Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕИмрӯз мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" дар ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62 ба ҷои вакилони ваколаташон пеш аз муҳлат қатъшуда, интихоби вакилони нави Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ҳамаи қитъаҳои интихоботии ҳавзаҳои номбурда шуруъ аз соати 06:00 субҳ дарҳои худро барои интихобкунандагон боз намуданд.
Дар маҷмуъ, дар ду ҳавзаи шаҳрӣ 7492(ҳафт ҳазору чорсаду наваду ду) нафар интихобкунанда барои интихоби номзадҳои сазовори халқ номнавис шуда буданд.
Сокинони шаҳру ноҳияҳои пойтахт - намояндагони касбу кори гуногун бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва руҳияи баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ ба қитъаҳои интихоботӣ омада, ба номзади арзандаи худ райъ доданд.
Мувофиқи маълумоти комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз рӯи шумораи иштироки интихобкунандагон то соати 12:00-и вақти маҳаллӣ беш аз 63 дарсади райъдиҳандагон дар интихобот иштирок карданд ва ҳамин тавр интихобот барпошуда, эълон гардид.
Имрӯз ҳамчунин дар ҳавзаҳои интихоботии №4, №8, №23 ва № 24 интихоби вакилон ба ҷои вакилони хориҷшуда дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Исмоили Сомонӣ доир шуд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии № 25 ва №62-и шаҳри Душанбе ва ҳавзаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ соати 20:00-и вақти маҳаллӣ ба анҷом расида, натиҷаи онро комиссияи шаҳрии интихобот баъд аз ҷамъбасти кори ҳамаи ҳавзаҳо рӯзи 03.04.2017 эълон мекунад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин