Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Паём: рушди саноатии кишвар вазифаҳои навро пеш мегузорад.

Паём: рушди саноатии кишвар
вазифаҳои навро пеш мегузорад.

Ду моҳ мешавад, ки кишвари мо бо руҳбаландӣ аз Паёми навбатии солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат марҳалаи нави рушди хешро оғоз намудааст. Вазифаҳо пеши Давлату Ҳукуматамон, аҳли ҷомеаи мамлакат, ҳам ононе, ки барои ободии Ватан дар ҷабҳаҳои мухталиф заҳмат мекашанд ва ҳам ононе, ки сари мизу курсии шогирди илму ҳунар омўхта, хешро ба иҷрои ин рисолати бузург омода месозанд, фард-фарди кишвар муайяну мушаххас шудаанд. Ба туфайли ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатамон, тавассути барномаи дақиқи амал, ки манзури шаҳрвандони кишвар шудааст, мо ояндаи Тоҷикистони азизи хешро равшантару гўётар тасаввур мекунем ва инак, дилпуронаву ғайратмандона ба бунёди фардои беҳтару шукуфотари миллатамон, ки дар Паёми Сарвари давлат зикраш рафтааст, шуруъ кардаем.
Ояндаи мо, мутобиқи барномае, ки Президенти мамлакатамон дар Паёми хеш муаррифиаш намудаанд, чӣ гуна хоҳад буд? Иқтисоду иҷтимоамон чӣ мешаванд, ҷомеаамон ба чӣ сатҳ хоҳад расид? Муовини аввали Раиси Шурои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракат Мирзошоҳрух АСРОРӢ лутфан баъзе фикру назароти хешро перомуни ин мавзуъҳо манзури хонандагони рўзнома гардонанд.

-Устоди муҳтарам, ҷиҳатҳои хоси Паёми навбатии Сарвари давлатамон, ба андешаи Шумо, кадомҳоянд?
-Пешвои миллатамон дар паёмашон таъкид карданд, ки кишвари мо, инак, ба марҳилаи нави рушди хеш қадам мегузорад. Дарвоқеъ ҳамин тавр аст. На ба хотири он, ки мо соли 2016-ро ҷамъбаст карда, ба соли 2017-ум қадам гузоштем. На барои он, ки ба ҳамин қарибиҳо 25-мин солгарди давлатдории миллиамонро варақгардон ва давраи навро оғоз намудем, балки солҳои дарпешистода бо моҳияти бунёдиашон марҳалаи комилан нав дар таърихи рушди давлати соҳибистиқлоламон хоҳанд буд. Он давраи таърихие мешавад, ки соҳаи саноат дар Тоҷикистони азизи мо ба таври бесобиқа рушд мекунад. Ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар таркиби умумии тавлидот ба мақоми аввал соҳиб мешавад, яъне, он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ назар ба соҳаҳои дигар афзалият пайдо мекунад. Мо аз зинаи поёнӣ, зинаи аграрию саноатӣ ба зинаи болотар, зинаи саноатию аграрии рушд қадам мегузорем. Бояд гуфт, ки марҳилаи мазкур дигаргунии инқилобӣ дар ҳаёти кишвар мешавад, ки таъсири файзбори онро ҳар яки мову шумо эҳсос хоҳем кард.
Бузургтарин давлатҳои Аврупо инқилоби саноатиро охирҳои асри XIX аз сар гузарониданд ва он сабабгори аз байн рафтани ҷомеаи феодалию ба арсаи таърих ворид шудани капитализм гардид. Истеҳсолот рушд кард, сатҳи зиндагӣ боло рафт, илму техника ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расид. Имрўз мо медонем, ки онон дар кадом пояи пешрафт қарор доранд, сатҳи зиндагиашон чӣ гуна аст. Замоне, ки Инқилоби Октябр ғалаба кард, империяи Русия як давлати ақибмондаи аграрию саноатӣ буд. Аз таърих маълум аст, ки баъди инқилоб дар Русия ва дигар ҷамоҳири Иттиҳоди Шўравӣ солҳои бистум давраи саноатикунонӣ шуруъ шуд. Маҳз ҳамин саноатикунонӣ буд, ки вобастагии Иттиҳоди Шўравиро аз олами сармоядорӣ дар бисёр соҳаҳо аз миён бурд ва ба пешрафти кишвар мусоидат кард. Хулосаи гап ҳамин аст, ки ҳар ҷое инқилоби саноатӣ ва саноатикунонӣ пеш омадааст, он баёнгари оғози давраи комилан нави рушд ва болоравии бесобиқаи сатҳи зиндагӣ будааст.
Аз ин лиҳоз, ҷои ифтихор аст, ки имрўз мо ба туфайли сиёсати оқилонаи Пешвои миллатамон, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти ҳамгӣ 25 сол аз оғози давлатдории миллӣ имкон пайдо кардаем, ки масъалаи қадам гузоштан ба давраи саноатию аграрии рушдро матраҳ кунем. Ҳангоме Иттиҳоди Шўравӣ ва дар ҳайати он сарзамине бо номи Тоҷикистон таъсис шуд, ин ҷо корхонаҳои саноатӣ қариб мутлақо вуҷуд надоштанд. Фақат чанд корхонаи бофандагӣ, пахтатозакунӣ, равғанкашӣ ва монанди инҳо буданд, ки дар шимоли ҷумҳурӣ буду шуди саноатро ташкил медоданд. Дар қисматҳои боқимондаи Тоҷикистон бошад, косибӣ равнақ дошт, аммо саноат набуд.
Давлати Шўравӣ ба зуҳур ва рушди саноат дар Тоҷикистон мусоидат кард. Як қатор неругоҳҳои обии барқӣ, корхонахои пахтатозакунию бофандагӣ, саноати коркард ва хўрокворӣ, мошинсозӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд омаданду раванди мазкур ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти миллати мо таъсири мусбӣ бахшид. Вале таваҷҷуҳи асосӣ ҳамоно ба ашёи хоми ин қаламрав, ба пахта, ба соҳаи кишоварзӣ буд. Чӣ мекардӣ, ки Тоҷикистон гўшаи дурафтодае аз ин империяи бузург буд? Саноат ҳам асосан дар минтақаҳои марказӣ ва наздимарказӣ ҷой дода шуда буд. Ҳамин тавр, имрўз барои мо имконияти таърихие фароҳам омадааст, ки «тақдири хешро бо дасти хеш бинависем» ва ба марҳалаи болотари рушд қадам гузошта зиндагии ободу осудатаре барои мардумамон муҳайё гардонем.
Бори аввал нест, ки Пешвои муаззами миллатамон масъалаи гузаштан ба марҳалаи саноатию аграрии рушдро матраҳ мекунанд. Ба ин масъала дар Паём ва суханрониҳои дигари Сарвари давлат низ ишораҳое ҷой доштанд. Аммо он маротибаи нахуст чун барномаи мушаххаси амал дар ҳамин Паём манзури аҳли ҷомеаи кишвар гардид. Ҳадафи мазкур дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030, ки марҳалаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддатро дар бар мегирад, ифода ёфтааст.
Пас, мувофиқи ин стратегия ояндаи мо чӣ мешавад? Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ҷавобан ба саволи мазкур рақамҳои мушаххас овардаанд. Гуфтанист, ки рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар оянда ҳам, мисли пешина, ҳадафи олии давлатамон муқаррар шудааст. Ин мақсад бо роҳи гузаштан ба низоми нави рушди босуботи иқтисодӣ ба даст оварда мешавад. Асоси низоми навро бошад, ҷалби васеи сармоягузории дохилию хориҷӣ, тараққиёти бо суръати саноату кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ ташкил медиҳанд.
Баъди панҷ сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвари мо 35 фоиз, содироти молу маҳсулот ба хориҷа ду баробар зиёд мешаванд. Ҳиссаи сармояи хусусӣ ҳам дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду маротиба меафзояд. То соли 2030 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сокини кишвар се баробар афзоиш дода мешавад, сатҳи камбизоатӣ беш аз ду баробар коҳиш ёфта, ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна аз 22 ба 50 фоиз мерасад. То ин вақт ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд мешавад.
Рушди неруи инсонӣ низ муҳимтарин заминаи пешрафти кишвар муайян гардидааст. Дар панҷ соли оянда тамоми аҳолии калонсол бояд ҳадди ақал маълумоти миёнаи умумӣ, камаш нисфи аҳолии қобили кор таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дошта бошанд. Махсусан талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникию технологӣ дар ояндаи наздик хеле зиёд мешавад.
Оё иҷрои ҳамаи ин корҳо имконпазир ҳаст? Магар барои ба миён гузошани чунин як барнома ва нақшаву ниятҳои ҷасоратмандона заминаҳои воқеие вуҷуд доранд? Ҷавоби ин саволро дар худи Паёми Сарвари давлатамон пайдо кардан мумкин аст. Пешвои миллат аз таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ ва роҳи тайкардаи кишварамонро давоми ин муҳлат даврабандӣ намуда, натиҷаҳои бадастомадаро мавриди арзёбӣ қарор додаанд.
Тавре Президенти мамлакат ёдовар шуданд, солҳои аввали Истиклолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Бо мудохилаи баъзе доираҳои хориҷӣ, ки зери шиорҳои пардапўшонаи демократикунонии ҳаёти ҷомеа сурат гирифт, Тоҷикистон ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва сипас ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Он кишвари моро чандин даҳсола аз масири пешрафт ақиб партофт. Қариб даҳ соли Истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар ба бартараф намудани оқибатҳои фоҷиабори ин ҷанг равона гардида буд. Охири соли 1997 дар мамлакат аввалин барномаи барқарорсозии баъди низоъ қабул карда шуд.
Марҳалаи рушди кишвар танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум шуруъ шуд. Рушди босуботи иқтисодиёт, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум таъмин гардид. Се ҳадафи стратегии миллӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ муаян ва талошҳо ҷиҳати дастёбӣ ба ин мақсадҳои бунёдӣ равона гардиданд.
Иҷрои барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат дар ин давраи амалан 17 солаи рушд чӣ натиҷаҳо додаанд? Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шудааст. Даромад дар буҷети давлатӣ 15 соли охир аз 300 миллион то 18 миллиард сомонӣ расидааст. Даромади аҳолӣ 25 баробар, пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтаанд. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар, андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзудааст. Сатҳи камбизоатӣ се баробар коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд гардиданд, роҳҳои автомобилӣ, нақбу пулҳо, мактабу табобатгоҳҳо ва ғайра ба истифода дода шуданд. Ҳамин тавр, барномаи қабулгардида ба заминаҳои воқеӣ ва таҷрибаи давоми солҳои гузашта ҳосилгардида такя мекунад ва мо бояд ба иҷрои ин ниятҳои наҷибона ягон шакку тардиде надошта бошем. Меҳнати софдилонаи халқамон, созандагию бунёдкориҳои ҳамарўза ба гуфтаҳои мазкур замонатанд.
Ҳамаи ин пешрафтҳо натиҷаҳои истиқлолият, тинҷию осоиш ва ваҳдати миллӣ мебошанд, ки Сарвари давлат дар паёмашон арҷгузорӣ ба ин арзишҳои волоро боз як бори дигар таъкид кардаанд: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вучуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
-Таври маълум, ваҳдат шаҳсутуни истиқлоли ҳар кишвар аст. Вобаста ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллиамон, иҷрои дастуру нишондодҳои Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Шумо вазифаҳои навбатии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар чӣ мебинед?
-Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҷунбиши умумимиллиест, ки тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар-ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоту муассисаҳои мухталифи давлатию ғайридавлатиро ба ҳам овардааст. Ташаббускори таъсиси ин ҷунбиши ҳамагонӣ, ҳамчунин, Шўрои ҷамъиятии назди Президенти мамлакат, ки дар радифи ҷунбиши мазкур таъсис шуд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ифтихормандем, ки Сарвари давлат ҳоло Раисии Шўрои марказии Ҳаракатро низ ба зимма доранд.
Муҳимтарин сабақе, ки ҷанги таҳмилии панҷсола ба ҷомеаи мо дод, зарурати таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз набудани ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки фарзандони як миллат муқобили ҳамдигар силоҳ кашиданд, бародар бо бародар душман шуданд. Пешвои миллатамон бо назардошти хамин талхии ҷанг ташаббуси таъсиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ба миён гузоштанд.
Инро шароитҳои нави давлатдорӣ низ тақозо мекарданд. Тоҷикистон роҳи бунёди давлатдории мутамаддинро пеш гирифта, хешро мутобиқи Конститутсияи дар овоздиҳии умумихалқӣ қабулгардида давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ эълон намуд. Дар асоси риояи ҳуқуқҳои фитрии инсон озодии баён, озодии фаъолияти ҳизбхои сиёсӣ, озодии гирдиҳамоию роҳпаймоиҳо кафолат дода шуд. Маълум аст, ки одамон гароишҳои гуногун, фикру ақидаҳои гуногун доранд, ҳизбҳои сиёсии мухталиф аъзояшонро дар асоси ҷудо карда гирифтану муттаҳид сохтани ҳамақидаҳо аз байни анбуҳи бузурги гуногунфикр ҷамъ меоваранд. Ҳамин тавр, манфиатҳои умумиҳизбие ба вуҷуд меоянд, ки на ҳамеша метавонанд бо манфиатҳои ҳизбҳои дигар мусовӣ бошанд. Миллат бошад, яктост, Ватан яктост. Бояд ин бархўрди манфиатҳо ба манфиатҳои умумимиллие, ки онҳоро Конститутсия муқаррар кардааст, ба мисли истиқлолият, тамомияти арзӣ, озодии фикру ақида ва эътиқодоти динӣ, зиён наоваранд. Вагарна, онҳо ба фоҷиаи миллӣ боис хоҳанд шуд. Барои он, ки ана, ҳамин фоҷиа рўй надиҳад, қувваҳои сиёсӣ бояд бо вуҷуди тафовутҳои ақидатӣ дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ бо ҳам муттаҳид бошанд, ваҳдати миллиро таъмин гардонад.
Ба ҷуз шароитҳои нав, тафовутҳое миёни маҳалу минтақаҳои мухталифи кишвар вуҷуд доштанд, ки баъзеашон дар умқи асрҳо реша дошта, фаъолияти мунтазамеро ҷиҳати боло бурдани эҳсосоти худшиносию ватандўстии мардум ва ваҳдатсозию миллатсозӣ тақозо мекарданду мекунанд. Ба ёд мерасанд суханони хеле дақиқи Пешвои миллат дар паёмашон, ки вақте доир ба бунёди роҳҳо ҳарф мезаданд, ба он ишора карданд, ки тавассути роҳ мо Тоҷикистони сепорчаро ба як кишвари воҳид табдил додем. Бояд гуфт, ки ин чандпорчагӣ на фақат дар роҳ аст, балки дар расму оин, дар фарҳангу мазҳаб, дар фикру ақида низ ҳаст. Барои ташаккул додани андешаи умумимиллӣ ва миллати воҳид заҳмати як даҳсолаю ду даҳсола ҳам басанда нест.
Ҳамин тавр, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон давоми солҳои фаъолият рисолати бузурги хешро, ки дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ сарҷамъ кардани мардум мебошад, сарбаландона ба ҷо овардааст. Соли ҷорӣ 20-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ҳаракати сартосарии миллат ҷашнро бо дастовардҳои беназир ва тақвияти ҳарчӣ бештари сафҳои хеш истиқбол хоҳад кард.
Дар партави паёми навбатӣ ҳам вазифаҳои мо ҳамон тавре мемонанд, ки Пешвои хирадманди миллат бароямон муайян кардаанд: фароҳам овардани шароити созгори рушди кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани муколама байни қувваҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ, таблиғу ташвиқи миёни мардум. Табиист, ки рушди саноатии кишвар шароитҳои наверо ба вуҷуд меоваранд, дар мафкураи инсон, дар ҷомеа. Мо бояд ба ин таҳаввулоти инқилобӣ омода бошем.
-Барои ба мақсад моил гардидан аз кадом роҳу воситаҳо истифода бурданӣ ҳастед?
-Роҳу воситаҳо мухталифанд ва номгўи онҳо сол ба солу давра ба давра, вобаста ба шароит мунтазам ғанӣ мегарданд. Соли гузашта бо истифода аз нерўи зеҳнии фаъолони Ҳаракат, зиёиён, олимон, чеҳраҳои муътабари миллат зиёда аз 100 суҳбату вохўриҳо бо табақаҳои гуногуни мардум доштем. Дар донишгоҳҳо муассисаҳои илмию фарҳангӣ вобаста ба ҷанбаъҳои мухталифи ваҳдати миллӣ конфронсҳои илмию амалӣ баргузор сохтем. Дар арафаи 19-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ бо дастури Раиси Шўрои марказии Ҳаракат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои баргузории тантанаҳои умумикишварӣ-Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон «Корвони Ваҳдат» ва «Корвони Китоб»-ро сафарбар кардем. Дар шаҳри Хоруғ ва кулли ноҳияҳои вилоят мулоқоту суҳбатҳои хотирмон сурат гирифтанд.
Соли равон, ки 20-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллиамон таҷлил мешавад, мо фаъолияти таблиғотию ташвиқотии хешро вусъати бештар дода истодаем, шаклу усулҳои корамон низ гуногунранг мегарданд.
-Ба Шумо дар фаъолияти минбаъда барору комиёбиҳо хоҳонем.
–Ташаккур!

Мусоҳиб
Муроди НУРИЁН
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин