Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кино таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки "Соҳаи кино-ин соҳаи бисёр муассир ва фарогири фарҳанги миллии мост". Рўзноманигори шинохтаи телевизиони Тоҷикистон Шавкат Муҳаммадиев қариб 40-сол мешавад, ки филмҳои мустанад таҳия намуда, бо инъикос намудани шахсони таърихӣ, ки барои рушди Тоҷикистон хизмати шоиста намудаанд, инчунин корнамоиҳои падару бобоён филмҳо офарида, дар бозтоби саҳифаҳои таърихи синамои ватанӣ саҳми арзанда мегузорад.

Бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ таҳти унвони "Саҳми Турақул Зеҳнӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷик" баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо филми мустанади "Чароғи роҳи маърифат", ки ба ҳаёт ва фаъолияти Турақул Зеҳнӣ бахшида шуда буд, кори худро оғоз бахшид.
Зимни суханронии худ олими шинохтаи тоҷик, яке аз пайвандони Турақул Зеҳнӣ Мунира Шаҳидӣ, аз ҷумла дар бораи ин муаллифи филм чунин изҳори андеша кард: "Баъди тамошои наворҳои ҳузнангезу гуворои филми мазкур дигар сухане гуфтан душвор аст. Ташаккур ба таҳиягарони он". Дар паҳлўи ман духтари донишҷўе менишаст, ки ба муаллифи филм таваҷҷуҳ зоҳир карда, пурсид: "Кӣ ин филмро таҳия карда бошад? Ман бо ифтихор, ки худ солҳо корманди телевизиони Тоҷикистон будам, Шавкат Муҳаммадиев гуфтам.
- Қоил шудам, ин қадар наворҳои таърихиро аз куҷо дарёфт карда бошад?! Хеле заҳмат кашидааст. Аҳсант! Шавкат Муҳаммадиев дар куҷо кор мекунад?
- Дар телевизиони Тоҷикистон.
Аҳли толор, ки аз тамошои филми навбатии Шавкат Муҳаммадиев хушҳол гашта буданд, маро хеле мамнун намуд. Ифтихор аз ҳамсабақам Шавкат Муҳаммадиев мекардам, ки солҳои зиёде ба таърихнигорӣ машғул асту дар телевизиони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҳақиқати таърих-ҳақиқати ҳаёт", "Ватан ва фарзандон" "Корномаи бузург" дар бораи ҳаёт ва фаъолияти фарзандони накўноми миллат, ки бо кору амали хеш намунаи ибрат мебошанд, силсилафилмҳо таҳия менамояд. Ў бо офаридани силсилафилмҳои мустанади "Устод" бахшида ба асосгузори адабиёти назми муосири тоҷик Абулқосими Лоҳутӣ, шоири ширинкалом Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҳошим яке аз ҳамсафони собиқи устод Садриддин Айнӣ мебошад, симои ин нобиғаҳоро ба бинандагон муаррифӣ намуд. Филми мустанади "Чароғи роҳи маърифат"-ро дигар иштирокчиёни чорабинӣ низ тамошо карда, баҳои баланд доданд ва баргузории маҳфилро самараи барқарор гардидани дўстиву ҳамкориҳои байни ду ҷумҳурӣ-Тоҷикистону Ўзбекистон арзёбӣ намуданд. Меҳмонони аз шаҳри бостонии Самарқанд даъватшуда, ки бо олим ҳамкорӣ кардаанд, ин иқдомро самараи истиқлолият арзёбӣ намуда, идомаи анъанаҳои неки олимони тоҷику ўзбек маънидод карданд. Филми "Чароғи роҳи маърифат" 14-уми ноябр аз тариқи телевизиони Тоҷикистон пахш гардида, бинандагони сершуморро бори дигар бо ин олими забардаст ошно намуд. Қайд карда шуд, ки китоби "Саъати сухан"-и Турақул Зеҳнӣ солҳои 60-70 китоби рўимизии ҳар як хонадон буд. Он дар инкишофи илми забоншиносӣ ва соҳибмаърифат гардидани хонандагон ва ташнагони илму адаб нақши муассир гузошт. Муаллифи филм кўшиш кардааст, ки бо истифода аз наворҳои таърихӣ ва андешаҳо олимони шинохта, инчунин наздикони ў чеҳраи ин олими нотакрорро кушода диҳад.
Дар силсилафилмҳои "Корномаи бузург" бошад, муаллиф ба насли имрўза дар бораи корнамоии падару бобоён оид ба сохтмони канали Ҳисор, кўли Комсомол ва боз чандин иншооту сохтмонҳои ҷумҳурӣ ва азхудкунии заминҳои водии Вахшу Кўлобу даштҳои ташналаби Мирзочўл, обёрии даштҳои Ёвону Бешкент, ки ин наворҳо ҳар кадоми онҳо дар як гўшаи осорхонаи телевизиони Тоҷикистон дар фиттаҳои мушаххас маҳфуз аст, гувоҳи онанд, ки корномаҳои фазандони ҷонфидои Ватамон таваҷҷуҳи муаллифро бештар ҷалб мекардааст ва дар ин заминаҳо филмҳои ҷолиби мустанад офаридааст. Таҳти ҳамин унвон яъне "Корномаи бузург" ифтитоҳи нақби "Истиқлол" филми дигаре таҳия намуда, ин саҳифаи таърихи навини давраи соҳибистиқлолии моро пешкаши бинандагон гардонд. Ў ният дорад, ки дар оянда низ зери ҳамин унвон дар бораи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон силсилафилмҳо таҳия кунад.
Ҳанўз аз давраи Шўравӣ лентаи (16 мм) навобардорӣ ва сабти овоз барои ҳар як идораи телевизиони Тоҷикистон ва кормандони он мувофиқи ҳаҷми барнома ва аз рўи меъёр тақсим карда мешуд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, банда барои инъикоси ҳаёту зиндагии фирориёни тоҷик ва бозгашти онҳо ба Ватан дар ҳайати гурўҳи кории комиссияи Шурои олӣ ба давлати исломии Афғонистон сафар кардам. Ҳамон вақтҳо наворҳо дар лентаи кино сабт мешуд ва ҳар метри онро эҳтиёткорона сарф мекардем. Аз ин рў, барои мукаммал шудани мавзўъ Шавкат Муҳаммадиев дар студияи телевизион бо мо таҳиягарони силсилабарномаҳои "Во ғарибӣ" ва "Бозгашт" дар студия сўҳбатҳо ташкил намуда, онро манзури бинандагон мегардонд. Ва аз ҷаҳду талошҳои ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани гурезаҳо ва барқарор намудани сулҳу ваҳдат барномаҳо омода мекард. Ҳамон вақтҳо чунин барномаҳо, ки ба дарди мардум мехўрд, тамошобинони зиёд доштанд.
Соли 2000-ум дар яке аз силсилабарномаҳои "Ҳақиқати таърих- ҳақиқати ҳаёт", ки ба фаъолияти яке аз фарзандони ҷонфидои миллат-Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бахшида шуда буд, муаллиф бо кўмаки сафири ҳамонвақтаи Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сафаров Сафар Ғаюрович дар шаҳри Маскав бо шарқшиноси машҳур Даниэл Семёнович Комиссаров, ки солҳои 30-ум дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекард, вомехўрад. Эшон бо забони тоҷикӣ дар бораи Нусратулло Махсум чунон маълумотҳое медиҳад, ки кас аз дидану шунидани он дар ҳайрат мемонад. Шавкат бо кўмаки ин шахс бо хонаи Нусратулло Махсум, ки дар Набережни дом воқеъ буд, меравад. Ва набераҳои ўро дар вилояти Рязан пайдо карда, бо онҳо аз бобояшон пурсон мешавад. Зимни ҳамин сафар қабри Нусратулло Махсум, инчунин Қаҳрамони дигари Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемурро, ки дар қабристони Донской дафн карда шудаанд, зиёрат карда, филми дигарро ба ин марди накўном, ки соли 1937 аз дасти хоинони миллат ба қатл ҳукм шуда буд, таҳия менамояд. Фарзандони Шириншоҳ Шотемурро дар вилояти Колуга пайдо карда, бо онҳо мусоҳиба анҷом дод.
Дар ҳамин силсилабарномаҳо дар бораи шоири забардасти тоҷик Нақибхон Туғрал маводи зиёде гирд оварда, ҳаёту зиндагии ин адиби машҳур ва давраи пурмоҷарои Аморати Бухорои аввали асри бистуякро ба таври воқеӣ ва диданӣ ба навор мегирад.
Баъди пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон киностудияи Тоҷикистон, ки ба ин мавзўъҳо ва шахсони таърихи сару кор доштанд, коста гардида, дар ин самт "Телефилм" хизматҳои шоиста мекард. Ҳамон давра яке аз кинорежисёрони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров дар яке аз ҷамъомадҳои телевизиони Тоҷикистон иштирок намуда, гуфта буданд: "Имрўз филмофарӣ гум шуд, на шароит ҳасту на маблағ, вале ман мебинам, ки шумо кормандони телевизион наворҳои хуберо аз ҳаёти имрўзаи Тоҷикистон манзури бинандагон мегардонед. Ман узви комиссияи додани ҷоизаи ба номи Рўдакӣ дар бахши филмофарӣ ҳастам, шумо ҳуҷҷату филмҳоятонро пешниҳод кунед, ман дастгирӣ менамоям". Вале афсўс, дар он солҳои мудҳиш касе аз кормандони эҷодии телевизиони Тоҷикистон дар ин андеша набуданд. Он солҳо як мақсад буд, сухани созанда гуфтану мардумро сарҷамъ кардан.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамояд, ки "Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қарни асрҳо то имрўз симои миллии худро, пеш аз ҳама тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст, забони миллии худро хифз кардаву густариш додааст ва дар байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст".
Бояд гуфт, ки филмҳои офаридаи Шавкат Муҳаммадиев дар ҳама давру замон аз ҷониби маъмурият ва ҳамкорон инчунин тамошобинони сершумор ба гирифтани баҳои баланд сазовор мешуд. Бинандагони сершумор баъди пахши ҳар як барнома ба телвизиони Тоҷикистон занг зада, изҳори миннатдорӣ мекарданд.
Шавкат Муҳаммадиев ният дорад, ки оянда низ аз рўи гуфтаҳои Пешвои миллат боз чандин филмҳои мустанади дигарро манзури бинандагон гардонад. Зеро наворҳо инъикосгари ҳаёти воқеии мардум ва пайвандгари давру замон мебошад. Яке аз мавзўъҳое, ки ў дар омўзиши он аст, репрессияи солҳои 60-ум, ки боиси ба маҳбас кашидани даҳҳо роҳбарони хоҷагӣ бо иллати изофанависии пахта ба маҳбас кашида шуда буданд, машғул аст. Ин мавзўъ таърихи миллати тоҷикро мукаммал намуда, насли имрўзаро аз тақдири талхи гузаштагони худ огоҳ месозад. Мо дар ин ҷода ба Шавкат Муҳаммадиев муваффақият орзу мекунем.
Ш.МУСТАФОҚУЛОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин