Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:20 – Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 10:38 – Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат 
  • 10:34 – Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 17:17 – Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш 

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин бародаршаҳр гардид

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси музофот ҷаноби Ван Юн, ки бо сафари корӣ ба пойтахти мамлакати мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкории гуногунҷанба махсус таъкид намуданд.
Тарафҳо ба мавзўъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хўрока, технология, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Хайнан бахшида шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки музофоти Хайнан бо масоҳати 35 000 метри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда, маркази он шаҳри Хайкоу мебошад. Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ маҳсуб мешаванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.
Дар ҷараёни музокирот байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии музофоти Хайнан Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тасвиб расид.
Санади бародаршаҳриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии музофоти Хайнан муовини Раиси музофоти Хайнан ҷаноби Ван Юн имзо карданд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрўз бо шаҳрҳои Урумчӣ (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин (18 сентябри соли 2018) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин