Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ЮНЕСКО: ВОРИД КАРДАНИ ЧАКАН БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ ФАРҲАНГӢ

ЮНЕСКО: ВОРИД КАРДАНИ ЧАКАН БА  ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ ФАРҲАНГӢ

Дар нишасти 13 - уми ЮНЕСКО, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор гардид, гулдўзии миллии тоҷикон - "чакан" ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд.
Дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки "чакан як навъи гулдўзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар Тоҷикистон "чакан" як ҷузъи муҳими либоси миллӣ ба ҳисоб рафта, шаҳу арўс тоқии худро бо гулдўзиҳои чакан оро медиҳанд, инчунин духтарон дар рўзҳои тўй ва иду маросим куртаи чакан ба бар мекунанд. Санъати "чакандўзӣ" аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст".
Бояд ёдовар шуд, ки муассисаи байналмилалии ЮНЕСКО ду сол қабл оши палав ва Ҷашни Наврўзро низ ба феҳристи мероси ғайримоддии инсоният ворид карда буд.


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин