Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

Шукурҷон Зуҳуров ва Михаил Козлов масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуданд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари ҳайати Шўрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Михаил Козлов ва ҳамроҳони ў мулоқот кард.
Тавре аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар мулоқот мавзўъҳои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россия, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Москва дар ҳамаи заминаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарду мамлакат сол аз сол рў ба беҳбудӣ оварда истодаанд, ки ин ба манфиати мардумони ду ҷониб мебошад.
"Ҳамкории ҳасанаи байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Федератсияи Россия аз муносибати хуби сарони ҳарду давлати дўст сарчашма мегирад. Боздидҳои мутақобилаи Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва сафари намояндагони расмии сатҳи олии ду кишвар ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ин ҳамкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд", - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хосса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст.
Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин