Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ТАНЗИМ - БЕҲДОШТИ САТҲИ ЗИНДАГИСТ


Бо таҳриру тағйирот ва иловаҳои нав қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни ҳамаи қишрҳои аҳолии кишвар ҳамовозӣ ва дастгирии ҳаматарафа ёфт. Хушбахтона ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бобати ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои миллӣ ва динӣ нақши бориз гузошт.
Суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули қонуни мазкур ва пешниҳоду тавсияҳои тақдирсози ўро перомуни такмили ин санади воқеан миллӣ мардуми кишвар ҳамчун инқилоби маънавию иҷтимоӣ пазируфтанд. Ҷаноби Олӣ аз тарзи татбиқи қонуни мазкур изҳори қаноатмандӣ карда гуфтанд, ки ин қонун тавонист дар амри муқовимат бо зуҳуроти фарҳанги бегона, ҳифзи анъанаву расму русум ва арзишҳои миллӣ мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки қонуни танзим аҳволи иҷтимоии сокинони кишварро хеле сабук кард, мардумро аз зери бори гарони сарфу хароҷотҳои миёншикан, маросимҳои бофтаю сохтаи динию мазҳабӣ, тўю сурҳои намоишкорона наҷот дод. Барои риояи қонуни ин миллӣ ва раҳоӣ аз исрофкорию хурофотпарастӣ бояд ҳамаи аъзоёни ҷомеа, хусусан сохторҳои ҳифзи қонуну тартибот саҳмгузор бошанд.
Воқеан ҳам қонуни танзим дар давоми даҳ сол тавонист гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва маросимҳои миллиро ҳамоҳанг созад ва арзишҳои фарҳангию миллиро муҳофизат намояд. Далелҳо аз натиҷагирии амали қонун дар зарфи даҳ сол нишон медиҳад, ки то қабули санади мазкур ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаю маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад. Дар давоми 10 соли татбиқи қонун сатҳи камбизоатӣ аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз поён оварда шуд.
Ин аз он далолат медиҳад, ки моҳияти қонунро мардум возеҳан дарк ва риоя кардаанд. Барои муроот накардани муқаррароти он ҳамзамон муҷозот таъйин шуда буд, ки он ҳанўз сабук будааст. Бинобар ин бо талаби аксарияти кулли мардум ҷазоҳои маъмурӣ ва молӣ ҷиҳати риоя нашудани талаботи қонун хусусан нисбати мансабдорон ва кормандони масъули давлатӣ боз ҳам пурзўр гардид.
Масалан бо Аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани Қонуни танзим аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон аз мансаб озод карда мешаванд.
Андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Зимнан бояд тазаккур дод, ки муҷозот барои риоя нашудани талаботи қонун ҳамаи табақаҳоро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъулият доранд.
Дар қонун ба иқдому амалҳои хайриявӣ эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Масалан бо даъвати Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи муқаррароти қонун шумораи зиёди шахсони саховатманд, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои динӣ ҳам бо фаъолияти эҳсонкорӣ ва саховатпешагӣ дар татбиқи санади мазкур саҳми босазои худро мегузоранд. Нақши онҳо оид ба ташкил ва гузаронидани хатнасурҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ, тўйҳои домодию арўсии хайриявӣ ва кўмак намудан ба оилаҳои камбизоат, маъюбон ва бепарасторон, ятимон ва иштирокчиёни ҶБВ бояд назаррас бошад.
Воқеан ҳам яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари мо ин ҳидоят ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.Чуноне, ки таъкид намудем, ҳадафи асосӣ аз қабули қонуни номбурда паст кардани сатҳи камбизоатии мардум, ба талаботи замон ва шароити зиндагӣ мутобиқ кардани ҷашну маросимҳои миллӣ, камхарҷу замонавӣ гузаронидани онҳо ва аз ҳама муҳим аз байн бурдани расму ойинҳои хурофотию бегона мебошад. Ҳаёт исбот намуд, ки қабули ин қонун саривақтӣ ва бамаврид аст.
Акнун вазифаи ҳар як шахси ватандўст аз он иборат аст, ки талаботи ҳар кадом моддаҳои ин қонуни миллиро дар амал татбиқ намуда, дар амри баланд бардоштани сатҳи маънавию ҳуқуқии мардум ва таъмини беҳдошти зиндагии аҳолӣ саҳмгузор бошем.
Парвина РАҶАБЗОДА,
судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин