Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:46 – НАҚДИ ТААССУБГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРС - ТОҶИК 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 13:31 – ДАСТОВАРДҲО МОРО БА КОР ДИЛГАРМ МЕКУНАД 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 

Ба озмуни 20- солагии Ваҳдати миллӣ

Роздони набзи замин

Қиссаи мазкур ба рӯзгору фаъолияти меҳнатии марди қавиирода, некдилу некхоҳ, деҳқони асил, родмарди фидокор раиси хоҷагии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён Раҳматулло АБДУЛЛОЕВ бахшида мешавад.

Оинаи хаёлот ва оғози бобарор

Падару бобоёнаш солҳои 30-юми асри гузашта аз води Вахш кӯч баста, ба ноҳияи ҳозираи Қубодиён омаданд. Падараш Абдулло Мирзоев ҳам фарзанди деҳқон буду дар Ғарм сардори бригадаи ғаллакорӣ ва боғдорӣ буд. Матонату кордониашро ба назар гирифта, ӯро дар синни ҳабдаҳсолагӣ раиси колхоз интихоб намуданд. Баъди ба ноҳияи ноободи Қубодиён (он солҳо ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав, ва Шаҳритус як ноҳия-Шаҳритус ном доштанд) омадан, корҳои ободонӣ ва азхудкунии заминҳои туғайзору қамишзор оғоз ёфт.
Раҳматуллои ҷавон аввал ронанда ва баъдтар бригадири сохтмону бинокории хоҷагии «50-солагии СССР» шуда, сарбаландона кор кард. Маҳз бо шарофати кордонию заковати худододи ӯ ва меҳнати фидокоронаи бригадааш оби ҷонбахши Наҳри калон аз дарёи Кофарниҳон барои обёрии заминҳои ҳосилхези хоҷагӣ ҷорӣ гардид. Заминҳои хоҷагӣ шодоб шуданд. Ҳама ба кордонию матонати Раҳматулло аҳсан мегуфтанд. Муддате дар комбинати «Тоҷикҷангал» кор карду аз кишвари Русия ба миқдори зиёд ба ноҳияи Қубодиён масолеҳи бинокорӣ овард. Дар ободонии деҳаҳои хоҷагии «50-солагии СССР» саҳми арзанда гузошт. Баъди хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ӯро раиси шуъбаи Қурғонтеппагии трести «Госснаб» таъин намуданд. Лекин ӯ шуҳратпарастиро намепазируфт. Аз рӯи васияти падар дилаш ба деҳқонӣ ва корҳои ободонӣ майл дошт.

Ҳар кӣ обод кард як саҳрои ноободро…

Миёнаи солҳои ҳаштодуми қарни гузашта дар таърихи давлатдории Шӯравӣ давраи демократикунонӣ оғоз гардид. Тариқи телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма огаҳӣ пайдо намуд, ки акнун шаҳрвандони мамлакат метавонанд, заминро ба иҷора гиранд, хоҷагиҳои ёрирасону деҳқонӣ ва кооперативҳо ташкил намоянд.
Аз ҳисоби заминҳои ғайрикораму ноободи мавзеи Чорикул (дар домани куҳи Хоҷа Ғозиён) 42 гектар заминро ба иҷора гирифт.
Вале обод кардани ин мавзеи регистон кори осон набуд. Зеро он ирода, ҷасорат ва хароҷоти зиёдеро тақозо менамуд. Дар ҳар як қадами заминкушоӣ, ёфтани техникаҳои гуногун барои кашонидани реги сурхи болои замин ва чуқурии кӯл, овардани хоки ҳосилхез бо ҳазору як мушкилот рӯ ба рӯ мешуд. Ба ёдаш насиҳатҳои падараш меомад, ки мегуфт: «писарам деҳқонӣ кун, боғ бунёд кун, ки аз инҳо дида кори савобтаре нест» ва мисраҳои шеърии
Мард набояд ҳаросон бишавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад.
Ҳамин тавр, ин марди матинирода ва ватандӯст чор соли умри пурқиммати худро дар ободонии регистон ва кандани кӯл сарф намуд. Дар майдонҳои гирду атрофи кӯл боғистонҳо бунёд намуд, ки онҳо мавзеи биҳиштиро мемонанд. ӯ аз шаҳрҳои Хӯҷанд, Ҳисор, Панҷакент, Самарқанду Бухоро ҳафт ҳазор бех ниҳолҳои себ, анор, писта, ангур зардолу, бодом, биҳӣ, санҷид ва хурмо оварда шинонд. Соли 1991 дар рӯзҳои Наврӯзи фархундапай бо кӯли сохтаи Раҳматулло Абдуллоев об сар дода шуд. Оби поки Наҳри калон аз рӯди Кофарниҳон ба кӯл ҷорӣ гардида, онро пур кард. ӯ ба биёбон ҷорӣ гаштани оби зулолро дида, кӯдаквор хурсандӣ мекард. Ба ин муносибат дар соҳили кӯл тӯй орост. Меҳмонон аз тамоми ноҳияҳои гирду атроф, шаҳрҳои Қурғонтеппа, Душанбе ва водии Рашт омада, ӯро ба ин корнамоиаш шодбош мегуфтанд.
Раҳматулло Абдуллоев бунёди кӯлро анҷоми кор наҳисобид. Барои комилан обод кардани замини кашфшуда, корҳои зиёде дар пеш буд. Вай бо ин мақсад дар як қисмати замини тахту ҳамвор тухми пиёзи хушсифату аълодараҷа кишт намуда, ҳосили баланди рекордӣ ба даст овард. Зеро бо аҳли оилааш аз киштзор набаромада, меҳнат карданд.
Маҳсулоти парваридаи хоҷагиашро, ки бо заҳмати бевоситаи аҳли оилааш ба даст омада буд (сесад тонна пиёз ва якчанд тонна анор) дар ҳашт вагон бор карда, ба унвонии яке аз ширкатҳои тиҷоратии кишвари Хабаровск фиристод. Худаш низ бо писари калониаш Изатулло ба онҷо парвоз намуд. Вале бо сабабҳои гуногун сафари онҳо тӯл кашид. Аз Хабаровск ҷанги шуми шаҳрвандӣ ва аз сарҳад гузашта, ба хоки Афғонистони ҳамсоя гуреза шуда рафтани ҳамватанонашро шунида, дилаш реш шуд …

Изҳори меҳр ва талошҳои пайгирона

Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол дар ҳолати нооромию бесарусомонӣ ва ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ қарор дошт. Хавфи аз байнравии якпорчагии кишвар таҳдид мекард. Ин ҳолати ногувор Раҳматулло Абдуллоевро чун дигар шаҳрвандони баномусу ватандӯсти кишвар лаҳзае ором ва бетараф намегузошт. Таваҷҷуҳаш чун дигарон ба рафти Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд мегузашт, равона шуда буд. Бо аҳли оилааш дар шаҳри Душанбе мезист. Тариқи телевизион фаҳмид, ки Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ба охир расиду ҷавонмарди ба ору номус ва фарзанди сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои мушкилу вазнин роҳбарии давлатро ба дӯши худ гирифт.
ӯ аз минбари Иҷлосия боҷасорат ва дилпурона гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва «Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис карда наметавонам». Ин суханони қотеъонаи Сарвари тозаинтихоби давлат ба рӯҳу вуҷуди Раҳматулло Абдуллоев тавон бахшид ва қалби ӯро мунаввар сохт. Баъди баргаштани як қисми гурезаҳо аз кишвари ҳамсоя-Афғонистон як гуруҳ ёру дӯстон ба назди Раҳматулло Абдуллоев омаданд. Баъди вохӯрию суҳбатҳо аз ӯ хоҳиш намуданд, ки роҳбарии хоҷагии «50-солагии СССР» (ҳоло «Авесто») -ро ба зимма гирад. ӯ мефаҳмид, ки ҳамаи моликияти хоҷагиро талаю тороҷ намудаанд. Роҳу пулҳо ва иншоотҳои хоҷагӣ вайрону валангоранд. Ба хотири ободию шукуфоии Ватан, барои ояндаи дурахшони миллат вазифаи раиси хоҷагиро қабул намуд. ӯ мефаҳмид, ки бо умеди фардо ва анҷоми корҳои нек бояд зист.
Суханони пурҳикмати Муҳаммад Ҳиҷозӣ ба хотираш омад. «Зиндагӣ кӯшиш аст. Лаҳзае аз он даст кашӣ, марг оғоз мегардад».
Аз рӯзҳои аввали-раисиаш бо деҳқонону фаъолони хоҷагӣ такя намуда, бо дили пуру нияти нек ба кор оғоз намуд. Дар рӯзи аввали кориаш, ба ноҳияҳои ҳамсоя рафта, аз дӯстони ҷониаш барои кишт ғаллаи тухмӣ овард. Рӯзи дуюм ба вазъу ҳолати техникаҳои хоҷагӣ шинос шуд. Азбаски дар хоҷагӣ ягон техника набуд, бо трактори шахсиаш аз саҳар то бегоҳ ҳамаи деҳаҳои хоҷагиро дар масофаи 28-30 км гашта, ба ҳолати корҳои саҳроӣ шинос мешуд. Дар ҳазор гектар замини хоҷагӣ пахта кишт карданду дар 120 гектар боғи анору себ ва зардолую хурмо бунёд намуданд.
Раҳматулло Абдуллоев, ки дар обу гили деҳқонӣ ҷушидааст, медонист, ки яке аз омилҳои асосии фаровонҳосилӣ тухмии босифат мебошад. Аз ин хотир бо ёрии писаронаш ва дастгирии дӯстонаш аз оҳанпораҳо ва дастгоҳҳои нав дар ҳудуди хоҷагӣ корхонаи пахтатозакунӣ сохта, дар он хоҷагии тухмипарвариро ташкил намуд.
Ҳамасола дар натиҷаи меҳнати суботкорона дар хоҷагӣ ҳосили баланди пахта (30-35 сентнер) ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Соли аввали раисиаш хоҷагӣ дар суратҳисобаш ягон тангае надошт ва анборҳо холӣ буданд.
Раис як субҳи барвақт ангуштаринҳо ва гушворҳои ҳамсару келинҳояшро ба руймолча баста, дар мошини шахсиаш, ки писаронаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ кор карда, ба ӯ туҳфа намуда будаанд, савор шуда ба маркази ноҳия рафт. Онҳоро дар яке аз бонкҳои ноҳия ба гарав монда, барои пеш бурдани корҳои кишоварзӣ ва харидани сӯзишворю қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои хоҷагӣ пул қарз гирифт.
Раҳматулло Абдуллоев ҳамчун роҳбари кордон, дурандеш ва поквиҷдону масъулиятшинос тавонист хоҷагиро ба хоҷагии серсоҳа ва бою даромаднок табдил диҳад ва шуҳрати аввалаи онро аз нав эҳё намояд.

Таъкидҳои Президент

Дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи деҳқонон ва роҳбарии оқилонаи Раҳматулло Абдуллоев хоҷагии истеҳсолии «Авесто» дар миқиёси ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ ба яке аз хоҷагиҳои пешқадаму номдор табдил ёфт. Роҳбарию фаъолияти самарабахши Раҳматулло Абдуллоев аз назари мардум ва роҳбарони ноҳияву вилоят дур намонд. ӯро бо номзадии маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ намуданд.
Дар яке аз вохӯриҳо интихобкунандае ба ӯ бо чунин суол муроҷиат намуд: -«Оё барои Шумо роҳбарӣ кардан ба чунин хоҷагии қафомонда ва қарздор мушкил нест»?
Ман фарзанди ҳамин диёрам ва барои ободии ин гӯшаи диёр тамоми ҳастиямро сарф менамоям. Ба ирода ва ваҳдату ягонагии мардум боварӣ дорам. Дар ин кори мушкилу пурмасъул иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳам,-сарбаландона гуфт раис.
Дар яке аз сафарҳои кориаш Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиён, аз ҷумла ба хоҷагии «Авесто» ташриф оварда, ба кору бори деҳқононии хоҷагии мазкур аз наздик шинос гардид. Сарвари давлатро дар мавзеи Чорикӯл (ҳозир бо номи кӯли Раҳматулло ёд мешавад), истиқбол намуданд.
Сарвари давлат , Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати фидокоронаи деҳқонон ва раиси хоҷагӣ Раҳматулло Абдуллоев баҳои баланду сазовор дод. Ҳамчун рамзи боварӣ ва қаноатмандӣ ба китфи Раҳматулло Абдуллоев даст монда, таъкид намуд:
-Ташаккур акаи Раҳматулло воқеан фарзанди баномуси Ватан буданатро исбот кардӣ. Хоҷагиро ба по хезондӣ ва ин гӯшаи диёратро хеле обод кардӣ. Хоҷагии шумо сермиллат аст. Мардумро ба ҳам оред. Ваҳдату ягонагӣ бояд шиори онҳо бошад.

Ваҳдат сарчашмаи хушбахтист

Дар хоҷагии «Авесто» миллатҳои гуногун –тоҷикон, узбекҳо, туркманҳо, тоторҳо ва миллатҳои дигар зиндагӣ ва кор мекунанд.
Раис дар арафаи иди Наврӯзи соли 1996 шахсони обрӯманду муътабари қавму миллатҳои сокини хоҷагиро дар меҳмонхонаи хоҷагӣ ҷамъ оварда зиёфат дод ва мақсади худро фаҳмонд:
Солҳои зиёдест, ки мо ҳамчун бародар ва дӯст дар ин гӯшаи диёр аҳлона зиндагӣ мекунем. Ба қавле бо ҳам «гушту нохун» шудем. Хуб мешавад ҳамаамон якҷоя дар як масҷид намоз гузорем.
-Мо ҳама розием, суханони шумо ҳақанд раис,-иброз доштанд ҳозирин.
Дар ҷашни Наврӯз бошад бо ташаббуси худи раис маъракаи оштӣ баргузор гардид. Дар 24 дег як тонна биринҷро палов пухта, маъракаи хеле калон оростанд. Мусобиқаи гӯштингирӣ ва бузкашӣ ташкил карда шуд.
Ҳамаи мардуми миллатҳои гуногун «Ба гузашта салавот» гуфта, якдигарро ба оғӯш гирифта, хурсандӣ мекарданд. Кинаву адоватро аз дилҳо бароварданд. Садои мусиқӣ ва нидоҳои хурсандонаи мардум бо дуриҳои дур танинандоз гардид. Раиси хоҷагӣ Раҳматулло Абдуллоев дар назди мардум баромади пурмуҳтавое намуд ва аз он хушнуд буд, ки таъкидҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намудааст.

Охирсухан

Ду руйдоди муҳиму фараҳбахш дар ҳаёти Раҳматулло Абдуллоев абадӣ нақш бастааст. Яке ташрифи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии «Авесто» ва мулоқоти ӯ ба сокинони хоҷагӣ. Дуввум меҳнати хоксоронаашро қадр намуда, сардори давлат бо дастони худаш мукофотӣ олӣ-медали «Барои меҳнати шоиста»-ро ба ӯ тақдим намуд.
Аъзам БОБОЕВ, хабарнигори «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин