Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:09 – БОЛОТАР АЗ МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ЧИЗЕ НЕСТ 
  • 11:42 – ПАРВОЗИ ХАЁЛ 
  • 16:14 – 17 МАЙ - РЎЗИ АВВАЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 
  • 10:55 – ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ 

Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуд

Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намудИмрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуд.

Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ роҳҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва бонки мазкур баррасӣ гардиданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории судманди мутақобиларо дар бахши хоҷагии манзиливу коммуналӣ, аз ҷумла соҳаҳои гармидиҳӣ (таъмиру таъвизи хатҳои интиқоли гармӣ), нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо (тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ), обтаъминкунӣ ва рушди чароғонкунии кӯчаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд»,- афзуд манбаъ.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин