Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ШАЪНУ ШАРАФИ ИНСОН ВА СИЁСАТ

ШАЪНУ ШАРАФИ ИНСОН ВА СИЁСАТ

Мо кистем? Рисолатамон чист? Аз дигар мавҷудоти олам чӣ тафовут дорем? Инсони асил кист? Вай бо кадом сифатҳояш аз дигарон фарқ мекунад, ки имкон медиҳад дар иҷрои рисолати инсониаш муваффақтар бошад? Башарият сари ин масъалаҳо аз давраи зуҳури худ ба олам фикр мекунад. Саволҳои мазкур имрўз беҳтарин ақлҳоро ба андеша вомедоранд. Ҳамин саволҳо буданд, ки ба миён омадани улуми мухталифро сабаб гардиданд, ҳикматро (фалсафаро) ба вуҷуд оварданд. Нигоҳҳои динию фалсафӣ ба масъала бо ҳам тафовут пайдо карданд. Дар натиҷа атрофи онҳо ҳам дар илоҳиёт ва ҳам дар фалсафа дидгоҳҳо, низомҳои хоси мафкуравӣ шакл гирифтаанд. Онҳо ҳамеша миёни ҳам дар набард буданд. Имрўз низ созиш надоранд.
Яке аз масъалаҳои мавриди баҳсу андеша мавзуи каромати инсонӣ, шаъну шарафи инсон аст. Он чист? Шаъну шараф моҳияти моро ҳамчун одам муайян мекунад, инсонро ташхис медиҳад. Донишмандони илоҳиёт сарманшаи пайдоиши шаъну шарафро зотӣ медонанд, ба Офаридгор нисбат медиҳанд, чун одам руҳ ва ба ҳамроҳи он шаъну эътибори инсониашро аз Худо гирифтааст. Таври маълум, руҳ танҳо мухтас ба Офаридгор аст ва он Зоти пок фақат инсонро аз байни соири махлуқоти офаридаи хеш бо тақдими ин руҳ шарафёб сохтааст. Аз ҳамин лиҳоз, уламои ислом ҷойгоҳи шаъну шарафро хеле олӣ ва дар арши барин мебинанд, ки ин аз майлу иродаи фард ҷиҳати доштан ё надоштани шаъну шарафи мазкур ҳеҷ вобастагие надорад, вай ин мартабаро зотан дар ниҳоди хеш алакай соҳиб аст. Фалсафа низ мавқеи каромат, шаъну шарафро дар ҷомеаи башарӣ пасттар намедонад. Шаъну шараф аст, ки одамияти фардро муайян мекунад, инсонҳоро ба сўйи хоҳиш ва амалу рафторҳои нек ҳидоят сохта, ҷомеаи башариро пеш мебарад. Аммо он, ба ақидаи донишмандони фалсафа, зотӣ нест, воридотӣ аст. Инсон ба он дар ҷараёни зиндагиаш, ба туфайли саъю талоше, ки дар ин роҳ ба харҷ додааст, соҳиб мегардад. Дар натиҷа шаъну шараф мояи пешрафти ҷомеаи башарӣ, такомули пайвастаи сифатии он ба шумор меравад. Вай имкон фароҳам меоварад, ки ваҳдату сарҷамъӣ дар ҷомеа густариш ёбад, одамон ба камолоти маънавӣ талош варзанд, адлу инсоф, волоияти қонун дар ҷомеа ҳоким гардад, пеши роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ гирифта шавад, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ афзун ва сатҳи зиндагӣ боло гарданд. Шаъну шараф миёни одамон тимсолҳое ба вуҷуд меоварад, ки ҳазорон нафар ба онҳо пайравӣ карда, намунаи ибрати хеш қарорашон медиҳанд.
Шаъну шараф яке аз муҳимтарин мафҳумҳои ахлоқ буда, тавасути маҷмуи хислатҳои неки инсон ифода меёбад. Ба ин маҷмуъ масалан, чунин хислатҳо ба монанди хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, адлу инсоф, дилсўзӣ, меҳрубонӣ, хоксорӣ, ростқавлӣ, далерӣ, фидокорӣ, босуботӣ, меҳнатдўстӣ шомил мешаванд. Маҷмуи хислатҳои бад, амсоли золимӣ, тарсончакӣ, бераҳмӣ, дурўягӣ, хасисӣ, танбалӣ, дуруғгўӣ бошад, касро ба бешарафию беэътиборӣ мебаранд. Дар ахлоқшиносӣ номгўи аниқи маҷмуи хислатҳои мусбӣ ва манфии инсон шакл гирифтааст.
Дар давоми таърихи тўлонии рушди фалсафаю ахлоқшиносӣ ба ташаккулёбии консепсияи шаъну шарафи инсон дар Шарқу Ғарб бисёр донишмандон саҳм гузоштаанд ва дар ин росто ҳиссаи мутафаккирони барҷастаи тоҷику форс Абуалӣ ибни Сино, Насириддини Тўсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Абўнасри Форобӣ, Ҳаким Носири Хисрав ва иддае дигар басо бузург аст.
Намояндагони адабиётамон бошанд, кўшидаанд тавассути асарҳои ҷовидонии хеш ҷойгоҳи шаъну шараф, нангу номусро дар ҳаёти инсон баланд бардоранд, одамонро ба риоят ва ҳифзи ин арзиши бебаҳои ахлоқӣ ташвиқ созанд, бо рў овардан ба ин ё он ҷанбаи ахлоқии инсон барои пирўзии одамият бар ноодамӣ, бошарафӣ бар бешарафӣ, ҳақиқат бар ботил, шаъну шарафи асл бар шаъну шарафи сохта дар ҷомеа талош варзанд. Дар осори адибони форсу тоҷик ин ё он паҳлуи хислату рафтори инсон мавриди ситоиш ва ё мазаммат қарор гирифтааст. Умуман, адабиёти класикии мо ба ҷаҳон бузургтарин пандномаҳоро тақдим кардааст ва мавзуи ахлоқ яке аз муҳимтарин паҳлуҳои адабиёти гузаштаи форсу тоҷикро ташкил медиҳад. Мо кадом адиберо аз пешиниёнамон нагирем, аз устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ шуруъ карда, то ба Абулқосим Фирдавсию Фаридуддини Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Адиб Собири Тирмизию Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафию даҳҳо афроди дигар, ҳар яке хонандаашро ба пайравӣ аз арзишҳои олии ахлоқӣ, нигоҳ доштани одамият ва шаъну эътибори инсон даъвату покию накукориро ташвиқ намудааст.
Барои намуна аз устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ меорем:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Аз Абулқосим Фирдавсӣ:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем,
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Ҳар он, к-ў гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зи девон шумар, машмараш одамӣ.
Раво нест баргаштан аз корзор,
Агар ҷон супорем дар кор зор.

Аз Абдураҳмони Ҷомӣ:
Ҳар он кас, ки дар дўстӣ рост нест,
Бад-у душманӣ ҷуз каму кост нест.

Зоҳиру ботини худ яксон кун!
Якдилу якҷиҳату якрў бош!
В-аз дуруёни ҷаҳон яксў бош!

Аз каҷӣ хезад ҳар ҷо халалест,
«Ростӣ-растӣ!» ҳар ҷо масалест.
Рост ҷў, рост нигар, рост гузин!
Рост гў, рост шунав, рост нишин!

Аз Саъдии Шерозӣ:
Тани одамӣ шараф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият,
Агар одамӣ ба чашм асту забону гўшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият?

Одамият чист? Худро ду аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Дар асоси ҷамъи андешаҳои боло хулоса баровардан мумкин аст, ки масъалаи риояти шаъну шараф, каромати инсонӣ чи барои фард ва чи барои ҷомеа басо муҳим аст, он имкон медиҳад, ки инсонҳои аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ пок ташаккул ёбанд. Он барои фароҳам омадани ҷомеаҳои ободу осоишта, тифоқ ва дорои арзишҳои баланди ахлоқӣ мусоидат мекунад. Пас, дар сиёсат, давлату давлатдорӣ ҳам бояд ҳамин тавр бошад, масъалаҳои шаъну шарафи инсон, пайравӣ ба арзишҳои баланди ахлоқӣ бояд дар ин ҷанбаи фаъолияти инсон низ муқаддам шуморида шаванд. Охир, давлат як бахши ҷомеа аст.
Вале дар ин маврид ақидаву дидгоҳҳои баръакс баён шудаанд, ки хеле ҷолиб ва дар айни ҳол шигифтангезанд.
Ин суханон ниҳоят маъруфанд, онҳо аз ҷониби касоне гуфта шудаанд, ки дар сиёсат одамони қаторӣ нестанд. Ба ҳарфҳои эшон таваҷҷўҳ кунед.
Дар сиёсат дўстони кўҳна ва дўстони нав вуҷуд надоранд, фақат манфиат аст, ки доиман боқист. Ин суханҳоро ба Уинстон Черчил, сиёсатмадори машҳури англис нисбат медиҳад, ки дар солҳои сиюму чилум муддатҳои дароз Сарвазири Британияи Кабир буд.
Ҳамчунин, ҳарфҳои Владимир Илич Ленин, яке аз асосгузорони назарияи коммунистӣ ва давлатдории коммунистӣ маъруфанд, ки сиёсатро ифлос ва онро ба зани сабукпо мушобеҳ дониста буд. Чанде пеш гуфтугўйи навбатии мустақими Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш шуд. Журналист аз Президент суол кард, ки оё баъди ҳамаи ин корҳо ба шарикони хориҷӣ бовар кардан мумкин аст? Манзур муноқишаҳоеанд, ки атрофи воқеаҳои бо моддаҳои химиявӣ заҳролуд сохтани ҷосуси собиқи русӣ Скрипалу духтараш дар Англия ва ҳамлаи химиявӣ дар як шаҳри Сурия сурат гирифтаанд. Мақомоти расмии Ғарб дар ҳардуи ин ҳодисаҳо, аз як ҷониб, хадамоти махсуси Росия ва аз ҷониби дигар, қувваҳои ҳукуматии Сурияро, ки тавассути Росия пуштибонӣ мешаванд, гунаҳкор донистанд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки барои ин айбмониҳо асосе вуҷуд надоранду манзур фақат сиёҳ кардани Росия дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ будааст. Владимир Путин дар ҷавоби журналист гуфт, ки дар ин маврид аз бовар кардану бовар накардан сухан рондан мумкин нест. Бовар кардану бовар накардан дар муносибати байни ду нафар, байни ошиқон шуданаш мумкин аст. Аммо дар муносибати байни давлатҳо манфиат вуҷуд дорад.
Ҳамин тавр, се нуқтаи назар, се изҳороте, ки вобаста ба ҳолатҳои гуногун гуфта шудаанд. Уинстон Черчил «дўстони кўҳна ва дўстони нав» гуфта, аз афташ, онро дар назар дорад, ки барои сиёсат дўстӣ, умуман, мафҳуми шартист, он агар вуҷуд дошта бошад, танҳо ба хотири манфиат вуҷуд дорад. Яъне, агар манфиат аз байн биравад, дўстӣ ҳам аз байн меравад. Аз ин дидгоҳ маънои суханони Владимир Илич Ленин ва Владимир Путин ҳам равшан мешавад. Яъне, аз ҳама муҳим фоида, манфиати давлат, манфиати қувваи сиёсӣ, аслҳои ахлоқӣ, дасту дили пок, шаъну шарафи инсонӣ бошанд, дар ин маврид бебаҳоянд, арзишманд нестанд, онҳо танҳо чун воситаи ба даст овардани манфиат хизмат мекунанд.
Акнун маълум мешавад, ки чаро дар сиёсат меъёрҳои дугона вуҷуд доранд, чаро террористҳо ба террористҳои «худӣ» ва террористҳои «бегона» ё худ террористони «таҳаммулгарову» «оташин мизоҷ» ҷудо карда мешаванд, чаро ИМА бо баҳонаи маҳви «яроқи ядроии Саддом Ҳусейн» Ироқро ишғол карду баъд маълум шуд, ки ин гап дурўғи сохтаи худашон будааст. Либиёро ҳам бо ҳамин гуна баҳонаҳо ба хок яксон намуданд, ки то ҳол ба худ намеояд. Чаро ИМА-ву дигар давлатҳои дорои яроқи ядроӣ ҷойи он, ки нобудсозии сартосарии ин василаи қатли омро ба миён гузоранд, Созмони манъи истеҳсоли яроқи ядроӣ ба вуҷуд оварда, пеши роҳи дигаронро ба ин кор мегиранду бо ин силоҳи мазкурро ҳамчун василаи таҳдиди хеш ба давлатҳои боқимонда нигоҳ медоранд. Ва садҳо амалу рафторҳои дигари ғайриахлоқиро дар сиёсати ҷаҳонӣ «дарк кардан» мумкин аст, ки ба унвони ҳифзи манфиат сурат мегиранд. Бо ин баҳона нажодпарастӣ, фашизм, терроризму ифротгаройӣ ҳам «асоси мавҷудият» пайдо мекунанд.
Вале ин баҳонаҳо башариятро ба куҷо мебаранд? Ба нобуд шудани ҳама гуна арзиш ва меъёрҳои ахлоқӣ, адлу инсоф, одамият, шаъну шарафи инсон. Дар ҳоле, ки дар муносибати байналмилалӣ асрҳо боз равобити мутақобилан судманд вуҷуд доранд. Муносибатро дар заминаи манфиатҳои муштарак ҳам ба роҳ мондан мумкин аст ва ҳамин будааст, ки имрўз инсоният ба пешрафту тарақкӣ даст ёфта, дар ҷаҳон сулҳу амнияти нисбӣ пойдор аст. Тасаввур кунед, ки агар дар равобити байналмилалӣ меъёрҳои баланди ахлоқӣ муқаддам намебуданд, ҷомеаи башарӣ ба чӣ хараҷу мараҷе гирифтор меомад. Дар радифи сиёсатҳои истеъморгароёна, поймолсозии манфиатҳои дигарон, кор гирифтан аз дурўғ, тўҳмату бўҳтон дар муносибатҳои байналмилалӣ андешаҳои суди мутақобила, ақл, адлу инсоф, эҳтироми қавлу қарор ва аҳдномаҳои мутақобила, риояти одамият ва шаъну этибори инсонӣ низ ҳамеша вуҷуд доштанд. Ин сиёсат иҷозат намедиҳад, ки мо дўстиро як чизи муваққатӣ шуморида, бо он танҳо чун як роҳи ба даст овардани манфиатҳои худамон муносибат кунем.
Сиёсатҳои дохилӣ низ имрўз дар давлату давлатдорӣ бар пояи аслҳои оқилона, арзишҳои воло, меъёрҳои баланди ахлоқӣ, ба инобат гирифтани манофеи муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа бунёд шудаанд. Ин тақозои демократия аст. Яъне, ҳокимияти мардум, аз ҷониби мардум ва барои мардум. Демократия аст, ки интихоботи озоду шаффофро дар давлатдорӣ, рақобати озодонаи аҳзоби сиёсӣ барои қудрат, озодии байни фикру ақида ва дигар заминаҳои адлу додро фароҳам овардааст. Ҳамаи инҳо рўйи меъёрҳои баланди ахлоқӣ ва риояти шаъну шарафи инсонӣ устуворанд. Ва ҳаминҳоянд, ки назму суббот, ваҳдати миллиро дар ҷомеа таъмин мекунанд, барои рушди ҷомеаи башарӣ замина фароҳам меоваранд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрўз давлатдории навини хешро дар асоси ин аслҳои ақлгароёна, муқаддам донистани ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаъну шарафи инсонӣ эъмор карда, ояндаи ободу осудаи сарзаминро таъмин хоҳад сохт.
Мирзошоҳрух Асрорӣ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин