Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

Рустами Эмомалӣ бо Филип Беннетт мулоқот намуд

Рустами Эмомалӣ бо Филип Беннетт мулоқот намудИмрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии ноиби якуми Президенти Бонки номбурда Филип Беннетт мулоқот намуд.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳрро аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ҳамкорӣ дониста, оид ба баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар самти татбиқи тарҳҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳр мубодилаи афкор карданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки тарафҳо дар татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои обтаъминкунӣ, нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, идораи партовҳои сахти маишӣ ва дигар бахшҳои инфрасохтори коммуналӣ ҳамкорӣ доранд. Маблағи умумии сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба иқтисодиёти Душанбе то имрӯз беш аз 18,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда чандон қонеъкунанда намебошад.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, навсозии роҳҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуда, дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар амалигардонии стратегияи таҷдиди корхонаҳои саноатӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ҳанӯз имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд ва изҳори итминон гардид, ки роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова дар амалисозии тарҳҳои муштараки инфрасохтори шаҳр саҳми сазовор мегузорад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин