Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Омилҳои ташаккули элитаи сиёсии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ

Омилҳои ташаккули элитаи сиёсии
Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ

Дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷомеаи Тоҷиикстон масъалаи ташаккули элитаи сиёсии кишвар аҳамияти муҳими илмию амалӣ касб менамояд. Бисёре аз қарору дастурҳое, ки барои рушди ҷомеа, таъмини суботи сиёсию иҷтимоӣ ва ғайра аз ҷониби раҳбарияти олии мамлакат қабул карда мешаванд, маҳз ба ҳамин масъала алоқамандии зич доранд. Барои ба моҳияти ин масъала сарфаҳм рафтан баррасии ҷанбаҳои методологию назариявии он хеле муҳим мебошад. Зеро то имрўз таваҷҷуҳ ба ин масъала бештар хусусияти публисистӣ дошта, ҷанбаҳои омўзиши иҷтимоии элитаи сиёсӣ ҳамчун мақулаи мустақили тавзеҳдиҳандаи сифат ва дараҷаи муайяни инкишофи ҷомеа камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Аз нуқтаи назари баёншуда мафҳуми элита на фақат мақулаи сирф дастраси амал, балки тибқи қазовати Макс Вебер ба андозаи бештар мафҳуми дорои вижагии типи идеалӣ ба шумор меравад, ки бо мақсадҳои таҳқиқотӣ истифода бурда мешавад. Барои аз ин мавқеъ ба таҳлили масъала наздик шудан шарҳу тавзеҳи мақулаи мазкур дар ин ҷо муносиб аст. Тибқи тавзеҳи роиҷ «мафҳуми «намунаи ормонӣ» яке аз мафҳумҳои калидӣ дар маърифати иҷтимоии Вебер ба шумор меравад. Дар робита ба ин ёдовар бояд шуд, ки Вебер чунин ақида дошт, ки ҳеҷ низоми илмие қодир нест, ки битавонад тамоми воқеиятҳои объективиро бозтавлид кунад.
Ҳамаи илмҳо ба абстраксиякунонӣ (таҷрид) эҳтиёҷ доранд. Дар ин самт мумкин аст муҳаққиқ зимни интихоби мафҳум дучори иштибоҳ гардад, зеро ҳини бо мафҳумҳои бисёр куллӣ сарукор гирифтанаш эҳтимоли муҳимтарин ҷанбаҳои падидаи мавриди баррасиашро аз мадди назар дур кардан вуҷуд дорад. Мафҳуми намунаи ормонӣ барои раҳоӣ аз ин вазъият хизмат мекунад. Намунаи ормонӣ як сохтори таҳлилие аст, ки тавассути он муҳаққиқ метавонад монандиҳо ва тафовутҳоро дар мавриди объективӣ ташхис диҳад. Ин мафҳум барои баррасии муқоисавӣ усули муҳимтарин ба шумор меравад».
Бо такя аз ин дидгоҳи назариявӣ барои муайян намудани қишрҳои иҷтимоӣ ва гурўҳҳои ба сифати элита ба инобат гирифташаванда чунин аломатҳое ба монанди захираҳои иҷтимоӣ, донишҳои махсуси роҳбарикунӣ, имконияту қобилияти таъсиррасонӣ ба рафтори одамон, иродаи идоракунии одамон, дастрасӣ ба ҳокимият ва ғайра дар мадди аввал меистанд. Маҳз ҳамин аломатҳо як гурўҳро аз гурўҳи дигар фарқ мекунонад ва хусусияти махсуси фаъолияти онро ифода менамояд. Аз ин рў, имрўза ҳунар ва илми идоракунии аз ҷониби элита татбиқшавандаро аз зарифтарин, душвортарин ва пурсамартарин корҳои инсонӣ медонанд ва ба унвони яке аз шохисҳои муҳими тамаддуни муосир ва аз ҷумла омилҳои таъсирбахш дар рушд ва тавсеаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсии ҷомеаҳои кунунӣ ба ҳисоб мегиранд.
Дар қарни охир аҳамият ва таъсири бахши ин дониши башарӣ то ҳаде аст, ки баъзе аз соҳибназарони қарни бистумро мудирият ва элитаи имрўзаро дунёи элита медонанд ва илми элитологияро дар шумораи яке аз муҳимтарин ва печидатарин риштаҳои улуми инсонӣ мешуморанд. Зеро ба кўмаки элитаи тавонманд ва огоҳ ба усули назарияҳо ва сабкҳою маҳоратҳои идоракунӣ метавон чеҳраи созмонҳои санъатӣ, бозоргонӣ, идорӣ ва омўзиширо дигаргун сохт. Аз манбаъҳои молӣ ва моддӣ, технологӣ ва нерўи инсонӣ ҳадди аксар бояд баҳра бурд ва бо барномарезии саҳеҳ ва воқеъбинона созмондиҳии ҳушмандона дар ҳар як созмон бояд низом ва ҳамоҳангӣ эҷод намуд ва таҳқиқи ҳадафҳои дастгоҳҳои мухталифро мумкин сохт.
Бинобар ин, элита яке аз аркони муҳими ҳар созмон ва ҷомеа аст. Аз байни навъҳои элитаи иҷтимоӣ ҷанбаи сиёсии он аз аҳамияти муҳим бархурдор аст. Зеро тамоми ҳадафҳо ва омилҳои татбиқи он идоракунии омўзиши инсонӣ аст ва нақшу рисолати инсонҳо аз як сў табдили инсонҳои худогоҳ ва рушдёфта, халоқу санъаткор ва аз ҷониби дигар таъминкунандаи неруи инсонии ҷомеа дар бахшҳои мухталифи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст.
Ба ибораи дигар агар эътиқод дошта бошем, ки тамоми созмонҳо, муассисоти давлатӣ ва хусусӣ аз маҳсулоти парвандаҳои омўзиш ва парвариш баҳра мегиранд ва омўзишу парвариш таъминкунандаи нерўи инсонии онҳост, агар муътақид бошем, ки омўзиш ва парвариши ҳар ҷомеа дар раъси масоили он аст, идоракунии сиёсии он низ ба ҳамон мантиқ дар тавсеаи ҷомеа ҷойгоҳи муҳим дорад. Агар элитаи сиёсии як ҷомеа дорои дониш ва маҳорати кофӣ бошанд бе тардид низоми идоракунии он низ аз таъсир ва эътибори баланд бархурдор хоҳад буд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар аксари пажуҳишҳои ба масъалаи заминаҳои таърихии ташаккули элитаи сиёсӣ бахшидашуда муҳаққиқон таваҷҷуҳи худро ба таври паснигарӣ (ретроспективӣ) ба иртиботи он бо умумиятҳо ва сохторҳои собиқаи мудавоми таърихидошта равона мекунанд. Вале ин усул на ҳамеша имконияти муносиби масъаларо фароҳам меорад, зеро он таъсири шароитҳои гуногуни иҷтимоиро ба сохторёбии элитаи сиёсӣ аз мадди назар дур месозад.
Хоҷа Насриддини Тўсӣ масоили зиёдеро дар заминаҳои мухталифи мудирият китоби маъруфи худ «Ахлоқи носирӣ»-ро матраҳ месозад. Ў дар хусуси равобити инсонӣ тавсия мекунад, ки равобити худ бо зердастонро бояд, дар асоси муҳаббат ва якдгарфҳмӣ ба роҳ монанд, на дар асоси тарс. Ба ақидаи файласуф бояд силсилаи мураттаби идорӣ риоя шавад. Мудир бояд аз нигоҳи хусусиятҳои мудирият аз дигарон бартарӣ дошта бошад.
Дар марҳилаи аввали истиқлолёбӣ баъзе аз гурўҳҳои сиёсӣ кўшиш намуданд, ки амалияи ташаккулёбии идоракунии ҷомеаро дар заминаи бевоситаи ворисияти таърихӣ роҳандозӣ намоянд. Дар ин замина муроҷиат ба таърихсозии маҳаллу насабҳо хеле ривоҷ пайдо кард, ки баъдан бо дастури роҳбарияти имрўзаи давлат ҷанбаи манфӣ доштани ин амалия баён шуд ва ба тадриҷ он суръати худро суст намуд.
Ҳамин тавр, тасаввуроти бунёдие, ки аз андешаҳои фавқуззикр бармеояд, аз он иборат аст, ки бо мурури тағйир ёфтани низоми иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ташаккули элитаи сиёсӣ низ ба марҳилаи куллан нав ворид гардид. Чуноне ки коршиносон қайд менамоянд: «Элитаи ҳозираи тоҷик дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ ташаккул ёфт. Онҳо на «бо сарнайзаҳо», балки баръакс, бо ҳадафҳои нек, ниятҳои оштӣ додану сулҳ кардан бо мухолифини сиёсии худ ба сари қудрат омаданд. Аз рўи инсоф бояд зикр намоем, ки расман бисёр буданд онҳое, ки барои қудрат талош меварзиданд, вале танҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷуръат кард, ки масъулияти қонуниро барои ояндаи кишвар ва мардум ба зиммаи худ гирад. Ў ҷавонтарин роҳбари давлат дар фазои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд ва имрўз Пешвои миллат эътироф гардид.
Тадриҷан Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи худ гурўҳи одамони боғайрат ва ҳамфикрро ҷамъ овард. Дар байни онҳо мансабдорони назариётчӣ камтар ва истеҳсолгарони кордон бештар буданд. Дар Тоҷикистон пас аз ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ ҳукумати эътилофӣ ташкил карда шуд. Дар сафи он хатмкунандагони макотиби олии ҳизбии Москва, Ленинград, Тошканд, Минск ва роҳбарони сатҳи миёна кам набуданд. Дар амал маълум гардид, ки маҳз онҳо нисбат ба ҳиссамандони беташаббуси 30-фоизаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз пайдо кардани ҷой дар ҳукумат хеле қаноатманд буданд ва худро дар кор на он қадар фаъол нишон медоданд, соҳибкасбтар ва коршоямтар будаанд.
Воқеан, ҳам марҳилаи ташаккули элитаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даврае рост омад, ки акнун гурўҳи мазкур мебоист ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими таъминкунандаи инкишофи мамлакат ва ҳамзамон таъмини суботи ҷамъиятӣ иқтидору малакаи худро равона созад. Таҷрибаи дар ин масири тайнамудаи элитаи сиёсии нави Тоҷикистон аз нигоҳи суръати тағйиротҳо ва печутоби ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа воқеан ҳам давраҳои ҳассосу хеле масъулиятталаб ба шумор мераванд.
Таъхиру саҳлангорӣ дар дарку татбиқи саривақтии масъалаҳои дар ин ҷода пеши рў омада ҳар замон метавонистанд рушди мамлакатро ба даҳсолаҳо қафо кашанд ва моро ба вартаи қафомонию таассубҳо тела диҳанд. Вале элитаи сиёсии нави Тоҷикистон тавонист барномаҳои рушди чашмгири Ватани маҳбубамонро ба хотири таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди ин куҳандиёр дар амал зина ба зина татбиқ намояд ва ба дастовардҳои муайяне ноил гардад.
Шоҳиди ин қазовати мо барномаҳои тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, бунёди нерўгоҳҳои хурду калони обӣ барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ба рох мондани робитаи созанда бо давлатхои олам, ташкилотхои молиявии байналхалқӣ ва дигар барномахои амалӣ ҷиҳати баландбардории сатхи зиндагии мардум нигаронидашуда мебошанд. Амалишавии ин барномаҳо аз лиҳози сиёсӣ имконият дод, ки яке аз ҷузъҳои муҳими ҳастии миллат, яъне таъмини умумияти ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии он бо муваффақият ҷомаи амал пўшад. Ин дар навбати худ ҳисси худшиносӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, ваҳдати кулли сокинони Тоҷикистонро ҳамчун кафили рушди устувори кишвар қавитар намуд.

Диловар ХОЛНАЗАРОВ,
унвонҷўи пажуҳишгоҳи сиёсатшиносӣ, фалсафа
ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин