ПАНҶАКЕНТ: Ободӣ асоси зиндагист
- 24.12.2018, 11:57,
- Сиёсат / Тоҷикистон
- 0
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бунёди беш аз 400 иншоотро ба нақша гирифтааст, ки то имрўз 63 - тои он ба истифода дода шуд.
Бино ба маълумоти Зафар Шарифзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ, дар хиёбони Рўдакӣ кўдакистон барои 200 нафар, "Маркази ҷавонон", корхонаи коркарди қуму шағал ва масолеҳи бетонӣ дар пойгоҳи истеҳсолии ҶСК "Панҷакентсоз", нуқтаи хизматрасонии техникӣ дар кўчаи Шамсиддини Шоҳин, боғи истироҳатию фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматии панҷошёна дар маҳаллаи Самарқанд, сехи қолинбофӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар хиёбони Рўдакӣ ба бунёди идораи адлия санги асос гузошта шуда, эъмори биноҳои нуҳошёна ва ёздаҳошёнаи истиқоматӣ оғоз гардида, дар саҳни онҳо майдончаҳои варзишӣ ва фаввораҳо сохта хоҳанд шуд. Дар ҳамин мавзеъ чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона низ қомат хоҳанд афрохт.