами обёрию энергетикӣ фаъолият намуда, бо қарори лоиҳавӣ сарбанди иборат аз хоку санг ба садди нерӯгоҳи Норак шабоҳат дошта ва бо баландии 335 метр бунёд гардад. Барои қабул намудани қарори мазкур силсилаи бузурги тадқиқоти назариявӣ ва амалӣ муҳосибавӣ, озмоишгоҳӣ, корҳои муоинавӣ ва мушоҳидаҳо гузаронида шуданд. Сохтмони сарбанди 335 метра имкон фароҳам меорад:
а) захира намудани 13 млрд мукааб ҳаҷми умумӣ ва аз он ҷумла 8,6 млрд мукааб ҳаҷми муфиди об ва ба ҳамин васила якҷоя бо обанборҳои Норак маҷрои амударёро ба тӯли солиёни дароз ба танзим меорад;
б) ба таври илова 320 ҳазор гектар заминҳои навро обёрӣ карда, бо об таъмин гардидани 1млн гектар заминҳои Ӯзбакистон ва Туркманистонро беҳтар менамояд;
в) об дар обанбори Роғун соф гардида, бо ҳамин фаъолияти обанбори Норакро боз ба муддати 100 сол дароз мекунад;
г) истеҳсоли коркарди миёнаи солонаро ба дараҷаи 13,3 млрд киловатт/соат таъмин менамояд, ки он норасоии шадиди ба нерӯи барқ доштаи минтақаро бартараф месозад. Дар баробари ин ба ҳалли муаммои қудрати нерӯгоҳҳои фаъоли мамолики Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ боздошта шуд. Соли 1993 нерӯгоҳ бо дарёи пуриқтидор ба обхезӣ партофта, нақбҳо ва ҳуҷраи муҳаррикон қисман зери об монда буданд.
Дар ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва сар шудани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмони он қатъ гардид.
Дар соли 2004 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати РусАли Федратсияи Русия дар бораи ба анҷом расонидани нерӯгоҳи обии барқӣ шартнома ба имзо расид. Аммо баъди 2,5 сол хукумати Тоҷикистон шартномаи номбурдаро яктарафа лағв намуд, зеро дар ҳамин давра ширкати мазкур ягон боби шартномаи имзокардаро ба иҷро нарасонд.
Дар чунин вазъият роҳбарияти олии мамлакат тасмим гирифт, ки лоиҳаи нерӯгоҳи Роғунро аз нав эҳё намояд. Қарор қабул карда шуд, ки сохтмони нерӯгоҳро ба анҷом расонанд, хосатан, ки лоиҳа аҳамияти сиёсӣ касб карда буд: бар асари нобасомониҳо ва пастравии иқтисодиёт ба халқ ҳаёти хушу хуррам ваъда намудан, фақат андаке сабру тоқат кардан зарур буд.
Роғун ба истифода дода мешавад
Дар навбати аввал Пешвои миллат ба халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда гуфт, ки ин иншооти бузургро мо худамон месозем. Дар ин навбат саҳмия ташкил намуданд, ки саҳми ҳар як шарҳванд дар инҷо мебошад. Бунёди ин нерўгоҳро бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ то имрўз аз ҳисоби буҷети давлат, фурўши саҳмия ва қоғазҳои қимматнок сохта ба марҳила расида истодаем.
Тоҷикистон обанбор ва нерўгоҳҳоро ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсояҳои худ, яъне бо мақсади маҳдуд кардани реҷаи ҷоришавии об сохтанӣ нест, баръакс, дар ин раванд манфиати онҳоро низ ба эътибор мегирад.


НЕРЎГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН- ИНШООТИ АСР

Аз ин лиҳоз, бунёди нерўгоҳи Роғун набояд боиси ташвишу изтироби кишварҳои поёноб бошад.
Дар соли 2010 миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани экспертизаи байналмилалии лоиҳа имзо шуда буд. Дар соли 2010-2012 Бонки ҷаҳонӣ бо ташхиси иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи Роғун мутахассисони олиро сафарбар намуданд. Дар ин муддат тамоми паҳлуҳои нерӯгоҳро ташхис карда ба хулоса омаднд, ки нерӯгоҳ ягон мушкили аз ҷиҳати заминҷунбӣ, геологӣ надорад ва он сохта шуда, баҳои хуб доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки ҷаҳонӣ сарварони давлатҳои минтақаро дар ин бора иттилоъи расмӣ додаанд.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин объекти нур зиёда аз 40 корхонаву ширкатҳои дохиливу хориҷӣ кор карда, шумораи коргарон дар сохтмони ба 19 ҳазор нафар, мошину механизмҳо ба 3650 адад расонида шуда, азхудкунии маблағҳои ҷудошуда давра ба давра зиёд гашта сатҳу сифати корӣ аз санҷиши мутахассисонӣ соҳа мегузарад.
Тибқи нақшаҳои рушди энергетикии ҷанубӣ, дар асоси ҳисобу китоби техникӣ, танҳо дар сурати сари вақт сохта ва ба истифода додани обанбор ва агрегатҳои аввали нерўгоҳи Роғун, дарозумрии нерўгоҳи Норак то 100 сол тамдид мешавад. Мутаассифона, ҳоло тибқи маълумотҳои мутахассисон солона дар ҳаҷми то 55 миллион м3 регу қуму гил дар обанбори Норак таҳшин (ҷамъ) мегардад.
Роғун барои ҳамаи мо мактаби бузурги омўзиш, истифода ва баҳрабардорӣ ва дар айни замон равнақи иқтисодиёти Тоҷикистони имрўзу фардо мегардад.
Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон навбати якуми нерўгоҳи барқи обии Роғун, яъне агрегати аввал дар рӯзи президент (16 ноябри соли 2018) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Маълум аст, ки дар ҷараёни сохтмони нерўгоҳи Роғун як чанд деҳаҳои шаҳри Роғун ва ноҳияҳои гирду атрофи нерўгоҳ зери обанбор мемонад. Барои ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчонидани деҳаҳоро ба ноҳияи Данғара ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифта, онро амалӣ намуд. Бо таври умумӣ зиёда аз 46 ҳазор нафар одамон кўчонида шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар байни иншоотҳои мавҷудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки нерўгоҳи барқ истеҳсол мекунанд, нерўгоҳи Роғун аз ҷиҳати иқтисодиву экологӣ афзалияти калон дорад.
 Иншооти бузургтаринест, ки истифодаи маҳсулоти он чӣ дар шакли нерўи барқ, чӣ дар шакли танзим ва баланд кардани кафолатнокии обтаъминкунии заминҳои бекорхобидаи давлатҳои ОМ, қиёсан арзонтару судмандтару аз ҷиҳати экологӣ ба мақсад мувофиқ буда, ба нафъи манфиатҳои ҳамаи давлатҳои ОМ хизмат менамояд ва дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоёти аҳолии зиёда аз 56 млн. нафари минтақа мавқеъи хоса дорад;
 Иншоотест, ки ба кор андохтани он амалӣ шудани натиҷаи саъю кўшиш ва меҳнати зеҳнии даҳҳо ва садҳо олимону мутахасисонро ифода намуда, ба таври воқеъӣ бори дигар (баъди сохтмони нерўгоҳи Норак) шўҳрати ҷаҳонӣ доштани мутахассисони махсусан пажўҳишгоҳи «Гидропроект»-и Ҷумҳурии Узбекистонро хотирнишон карда, тахассуси эшонро боз ба сатҳи баландтарини дунявӣ мебардорад;
 Иншоотест, ки ҷараёни сохтмони он мутахассисони мухталифи даҳҳо давлатҳоро гирд оварда, сатҳи ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқоти истеҳсоливу саноатии онҳоро баланд бардошта, дар рушд ва вусъати муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ саҳми арзандае мегузорад, садҳо ҷавонон ихтисосу тахассусҳои мухталифро аз худ карда, соҳиби ҷои кор мешаванд;
 Роғун - бинобар ин, барои мӯътадил нигоҳ доштани на танҳо иқлими Тоҷкистон, балки Осиёи Миёна нақши муассир дорад. Чихеле, ки маълум аст яке аз мушкилиҳои асосии сатҳи ҷаҳонӣ ин тағирёбии иқлим мебошад.
Яке аз аъзои "Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ" гуфтааст, "ҳар зарра афзоиши дараҷаи ҳарорат, паёмади носазое дорад". Пажӯҳишгарон хостори тағйироти аслӣ ва бунёдӣ дар сиёсатҳои марбут ба энержӣ, саноат ва фановарӣ, истеҳсолот, боркашонӣ ва шаҳрнишинӣ шудаанд. Ин ҳушдори пажӯҳишгарон аз саросари ҷаҳон дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ борҳо аз обшавии пиряхҳо тайи солҳои ахир дар кишвар ҳушдор дода буд. То 50 соли пеш дар Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхи хурду бузург ба қайд гирифта шуда буд. Пиряхҳои хурду бузурги Тоҷикистон манбаи аслии об дар Осиёи Марказианд, аммо дар 30 соли ахир ба сабаби гармии кураи Замин беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд ва садҳо пиряхи дигар дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд.
Баъди сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии банақшагирифташуда дар Тоҷикистон истеҳсоли солонаи қувваи барқ ба 527 миллиард кВт\соат мерасад. Аз ин миқдор 27 миллиард кВт\соат қувваи барқ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2025 басанда аст. Боқимонда, яъне 500 миллиард кВт\соат қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоя интиқол додан мумкин аст. Агар мо ин миқдор қувваи барқро ба ҳисоби миёна бо нархи 25 дирамӣ ба бозор ҷаҳонӣ барорем, яъне дар як сол 125 миллиард сомониро ташкил мекунад, ки ба сари ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол 17857 сомонию 15 дирам рост меояд.
Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад.
Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад
Нерўгоҳҳои барқӣ обӣ - иқтисодиёти давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншоотҳои барқӣ ҳамчунин ният дорад, ки ҳаҷми содироти онро ба хориҷ афзун намояд.
Ин манбаи нурро мо аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то давраи Истиқлолият дар зарфи чандин солҳо ва мушкилиҳо ба анҷом расонида, яке аз объектҳои асосии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта. Саҳми пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ин иншооти бузур назир надорад.
Инак эътимоди комил пайдо шуд, ки мо тавонистем монеаи бузурги рушди мамлакат – норасоии барқро бартараф намоем ва андешаву назари муғризонаи душманони миллату ватанамонро, ки ҳалли ин мушкилотро ғайриимкон мешумориданд, ботил созем.
Инак мо дар арафаи як падидаи бузургу фараҳбахш – ба истифода додани агрегати нахустини НБО Роғун қарор дорем. Ин падидаи хуҷаставу хушҳолкунанда мояи ифтихору сарафрозии ҳар як фарди худогоҳу ватандусти ин сарзамин аст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҳама самту соҳаҳои ҳаёти миллату мамлакат заминаи боэътимод фароҳам меоварад. Ин руйдод дар саҳифаҳои китоби миллат бо ҳарфҳои заррин сабти ҷовидонӣ хоҳад шуд.

Абдураҳмон Хонов - Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Салим Гадоев - мутахассиси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин