Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

ВАҲДАТ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА МУҚАДДАС

Гузориши мухтасар аз маҳфили бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон.
Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои донишкада бахшида ба 20 - солагии Рўзи ваҳдати миллӣ мулоқоти масъулини Ҳаракат бо устодону донишҷўён баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори донишкада дотсент Ҷ. Ғанизода, Раиси комиҷроияи ҳаракати ҷамиъятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон М. Асрорӣ, Раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Авзалов, мудирони кафедраҳо, ҷонишинони деканҳо оид ба таълим ва тарбия, мудирони шуъбаҳо, сохтор ва зерсохторҳои донишкада иштирок доштанд. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкада номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳусни оҒоз бахшида, баъдан Раиси Комиҷроияи ҳаракати ҷамиъятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон М. Асрорӣ ва Раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Авзалов суханронӣ карда, ҳозиринро ба фаро расидани ҷашнӣ ниёгонамон- Наврўзи Аҷам табрик намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки дастовардхои имрўзаи Тоҷикистон аз пойдории Ваҳдати миллӣ мебошад, ки асосгузораш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Сипас устоди кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ дотсент С. Усмонов дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - бахти миллат» маърўза карда, аз донишҷўён даъват ба амал оварда шуд, ки бо баҳои хубу аъло хонанд ва шукургузори сулҳу ваҳдат ва ободию шукуфоии давлати азизамон бошанд. Донишҷўён дар навбати худ оид ба ваҳдати миллӣ бо маърўзаву порчаҳои шеърӣ диққати иштирокдоронро ба худ ҷалб намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони маҷлисро ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бистумин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ ҳифзу ҳимоя ва таҳкими он, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, афзун намудани дастовардҳои истиқлолият ва масоили доҒи дигари ҷомеа ҷалб намуд.
Мавсуф аз ҷумла таъкид дошт, ки имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад. Рўзи Ваҳдати миллиро ҳамасола мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсоси ифтихори баланд таҷлил менамоем. Бо имзо шудани ин санади муҳими таърихӣ мардуми азиятдидаи мо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, кишварамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобасомониву нобудӣ наҷот бахшид.
Бо шарофати сулҳу субот, ваҳдату иродаи матини кулли мардуми тоҷик, инчунин кўмакҳои беҒаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав мо тавонистем, ки на танҳо давлатамонро аз парокандагӣ наҷот бахшем, балки дар таъмини рушди побарҷои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.
Вале набояд фаромўш кард, ки ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳанӯз оғози баҳамойӣ ва ба иттиҳоди ду ҷониби даргир буд. Аз ин рў, ҳадафи аслии Роҳбари мамлакат ҳамчун кафили давлати соҳибистиқлол ва орому осоишта ин буд, ки даст ба дасти ҳам додани ҳамаи шаҳрвандони кишвар на дар зоҳир, балки он бояд дар амал пиёда гардад. Солҳои сипаришуда, ки барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид.
Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, барои ҳамешагӣ вориди рўзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Дар он рӯзҳои тақдирсози таърихи худ мо дарк намудем, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат ёфтани муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон, пароканда шудани миллати тоҷик ва ҳатто аз байн рафтани марзу буми ягонаи он гардад.
Табиист, ки дар рӯзҳои сахту мудҳиш таҷрибаи талхи давлатдории Сомониён пеши назар меомад. Аз таърих медонем, ки дар натиҷаи фитнаву дасисаҳо, вусъат ёфтани мухолифату задухӯрдҳо дар миёни фарзандони як миллат давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон ба шикаст рў овард.
Ҳамин тариқ, бар асари фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадум роҳандозӣ карда, оташи ҷанги таҳмилиро дар ҷумҳурии мо афрӯхтанд, мухолифати шадиди мусаллаҳона доманадор шуд ва меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта буд.
Бинобар ин пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар он рӯзҳо чандон осон набуд. Роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат дар раъси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд. Яъне, аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зӯроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариқи гуфтушуниди ҷонибҳо ба миён гузошта шуд.
Мусаллам аст, ки дар он рӯзҳо дастурамали тайёр ё худ ягон намунаи таҷрибаи сулҳофарӣ мавҷуд набуд, ки онро ҳамчун асос қабул кунему аз рӯи он корбарӣ намоем. Дар ҳамаи ҳашт даври музокироту бисту як вохӯриҳои расмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайнро фароҳам оварда, чун роҳнамои асосӣ ба Конститутсияи мамлакат ва иродаи ҷонибҳо такя карда мешуд.
Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартараф созад. Агар раҳбару раҳнамо ва мушкилкушое чун Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дошта бошад. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар поёни асри гузашта ба ҷанги бародаркӯш хотима бахшида, гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, харобаҳоро аз нав обод намудем.
Бар асари низои дохилӣ иқтисоди мамлакат ба андозаи 8-10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид, ки барқарор намудани он вақти тӯлонӣ ва заҳмату талошҳои зиёдеро тақозо намуд. Хушбахтона имрӯз бо эътимоду боварӣ гуфта метавонем, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилиамон рӯ ба афзоиш дорад. Сатҳи камбизоатӣ ба маротиб коҳиш ёфта, айни замон 30 дарсадро ташкил медиҳад. Дараҷаи тавварум низ қаноатбахш мебошад. Равнақи иқтисоди моро тайи чанд соли охир созмонҳои молиявии ҷаҳон ба мушоҳида гирифта, воқеияти онро эътироф мекунанд.
Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум ва раҳбарии хирадмандонаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем. Дар амри ба даст овардани комёбиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши сазовори худро мегузоранд.
Ташкилоти ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки раисии онро Президенти мамлакат бар уҳда доранд, ҷиҳати амалӣ гардондани Барномаи фарогиру нақшаҳои созандааш талошҳои зиёдеро ба харҷ дода, дар бобати татбиқи нуктаҳои Созишномаи сулҳ, таҳкими суботу осоиштагии кишвар, якдилу муттаҳид гардонидани тамоми сокинони мамлакат нақши созандаи худро гузошта истодааст.
Танҳо хирад, ақли солими расо, ахлоқи ҳамида ва маънавиёти баланд метавонад ҳушёрии сиёсӣ, сабру таҳаммул ва ифтихори миллиро таҳким бахшида, моро аз ранҷишу хушунат ва хатокорию зиёдаравиҳо наҷот диҳад ва дар ниҳоят миллатамонро бо ҳам пайванди ногусастанӣ бахшад. Дар ҳамин доира мо метавонем миллатро ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят намуда, сулҳу суботро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар минтақа ҳам таҳким бахшем.
Гузашта аз ин моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳ ва ваҳдати ба даст овардаамонро арҷгузорӣ ва ҳифз намоем, зеро ки суботу ваҳдати миллӣ барои ҳама гуна ҷомеа ба хусус барои кишвари мо чун обу ҳаво лозим аст. Ҳамзамон, сулҳу ваҳдат заминаи боэътимоди тамоми таҳаввулоту пешрафти сохтори давлати демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.
Вазъи сиёсию иҷтимоии имрўзаи ҷаҳон ба ҳамагон рўшан аст. Дар ҳар гўшаи олам гурўҳҳои ифротӣ ва низоъбарангез рўи саҳна омада истодаанд, ки оқибатҳои ногувори онро дида истодаем. Пўшида нест, ки ҷавонони тоҷик ҳам ба гирдоби чунин бесарусомониҳо печида истодаанд. Дар ин маврид ташвишҳои Роҳбари давлатамонро бояд дарку эҳсос намоем. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Паёми солона ва ҳам зимни суханрониашон дар мулоқот бо занону бонувони кишвар дар мавриди гароиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои ифротӣ ва Ғайриқонунӣ бо изтироб изҳори андеша намуданд.
Маҳз ба хотири таваҷҷуҳи бештар нисбати ҷавонон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд, ки мақсад аз он ҷалби бештари ин насли созанда ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва Ғамхории бештар зоҳир намудан нисбати онҳо мебошад. Гузашта аз ин пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда омили руҳбаландии онҳо гашта истодааст.
Воқеан ҳам имрўз авзои сиёсию иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон ором нест. Ин ҳолат пеш аз ҳама ба вазъи иқтисодӣ таъсири калони манфӣ мерасонад. Бинобар ин Ҷаноби Олӣ аз ҷавонони кишвар ва умуман мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки пеши роҳи чунин равандҳоро бигиранд. Зеро ки он оқибатҳои ногувореро дар пай дорад. Давлати ба ном исломии Шому Ироқ бо амалҳои даҳшатбор ва қатлу куштори бераҳмонаашон нафрату адовати кулли мардуми на танҳо мусулмон, балки тамоми ҷомеаи солимфикри оламро ба миён овардаанд.
Омили асосии тибқи қонун ҷашн гирифтани рўзи Ваҳдати миллӣ аз он иборат аст, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан насли ҷавон ҳамеша дар ҷараёни таҷрибаву сабақҳои гузаштаву имрўзаи таърихи худ қарор дошта бошанд ва сабабҳои ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардидани миллати куҳанбунёду фарҳангиамонро бештару амиқтар таҳлил намоянд. Танҳо бо ҳамин васила мо таърихамонро меомӯзем ва ягонагии миллату давлатамонро эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифз менамоем.
Мо ҳамеша ҷонибдори рушду нумуи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошем. Мақомоти кишвар низ талош мекунанд, ки барои равнақи он тамоми шароиту имкониятҳои сохторӣ ва заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам биёрад. Ҳадафи асосии густариши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки намунаи беҳтарини он Ҳаракати ваҳдати миллист, тарбия намудани инсони комил, ватандӯст, созандаву бунёдкор ва таҳаммулпазир мебошад. Яъне шахсияти инсонеро бояд ба камол расонем, ки дар ҳалли мушкилоту проблемаҳои ҷомеа саҳмгузор бошад. Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон ҳамаи моро ба ҳамин масъалаи ҳаётӣ ҳидоят менамояд.
Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ “Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодату бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон- Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад.
Имрӯз таҷрибаи сулҳу сулҳофарии тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ чун як падидаи нодири илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ эътироф шудааст”.
Арзиши муҳим ва волои таҷрибаи сулҳи тоҷикон, албатта, татбиқи ҳадафи бузурги таърихӣ - ваҳдат ва муттаҳидии миллӣ мебошад. Ва чунонки мебинем, имрӯз мо аз баракати сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Баъди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз се маротиба, маҳсулоти саноатӣ сеюним маротиба, тиҷорати хориҷӣ қариб чор маротиба афзуд. Муҳимтар аз ҳама мо сохтори навини иқтисодиро дар амал ҷорӣ намудем, ки он ҷавобгӯи талаботи асри XXI мебошад.
Барои таъмини рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон қабул карда шулааст, ки он бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ таҳия гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва аз тариқи он ба кишварҳои минтақа интиқол додани қувваи барқ аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Ҳадафи дигари стратегияи давлат бунёди иншоотҳои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқи коммуникатсионӣ, пеш аз ҳама роҳҳо, туннелҳо ва пулҳо мебошад, ки барои тақвияти ҳамгироии миллӣ ва байналмилалӣ василаҳои ҳатмӣ ва зарурӣ мебошанд. Бо пешниҳоди Президенти мо Созмони милали муттаҳид солҳои 2018-2028-ро солҳои об барои рушди устувор эълон намуд, ки пеш аз ҳама масъулияти мардуми Тоҷикистонро баланд мебардорад.
Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки мо Тоҷикистони соҳибистиқлолро узви фаъол ва созандаи ҷомеаи байналмилалӣ медонем, ки бо симо ва сирати хосу нотакрор, низоми демократӣ ва босуботи сиёсӣ, сохтори муосири иқтисодӣ рӯ ба инкишоф аст.

Устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Субҳон Усмонов зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватандўстӣ, пойдору устувор ва ободу зебо нигоҳ доштани Ватани аҷдодӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки хамеша диққати аҳли илму адаб ва ҷомеаро ба худ ҷалб мекунад. Хусусан, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки мардуми Тоҷикистон онро зиёд интизор буданд, хушбахтона бо имзои созишномаи истиқрори сулҳ рўзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Масква ба имзо расид. Ин созишнома санади муҳими тақдирсози миллати мо ба ҳисоб меравад.
Инак, аз рўзи имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 20 сол сипарӣ мегардад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шаҳодати пирўзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рўзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ карданд. Маҳз хиради азалии миллати бофарҳангӣ мо буд, ки аз василаи бо зўрӣ ҳал намудани мушкилиҳои сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, роҳи музокироту созиш, роҳи ягонаи расидан ба сулҳу наҷоти миллатро пазируфтанд.
Ба даст овардани ваҳдат кори осон набуд, барои ба ин мурод расидан заҳмат ва талошҳои зиёд ба харҷ дода шуданд. Хусусан Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода заҳматҳои зиёд кашиданд. Барои мо тоҷикон беҳтарин неъмат ин соҳиб шудан ба сулҳи деринтизор буд, ки хушбахтона насибамон гашт.
Бояд гуфт, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ нақши муассир бозида, заминаҳои рушди минбаъдаи ҳаёти халқамонро фароҳам овард. Мардуми Тоҷикистон дарк намуд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандўстона метавонад давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонад ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузоранд.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омўзиш қарор гирифт. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам буда, чун роҳнамо моро ба сўи оянда ҳидоят менамоянд. Агар ваҳдати миллӣ бо таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан Ғайри имкон аст.
Вахдат - беҳтарин неъмат, осудагии зиндагӣ, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷот ва рушди миллату ҷомеа дар ҳар давру замон аст. Акнун бо ифтихор метавон гуфт, ки тифоқию ҳамдилии халки тоҷик меваҳои ширинеро ба бор оварда истодааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё панде аз гузаштаи дуру пешрафтаи тамаддуни кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.
Танҳо бо роҳи ваҳдат, метавонем истиқлоли кишварро муҳофизат намоем, ягонагию ҳамдилии мардумро устувор гардонем, душвориҳою монеаҳоро паси сар карда, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ биорад, Ватани азизамон ба кишвари тараққикарда ва содиркунандаи маҳсулоти дохилии худ табдил ёбад. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нав ва ба хоричи кишвар баромадан, сохтмонҳои азими саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, васеъ кардани заминҳои кишт, бунёди боҒҳои интенсивӣ ва Ғайра иншоотҳои саноатию кишоварзӣ натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аст.
Дар ҷаҳони муосир нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, он аъзои комилҳуқуқи бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ аст ва дар ҷаласаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ пешниҳодҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта мешаванд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Сарвари муаззами кишвар соли 2003 «Соли байналхалқии оби тоза» ,Солҳои 2005- 2015 «Даҳсолаи байналхалқии об барои ҳаёт», соли 2013 «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” қабул гардид.
Аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрўзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад. Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуд, ки барои ҷавонон, ҳамчун нерўи пешбарандаи ҷамъият боиси ифтихор ва сарфарозист.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дўстиву рафоқат ҳукмфармост, он гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ, сиёсату фарҳангаш рушд мекунад.
Имрўз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф намудем. Арзишҳои бузурги умумимиллӣ - соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро бояд ҳифз намоем.
Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳамулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ваҳдат арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, мардумро сарҷамъ кард. Ваҳдат маънии якдигарфаҳмӣ, якпорчагӣ, ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ба ҳам омаданро дорад.
Файзи ваҳдат аст, ки мо муттаҳид шудем, ваҳдат тавонист, ки моро зери пару боли худ сарҷамъ кунад ва бояд дарк намуд, ки ваҳдатро илму дониш таҳким мебахшад. Ҳар қадар насли имрўза маърифатноку босавод шаванд, ҳамон қадар пояи ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрўз таъмини рушди босуботи ҳама саҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳаё гардида, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо назаррасанд.
Миллати бофарҳанги мо дарк намуд, ки тавассути ваҳдати миллӣ рущди минбаъдаи иқтисодӣ, ичтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию техникии кишварро метавон таъмин кард. Маҳз суботу осоиш, тинҷию оромӣ метавонад, сафи сармоягузорону сайёҳони хориҷиро ба кишварамон пайваста афзоиш диҳад ва робитаҳои хориҷиро боз ҳам қавитар гардонад.
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин мо омўзгоронро лозим аст, ки ин неъмати бебахо ва мукаддас - ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, то ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Ҳамчунин дар маҳфили мазкур раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракат Ғ. Афзалов, устоди донишкада Ш. Тошматов суханронӣ карда, ҳозиринро ба ифтихори 20- солагии Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфтанд.

Усмон Солеҳ, “Ваҳдат”
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин