Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ДАСТОВАРДҲО МОРО БА КОР ДИЛГАРМ МЕКУНАД

Таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат хеле рушд ёфт. Ҳамасола дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ садҳо муассисаҳои таълимии наву замонавӣ дарҳои худро ба рўи толибилмон мекушояд.Таваҷҷуҳ ба маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидӣ ва ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш меёбад.
Дар ин мавзуъ суҳбате доштем бо мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Алишер ИСОЕВ, ки онро пешниходи хонандаҳо менамоем.
-Пешравию дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳияро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
-Аҳли маорифи ноҳияи мо фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи маориф, такмили шаклу усулҳои таълим, таълиму тарбияи насли наврас корҳои зиёду назаррасро ба сомон расонидаанд.
Дар ноҳия 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо қариб пурра бо мутахассисони соҳаи омўзгорӣ таъминанд. Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани 50 медал (8 медали тилло, 26 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ) сазовор гаштанд. Аз 2378 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ 2167 нафарашон ба донишкадаю донишгоҳҳо дохил шуданд. Аз ин шумора 114 нафари онҳо ба мактабҳои хориҷи кишвар барои идомаи таҳсил рафтанд. 3 нафар хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилаӣ дар кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Индонезия иштирок намуда, бо медалҳои нуқраю биринҷӣ баргаштанд.
Танҳо дар ду соли охир мо соҳиби 10 муассисаи наву замонавии таълимӣ гардидем.
Дар шоу- озмуни телевизонии вилоятӣ, ки таҳти унвони «Забон – ҳастии миллат» баргузор гардид, хонандагони ноҳияи мо сазовори ҷои дуюм гардиданд.
-Вазъи муассисаҳои томактабӣ чӣ гуна аст?
-Дар ноҳияи мо 3 муассисаҳои таълимии томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 240 нафар кўдакони аз 1,6 сола то 7 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои томактабӣ низ чун муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ низоми сарикасӣ ҷорӣ карда шудааст. Муассисаҳои томактабӣ бо мураббиҳо ва кормандони соҳибихтисос таъминанд.
Воқеан ҳам вазъи муассисаҳои томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Мувофиқи «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020» бояд дар ҳамаи шаҳру нохияҳои мамлакат бо ҷалби соҳибкорон муассисаҳои таълимии томактабӣ сохта шавад.
Соли гузашта Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба ноҳияи мо дар ифтитоҳи муассисаи таълимии наву замонавии №12 (воқеъ дар деҳаи Калоти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон) иштирок намуда, ба мо дастур доданд, ки бинои собиқи ин муассисаро таъмир карда, муассисаи томактабӣ таъсис диҳем. Бо дарназардошти зиёдшавии шумораи кўдакони синни томактабӣ мо нақша дорем, ки шумораи ин муассисаҳоро дар оянда зиёд намоем.
- Ба ҳамагон маълум аст, ки дар меҳвари мактаб ва таълиму тарбия омўзгор қарор дорад. Онҳо аз кадом имтиёзҳо бархўрдоранд?
-Чӣ тавре, ки дар боло иброз доштам, вазъи мактабу маориф ва фаъолияту рўзгори омўзгорон таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловагӣ ба маоши омўзгороне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» мо ба 78 нафар омўзгорони ҷавон 10 фоиз илова ба маошашон ҳақ медиҳем. Дар давоми 3 соли гузашта ба 40 нафар омўзгорони ҷавон аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои деҳот замини наздиҳавлӣ дода шуд. 8 нафар омўзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз бонкҳо қарзҳои имтиёзнок гирифтанд.
Имсол 59 нафар омўзгорон дар вақти рухсатии меҳнатиашон дар осоишгоҳҳои Тосқалъа, Шоҳамбарӣ, Обигарм ва Хоҷа Обигарм истироҳат намуданд. Дар мусоидат бо шуъбаи маориф ба 5 нафар омўзгорони ҷавон аз бонки «Амонатбонк» қарзи имтиёзноки дарозмуддат дода шуд. 21 нафар фарзандони омўзгорон дар вақти таътили тобистона барои истироҳату фароғат ба лагери беруназшаҳрии «Чайка» фиристода шудаанд.
Мо дар оянда низ кўшиш менамоем, ки шароиту зисти зиндагии омўзгоронро боз ҳам беҳтар намоем, то ки онҳо фаъолияти худро дар самти таълиму тарбияи насли наврас самараноктар гардонанд.
- Имрўзҳо бисёриҳо аз нарасидани китобҳои дарсӣ ва сифати пасти баъзе маводҳои таълимӣ шикоят мекунанд. Назари шуморо дар ин бобат фаҳмидан мехостем.
-Мо ҳар сол аз рўи шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи дархост аз Маркази табъу нашри вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ китобҳои дарсиро дастрас менамоем. Маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ имсол 486 ҳазор сомониро ташкил дод, ки мо нақшаи ҷамъоварии онро иҷро кардем.
Аслан мушкилӣ дар он аст, ки муҳлати пардохти иҷораи китобҳои дарсӣ барои 3 сол (соли аввал 34 фоиз, ду соли минбаъда 33 фоизӣ) пешбинӣ шудааст. Баъзе аз китобҳои дарсӣ баъди гузаштани якчанд сол ду – се маротиба бознашр мешаванд, вале китобҳои тозанашр сари вақт дастраси хонандагон намегарданд. Боз як чизи дигар боиси нигаронӣ аст, ки китобҳои дарсӣ аз баъзе фанҳои таълимӣ ҳамоно куҳнаанд. Яъне мавзуъҳои дарсӣ аз рўи китоб бо барномаҳои таълимӣ мувофиқат намекунанд, ки ин албатта ба омўзгорон мушкилӣ пеш меорад.
Гузаштан ба таълими салоҳиятнок соли 2020 имкон медиҳад, ки ин мушкилиҳо ҳалли худро ёбанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия истифода ва муносибат бо китоб дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни вилоятии «Китоб – ганҷи бебаҳо», ки дар маркази вилоят – шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид, ғолиб омада, соҳиби ҷои аввал гардиданд.
- Чӣ тавре,ки мо иттилоъ гирифтем, дар пешравию дастовардҳои соҳаи маориф шумо ҳамчун роҳбари кордону масъулиятшинос саҳми арзанда доред. Бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия, раиси вилоят ва мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидаед.
-Аҳли маорифи ноҳия аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бисёр шукргузорӣ менамоянд. Бо шарофати роҳбарии оқилона ва дастуру ғамхориҳои беназири ў мо соҳиби даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, бинои наву замонавии шуъбаи маориф гардидем. Ман аз он шукргузорӣ менамоям, ки хизматҳои хоксоронаи ман ҳам аз назари давлату ҳукумат дурр намонд.
- Ташаккур барои суҳбат!
Аъзам БОБОЕВ,
хабарнигори «Ваҳдат»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин