Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Нашрияи амрикоӣ Ҳизби наҳзати исломиро ба даст доштан дар куштори сайёҳон айбдор кард

Нашрияи амрикоӣ Ҳизби наҳзати исломиро ба даст доштан дар куштори сайёҳон айбдор кард

Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои «Озодӣ” ва «Садои Амрико” – бори аввал ба таври ошкор ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард.

Дар гузориши «Настоящее Время” гуфта мешавад, ки «ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИ Қорӣ Носир муддати зиёде гурӯҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд.” Гузориш зоҳиран бо кумак ва ҳамкории мақомоти Тоҷикистон омода шудааст, чунки мусоҳибаи видеоии ихтисосии Ҳусейн Абдусамадов – роҳбари гурӯҳи ҳамлагарон ба хабарнигори хабаргузории Русия низ барои истифода дар ихтиёри ин нашрияи амрикоӣ дода шудааст.
Гузориши видеоии «Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои «Озодӣ” ва «Садои Амрико” – рӯзи 21 ноябр, дар рӯзе нашр шудааст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) – роҳбар ва ягона узви зиндамондаи гуруҳи қотилони сайёҳони хориҷиро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ду сокини Норак – Беҳрӯз Сафоев ва Кароматулло Ғаниев – барои кумак ба террористон 16-солӣ ва 12 тани дигар, аксар сокинони Норак ва асосан бо иттиҳоми хабар надодан ба мақомот, аз як то якуним сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Муаллиф Андрей Сиганов изҳор медорад, ки дар пушти ҳамлаи рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара, ки 4 сайёҳ аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсарияро кушта ба ҷо гузошт, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИ истодааст: «Ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Шоҳидон монеи куштани ҳамаи сайёҳон шуданд.”

Муаллиф мегӯяд, ин нахустин чунин ҳамла дар Тоҷикистон буд ва террористон ҳадафмандона хориҷиҳоро меҷустанд, то дар соле, ки дар ин кишвар Соли рушди туризм эълон шудааст, сару садои ҳадди аксар ба даст биояд ва обрӯи Тоҷикистон дар ҷаҳон паст шавад.

Муаллиф дар идомаи гузоришаш мегӯяд, Гулчеҳра Шодмонова, модари 8 фарзанд, дар он, ки писари хурдии ӯ Ҳусейн Абдусамадов ба ҷои таҳсил дар Донишгоҳи тиҷорат ба роҳи террор рафт, низ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва Қорӣ Носирро айбдор мекунад ва талаб дорад, то онҳоро қапида оварда, ба ҷавобгарӣ кашонанд, на писари ӯро.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Прокуратураи генералии ҶТ, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали куштори сайёҳон ҲНИ-ро айбдор карда, гуфтанд, ки видеои ба ДОИШ савганд ёд кардани ҳамлагарон танҳо ба хотири гӯл задани тафтишот аст.
ДУШАНБЕ, 26.11.2018./АМИТ “Ховар”/. “

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин