Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ ДИГАР. Чашмандоз ба фаъолияти муваффақонаи ҷавонтарин раиси шаҳр дар таърихи Тоҷикистон

Тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 ба тасвиб расидааст, пойтахти Тоҷикистон тайи ҳафт соли оянда ба шаҳри тараққикарда ва технологияҳои замонавӣ табдил меёбад. Раванди мазкур аллакай шуруъ шудааст ва натиҷаҳои аввалини он аз касе пӯшида нест. Чашмандози хабарнигори АМИТ «Ховар» ба ин дигаргуниҳо ва ояндаи наздики Душанбе дер зер пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ ДИГАР. Чашмандоз ба фаъолияти муваффақонаи ҷавонтарин раиси шаҳр дар таърихи Тоҷикистон
«Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он- шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад». Ин иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моро пайваста баҳри дӯст доштану саҳм гузоштан дар рушди пойтахти тоҷикон- шаҳри Душанбе ҳидоят менамоянд.

Воқеан ҳам мояи ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои онҳо аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи мамлакат солҳои охир симои Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Меҳмонону сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз рушди бесобиқаи пойтахти тоҷикон ибрози назар менамоянд.

Рустами Эмомалӣ фаъолияти худро аз таҳкими заминаҳои ҳуқуқии пойтахт оғоз намуд
Аввалин амале, ки дар ин самт ба анҷом расид, ин таҳияи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» буд. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва он муддати зиёда аз шаш моҳ бо дарназардошти фикру мулоҳиза, таклифҳои созандаи сокинони шаҳр ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин барномаро таҳия намуд. Он дар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе 11 декабри соли равон тасдиқ гардид. Ин барнома алҳол мавриди амал қарор дошта, дар асоси он тадбирҳои судманд ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо ин мақсад тибқи қарори Раиси шаҳр аз 7 ноябри соли 2018 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси гурӯҳи мазкур ба роҳ мондани ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ва таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ мебошад.
Раиси шаҳр сарпарасти соҳаро якҷоя бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ вазифадор кард, ки ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Масъулин ҳамчунин супориш гирифтанд, ки ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор ва тибқи таъйинот ва мақсад истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда барои дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо огоҳнома ирсол намоянд. Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намоянд.
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ ДИГАР. Чашмандоз ба фаъолияти муваффақонаи ҷавонтарин раиси шаҳр дар таърихи Тоҷикистон
Бояд зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1996, яъне 22 сол қабл қабул гардида, то ба имрӯз мавриди такмили ҷиддӣ қарор дода нашуда буд. Табиист, ки муқаррароти ин қонун ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯ набуд ва ба мукаммалгардонӣ ниёз дошт.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида, баъдан он қабул гардид. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад. Дар он мафҳуми «Мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташреҳ ёфта, кафолатҳои таъмини функсияи пойтахт, мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияи он танзим шудаанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, ки он идомаи иқдоми таҳким бахшидани заминаҳои хуқуқии мақоми шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахт маҳсуб мешавад.

Тавре муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иброз дошт, алҳол Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ намуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст. Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ дар марҳалаи аввал то соли 2025 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.

Тибқи қарори мазкур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то солҳои 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои атрофи онро тарҳрезӣ намояд. Инчунин омодакунии муҳандисии ҳудуд, барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷударо тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе роҳандозӣ намояд.

Тибқи ин қарор ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ вазифадор гардидаанд, ки ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва ниҳолзори бисёрсола дар заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳр муайян шудаанд, роҳ надиҳанд.
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ ДИГАР. Чашмандоз ба фаъолияти муваффақонаи ҷавонтарин раиси шаҳр дар таърихи Тоҷикистон
Душанберо ба шаҳри сабзу хуррам табдил медиҳем!
Тавре муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иттилоъ дод, айни замон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 16 адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ, Боғи ҳайвонот ва маркази хизматрасонии «Обшорон» дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маданӣ — маърифатӣ ва истироҳати меҳмонону сокинони пойтахт хизмат мерасонанд. Соли равон дар 48 мавзеи алоҳидаи шаҳр боғу гулгаштҳо бунёду навсозӣ гардиданд, ки онҳо ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.
Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, сокинону меҳмонон ва бахусус ҷавонон дар пойтахт ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд. Боғи мазкур 19 марти соли 2017 дар пойтахт дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфт.

Акнун Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст.

27 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи мазкур бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардида, дар майдони 2,23 гектар доман густурдааст. Дар ин боғ дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз ҷумла, магнолия, кипарис, ардач, клион, сиквой ва ғайра шинонида шуда, ҳамчунин дорои гулу буттаҳои рангоранг мебошад. Дар боғ муҷассамаи шоирон аз рӯйи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, он лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Таҳкурсии муҷассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он нақшу нигори хос ба ҳарду миллат ҳаккокӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар ин боғ қаҳвахона бо фароҳам овардани 50 ҷой барои нишаст бунёд шудааст. Дар қисмати дигари боғ майдонча барои бозии кӯдакон ташкил гардида, дар он таҷҳизоти зарурӣ барои дилхушию истироҳати наврасон насб карда шудаанд.

Барои машғул шудан ба обу тоби бадан дар боғ ду нуқтаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои варзишӣ мавҷуд аст.

Шабона ҳудуди боғ пурра чароғон буда, барои сайру саёҳат ва фароғату истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт басо мусоид аст. Дар ин боғ беш аз 200 поя барои васли чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудаанд.

Тибқи иттилои муовини Раиси шаҳри Душанбе Т.Раҳимзода, бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт соли равон дар ҳудуди шаҳр шинонидани 52 ҳазору 512 бех дарахту буттаҳо ва 3 881 738 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ба нақша гирифта шуда буд. Дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018 72 ҳазору 442 бехдарахту буттаҳо ё баробари 137 фоизи нақша, 3566496 адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ё ба андозаи 92 фоизи нақша шинонида шуда, дар баробари ин дар масоҳати 481100 метри мураббаъ майса кишт карда шуд.

Бояд зикр кард, ки 21 январи соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, сарви лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ин рӯз ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва навсозии пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд .

Дар баробари дарахтони ороишӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом шинонида шуд. Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардиданд. Аз боғи Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Ориёнбонк», воқеъ дар шаҳри Ҳисор аз тарафи раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба миқдори 10180 бех дарахту буттаҳои ороишӣ оварда шуда, дар ҷойҳои муайяншуда шинонида шуд, ки айни замон нашъунамои дарахтон дар ҳолати хуб қарор дорад. Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018 7214 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгаштҳо, роҳравҳо ва дигар мавзеи шаҳр шинонида шуданд, ки ба пойтахт ҳусни тоза зам карданд. Ин дарахтони зебою нодир, аз ҷумла, санавбар, калина, сарвиноз, ёс, ҷалғӯза, як навъи сарв, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, тӯси маҳаллӣ, шоҳбулут, зирк, заранги сурх, сарв, маҷнунбед ва навъҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ мебошанд.

Омодасозии инфрасохтори пойтахт ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City)
Иқдоми дигари шаҳрдорӣ ин омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) мебошад, ки он аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад. Амалӣ гардидани барномаи мазкур ба самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасонӣ бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоии пойтахт мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, дар ин замина лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ мешавад. Лоиҳаи мазкур 15 феврали соли 2018 дар ҷараёни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи банду басти автобусҳои «Акиа – Авесто», ки дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе ташкил гардид, инчунин гузоштани санги асос барои сохтмони корхонаи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «Акиа» муаррифӣ шуда буд. 1 марти соли 2018 лоиҳа пурра ба кор шурӯъ намуда, шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо намуданд, ки кортҳои нақлиётиро аз нуқтаҳои фурӯш, ки дар истгоҳҳои шаҳр фаъолият менамоянд, дастрас намоянд. Алҳол дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе — автобусу троллейбус пардохти роҳкиро пурра ба шакли ғайринақдӣ, дар айни замон ба воситаи корти ягонаи «Cityсard» ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи майи соли равон дар кӯчаи Ҳамадонии маҳаллаи Испечак нахустин супермаркети «Би1» дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Дар дигар маҳаллаҳои пойтахт низ шабакаҳои супермаркети мазкур ифтитоҳ мегарданд. Супермаркети «Би1» (тарҷумааш аз франсузӣ Bien — «хуб») шабакаи иловагии чаканаи гипермаркети «Ашан» мебошад. Се сол қабл дар шаҳри Душанбе аввалин супермаркети «Ашан» ифтитоҳ гардид ва кушодашавии супермаркетҳои «Би1» (бародари хурдии супермаркети «Ашан») дар пойтахт идома доранд. Бунёди чунин супермаркетҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар муҳлатҳои наздик омодашавии инфрасохтори шаҳри Душанберо ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) тақозо менамояд, ки алҳол ин масъала аз ҷониби мутахассисон баррасӣ мегардад.

Дар пойтахт бунёди марказҳои бузурги савдо, ба монанди «Ашан», «Пайкар», «Рӯдакӣ –Плаза» ва «Ёвар» рӯ ба афзоиш доранд. Ҳамчунин меҳмонхонаву тарабхона ва дигар иншооти хизматрасонии ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешаванд, ки онҳо барои ба шаҳри сайёҳӣ табдил ёфтани Душанбе шароити мусоид фароҳам меоранд.

Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани озмунҳо талаботу муқарраротро риоя карда, махсусан раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ ва риояи санъати баланди меъмориро таҳти назорат қарор додаанд.

Сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ беҳтар мегардад
Навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар пойтахт аз тадбирҳои судманд дар ин самт маҳсуб мешавад. Моҳи августи соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид. Аввалин чунин истгоҳҳо дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Истгоҳҳои мазкур дар мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат буда, дар онҳо нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардида, ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Ин гуна истгоҳҳо барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоидат мекунанд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт зиёда аз 58 адад истгоҳҳои намунавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Бунёди роҳу кӯпрукҳо дар рушди пойтахт нақши муҳим доранд
Тавре муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иброз дошт, танҳо дар шаш моҳи соли 2018 ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 17 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 29,8 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,9 километр корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти роҳсозӣ дар масофаи 9,8 километр бо масоҳати 134,4 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳандисону роҳсозони варзидаи ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин эстакадаи сесатҳаро дар Тоҷикистон (роҳҳои болоиҳам) дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта, дар рӯзҳои таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Алҳол дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе», дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бунёди боз як эстакадаи сесатҳа тибқи нақша ҷараён дорад. Эстакадаи мазкур аз роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷой мегирад. Ҳамчунин дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Абуалӣ ибни Сино гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд. Тавре зикр гардид, дар доираи амалишавии ин лоиҳа навсозии гузаргоҳи зеризаминии Қарияи Боло дар назар дошта шуда, дар ин қитъа боз сохтмони чанд гузаргоҳҳои дигар дар назар дошта шудааст. Тибқи қарордод, иншоот моҳҳои апрел – майи соли 2020 бояд мавриди истифода қарор гирад.

Тибқи иттилои муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов, то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе ҳамагӣ 20 адад чунин чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд.

Дар Душанбе корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд
Дар давраи солҳои 2019- 2021, яъне то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт, аз ҷумла, дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд. Аз ҷумла, давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур симои пойтахтро ба куллӣ дигаргун месозад.
Тавре муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иброз дошт, Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50 бинои дар ин мавзеъ сохташаванда 19 бинои баландошёнаи он дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд. «Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12-ошёна буда, дар назди онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст»,- афзуд Ш. Аловуддинов.

Дар ин мавзеи сохтмонӣ ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии муҳити атроф низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Ш. Аловуддинов ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи августи соли 2017 оғоз гардида, хонаҳои истиқоматии ин чор бино дар маҷмӯъ беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан садҳо нафар сокинони пойтахт соҳиби манзили зист хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нави дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёдшаванда шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Тибқи иттилои Ш. Аловуддинов, дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла Маркази хизматрасонии «Душанбесити», боғҳо ва гулгаштҳои нав дар назар дошта шудааст. Дар ин мавзеъ биноҳои аз ҳама баландтарин дар пойтахт бунёд хоҳанд гашт.
«Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе якчанд кӯчаҳои шаҳр ба хиёбонҳои калону асосии пойтахт табдил дода мешаванд. Аз ҷумла, дар хиёбони Н.Қарабоев биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ бунёд мегарданд. Ҳамчунин шурӯъ аз дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе то хиёбони Н.Қарабоев сохтмони метрои сабуки ҳавоӣ дар назар дошта шуда, дар марҳилаи дигари татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохтмони метрои зеризаминӣ низ дар Душанбе пешбинӣ шудааст», — афзуд Ш.Адовуддинов.

Бори аввал дар Душанбе «Флайборд» доир карда шуд
18 -19 августи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин бор Фестивали тобистонаи Душанбе—«Dushanbe Summer Fest»—дар сатҳи баланд баргузор гардид. Бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фестивали мазкур гурӯҳи оббозони ҳавоӣ аз Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. Аз ҷониби гурӯҳи мазкур доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, чанд адад пуфакҳои ҳавоӣ ба ҳаво сар дода шуданд. Дар Фестивал барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла бо иштироки ҳунармандони театрҳои пойтахт намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод гардид. Иштирокдорони Фестивалро барномаи фарҳангӣ-фароғатие, ки бо ҳунарнамоии санъаткорони машҳур, аз ҷумла сарояндаи маъруф Парвиз Назаров, овозхони ҷавону умедбахш Меҳрона Ғайбуллоева, Баҳром Ғафурӣ, гурӯҳи «Авесто» ва дигарон доир гардид, хуш омад. Дар Фестивал ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат» хӯрок ва дигар маҳсулоти миллиро ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд.
Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчунин бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 6 ,7, 8 сентябри соли равон бори аввал дар Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» намоиши варзиши обии «Флайборд» баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки бозии обии Флайборд дар Боғи Абулқосим Фирдавсӣ низ баъд аз ифтитоҳи расмии ин муассисаи фарҳангию фароғатӣ намоиш дода шуда буд.

Дар Душанбе сокини 9 -миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, муқаррар карда шуд. Субҳи 26 майи соли 2018 тифле, ки аҳолии мамлакатро ба 9 миллион расонид, муайян гардид. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, модари тифл сокини шаҳри Душанбе, истиқоматкунандаи кўчаи Асадулло Ғуломов, М2, ҳуҷраи 14 Назира Муллоҷонова, соли таваллудаш 1990 мебошад. Назирабону соҳиби 1 фарзанд буда, фарзанди дуюмаш аҳолии ҷумҳуриро ба 9 миллион расонид. Тифли навзод 26 май, соати 06:30 дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омад.

Тибқи қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, ба волидайни ин тифлаки хуштолеъ дар маркази пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо гардида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд. 4 апрели соли равон волидайни тифли 9-миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили нави худ, ки дар яке аз биноҳои навбунёди истиқоматии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 130, ҳуҷраи 17 воқеъ гардидааст, кӯчиданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Калиди хонаи нави сеҳуҷрагӣ ба волидайни ин тифл дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ҳанӯз дар таваллудхона тақдим гардида буд.

Душанбе ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар пойтахт ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. То таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода иброз дошт, тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, аз натиҷаи онҳо ҳар семоҳа маълумот манзур намоянд.

Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе — аз иншоотҳои калонтарини пойтахт
Бояд зикр кард, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта мешаванд. Минтақаи мазкур дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманд бо ширкатҳои ватанию соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахтаву истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои рангаву худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби кор мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии 9 корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар корхонаҳои Минтақаи саноатии «Душанбе» технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.

Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», «Шаҳзода», «Грин Голд», «Норд Азия Металл», «Асрори Санг», «Ноқили Талко» ва «Технологияи барқӣ ва бехатарӣ» иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои навро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Хонандагони пойтахт пурра бо ҷойи нишаст таъмин мегарданд
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 22 мактаби замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешаванд, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.

Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 — уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин рӯз дар маҷмӯъ аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахт баҳри фароғату истироҳати кӯдакону наврасон соли 2017 зиёда аз 70 ва соли 2018 наздики 90 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода щуданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин