Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

НАҚДИ ТААССУБГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРС - ТОҶИК

Мо тоҷиконро пайванди ҳазорсолаамон, ки ба адабиёт дорем, намегузорад то пиромуни гузаштаву имрўзаи он пайваста андешаронӣ накунем. Адабиёти мо он қадар бузург аст, он қадар нуктаҳои мубҳам дорад, ки ҳанўз ҳам аз жарфнои он, садафу гавҳарҳои ниҳонии зиёдеро дарнаёфтаанд.
Масоили таассуб ва таассубгароӣ, ки имрўз на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи равшанбину озодихоҳ ва тараққипарвари ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, дар адабиёти классикии беш аз ҳазорсолаи форс - тоҷик низ мавриди таваҷҷуҳи тобноктарин донишварони соҳибхираду мутафаккирони сеҳрофарин гаштааст ва мебояд ёдовар шуд, ки он фозилони даҳр аз дасти мутаассибони хирадбохта зиндагиашонро бо ранҷу озурдагӣ ва сахтиҳо тай намудаанд.
Аз сарнавишти даҳҳо ва садҳо адибони фарҳехтаву донишварзони оламшумули мо, ба монанди одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абўалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Анварии Абевардӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон маълум мегардад, ки дар ҷомеаи гузашта ин тамоили хатарзо ва дастгоҳи харобиовари ҷомеаи мутараққӣ чи ранҷу мушкилиҳо ва балоҳое ба сари фарҳехтагону равшанбинон ва пешбарандагони ҷомеае, ки дар муҳити тангу торики асрҳои миёна монда буд ва онро ба сўи ояндаи неку равшан мисли шамъ дар зулмот рушноӣ мебахшиданд, меовардааст. Аз дарбор ронда шудан ва дар охири умр ба сахтиҳо гирифтор шудани Рўдакӣ, умри худро дар ғурбату азобу уқубат гузаронидани Ибни Синову Носири Хусрав ва Восифию даҳҳои дигар, тахтакулоҳ кардани Анвариву ба сахтӣ кушта шудани Ҳилолӣ ва ғайраҳо натиҷаи амалҳои мутаассибини торикбину сияҳдилу сияҳкори дар ниқоби дину мазҳабҳои шиъиву суннӣ амалкунанда мебошад.
Таассуби динӣ беш аз пеш дар замони вуруду ҳамлаи араб зери дирафши дини ислом дар сарзамини хурраму ободи Эрони Бузург амал карда, байни мардуми форстабор тухми низоъу тафриқа ва ихтилофу бадбиниҳо коштааст. Сарчашмаҳои таърихӣ баёнгари онанд, ки аксари фоҷеаҳо дар таърих аз таассубу пешдоварии шахсони соҳибқудрат ва ё гурўҳи одамон пайдо шудаанд.
Дар асрҳои 9 – 10, ки ба замони таъсиси давлатҳои мустақили тоҷикон (Саффориён, Сомониён), рушду тараққии иқтисодиёт ва болоравии худшиносии мардум, ҳамчун забони адабиёту илм мақом ёфтан ва забони расмии давлатӣ қабул гардидани забони тоҷикӣ, инкишофи шаҳрҳо чун марказҳои илму ҳунару савдо, дастгирии ҳокимон аз аҳли илму адаб ва амсоли инҳо рост меояд, намояндагони дину мазҳабҳои гуногун низ дар эътиқоду пайравӣ аз адёну кешу мазоҳиби мухталиф, аз қабили ислому масеҳӣ, яҳудию зардуштӣ, монавиву маздакӣ, ҳанафиву шофеъӣ, муътазилаю қарматӣ ва ғайра озод буданд. Ба вижа, дар давраҳои аввали ҳукмронии Сомониён оташгоҳу дайри муғонро қариб дар ҳар вилояту навоҳии Мовароуннаҳру Хуросон дидан мумкин буд. Ибодатхонаҳои яҳудиён дар Майманаву Балх ва калисоҳои насрониён дар Самарқанд, Ургут, Хоразм амал мекарданд. Дар Нишопуру Сарахс, Ҳироту Фарғона пайравони муътазила, қарматиҳо, шиъиҳо меизистанд. Ҳатто дар бозорҳои шаҳри овозадори Бухоро буту санамҳои гуногун мефурўхтанд.
Рўҳониёни ҷараёнҳои гуногуни мафкуравӣ байни худ мубоҳисаҳои гарму ҷўшон барпо менамуданд. Хурофот ва таассуби динию мазҳабӣ хеле заиф ба назар мерасид. Лекин аз давраи охири салтанати Насри 2 (914 - 943) ихтилофу задухўрдҳо байни сунниҳо ва аҳли ташайюъ ба задухўрдҳои хунин табдил мегардиданд.
Баъд аз он ки таассубу хурофоти мазҳабӣ авҷ гирифта, лашкариёни турку рўҳониёни сунниву ҷамоат як шуданд, дар охири асри 10 мелодӣ (қарни 4 ҳиҷрӣ) дар Мовароуннаҳр ҳамаи ашхоси барои синфи ҳоким номатлуб бо тўҳмати қарматӣ будан ба муҷозот гирифтор шуданд. Рўҳониёни ислом ва дарбориёни иртиҷоӣ ҳамаи мухолифони худро “қарматӣ”, “исмоилӣ”, “рофизӣ”, “даҳрӣ” номида, ба бединӣ айбдорашон мекарданд. Лашкариёни турктабори саҳронавард, ки дар кори лашкардорӣ дар ин давра дастёб шуда буданд, мекуштанду ғораташон мекарданд, фурсати ба даст гирифтани зимоми давлатдориро меҷустанд, ки ба ин мақсадашон низ дар ибтидои асри 11 расида тавонистанд. Онҳо худро суннимазҳаб номида бо роҳнамоиҳои рўҳониёни мутаассиб тавонистанд, ки намояндагони мазҳабҳои дигари дини ислом, хусусан исмоилию аҳли ташайюъро, ки аксар аз мардуми форснажод буданд, то дер боз бераҳмона қир кунанд. Дар ин куштору хунрезиҳо теғи душман беш аз ҳама ба сари аҳли илму адаби замон – шоирону донишмандон мерасид.
Ин нуктаро донишманди маъруфи Эрон Забеҳуллоҳи Сафо дуруст дарёфта, чунин менависад: “Ин зардпўстон бо ҳамаи тазоҳур ба диндорӣ мардуме фосид ва шаробхора, қаттолу ниҳоб буданд ва ҷуз таҷовуз ба аърозу навосими халқ матлаби муҳимме дар пиндори онон набуд. Зулму бедодгарӣ пешаи эшон буд ва ночор дар аҳди тасаллуташон басе аз мафосиду маъоиби ахлоқӣ дар миёни мардум пароканда шуд... Шояд яке аз ҷилваҳои ин нохурсандии эрониён (тоҷикон низ) аз туркон пайдо шудани як навъ асабияти нажодӣ бошад, ки дар осори шуарои он аҳд ғолибан ба сурати ишорати дашномомез ба туркону хўйи туркӣ ва турктозии онон зоҳир шудааст” (Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, Деваштич: - Душанбе -2003, саҳ. 17).
Шоири маъруфи асри 11 Асадии Тўсӣ дар “Гаршоспнома” ба ҳамин маънӣ гуфтааст:
Вафо н – ояд аз турк ҳаргиз падид,
В – аз эрониён ҷуз вафо кас надид.
Акнун қаламрави бузурги Сомониён то даҳ асри дигар зери суми аспони туркони бо номҳои ақвоми гуногун, аз ҷумла туркони чигилӣ, тотору халухӣ (қарлиқӣ), тоифаҳои ғуз (туркманон), тунгуз (туркони қарохитоӣ), қароғузон, қанқулӣ ва қифчоқӣ, яғмову тибетӣ, муғулу ўзбаку манғитӣ монд, ки онҳо бо сохтани давлатҳои худ бо номҳои Ғазнавиёну Қарохониён (Қарохитоиён), Салҷуқиёну Гўрхониён, Хоразмшоҳиёну давлати муғул, Темуриёну Шайбониён, Сафавиёну Манғитиён, ки беш аз ҳазор сол дар қаламрави Эрони Бузург ҳукмронӣ карданд, пардохтанд ва ба сари соҳибони аслии ин сарзамин бедодгариҳову бераҳмиҳои зиёд оварданд.
Чунин буд вазъи маргбори тоҷик, ки маншаъаш ба айшу нўш гароидани бақоёи Сомониён ва зимоми лашкардориро ба дасти ғуломони турк додан дониста шудааст. Ва чун теғи набард аз кафи тоҷикон рабуда шуд ва муқовимат алайҳи барбарони саҳронавард бесамар буд, хирадмандон бояд чорае месохтанд, то пеши роҳи қатли ом ва вайронкориҳо, бедодгарию хунрезиҳо, бадахлоқиҳою таассуби динӣ ва тафриқаандозию бадбиниҳо гирифта шавад. Ин чора теғи сухани порсӣ – тоҷикӣ буд.
Чунон ки дар боло ишора шуд, диндорони мутаассиб ва рўҳониёни ҷоҳил беш аз ҳама ба аҳли илм (донишмандони илмҳои дунявӣ) ва адаб (ағлаби суханварон донишмандони илмҳои табиӣ низ буданд) дармеафтоданд. Он чи аҳли илмро ба ҳам ё зоҳиран ва ё ботинан муттаҳид менамуд, фикрҳои илмӣ буд. Донишмандони улуми табиӣ ва шоирони равшанфикр новобаста аз вазъи ноҳамвори замон мисли пештара дар мубориза бо ҷаҳолат ва таассуби динии ислом ва ҷаҳонбинии иртиҷоии тасаввуф инкишоф меёфт. Аҳволи моддӣ, маънавӣ ва мавқеи аҳли илму адаби пешқадам хеле душвор буд, зеро озодии афкори илмӣ ва андешаҳо мавҷуд набуд, онро бадбахтии инсон мешумориданд, мухолифини ақидавӣ – рўҳониёни иртиҷоӣ ба ҳар роҳ ба тозаандешон зарбаҳои рўҳӣ ва ҷисмонӣ мерасониданд, ба даҳони онҳо муҳри хомўшӣ задан мехостанд. Ин ҳолатро шоиру донишманди машҳури форс – тоҷик Умари Хайём аз забони аҳли илму адаби замони худ чунин шарҳ додааст:
Асрори ҷаҳон чунон ки дар дафтари мост,
Гуфтан натавон, ки он ваболи сари мост.
Чун нест дар ин мардуми “доно” аҳлӣ,
Гуфтан натавон ҳар он чӣ дар хотири мост.
Муборизаи илмҳои иртиҷоии динӣ ва тасаввуфӣ дар асарҳои Абўсаид Абулхайр, Имом Ғазолӣ, Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Ҳоқонӣ, Ибн-ул-Кифтӣ ва ғайра акс ёфтааст. Абўсаид Абдулхайр дар як рубоии худ ба Абўалӣ ибни Сино, ки дар бораи ба таври киноя “гуноҳҳои” худро бахшидани худо сухан рондааст, ҷавоб гуфта таъкид намудааст, ки худо ўро нахоҳад бахшид:
Ибни Сино:
Моем ба лутфи ҳақ тавалло карда
В – аз неку бади хеш табарро карда.
Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад
Нокарда чу карда, карда чу нокарда.
Абўсаид:
Эй, нек накардаву бадиҳо карда
В – он ки ба халоси худ таманно карда,
Бар авф макун такя, ки ҳаргиз набувад
Нокарда чу карда, карда чу нокарда.
Аз ин рубоӣ муносибати манфии на танҳо Абўсаид Абулхайр, балки ҳамаи уламои ҷоҳили ислом ва аҳли тасаввуф ба аҳли илмҳои дунявӣ ва равшанфикрон намудор гаштааст, ки ибни Сино онҳоро “ду - се нодон”, “ҷоҳилон” ва “харон” номидааст:
Бо ин ду – се нодон, ки чунин медонанд:
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ҷамоат аз фарти харӣ,
Ҳар, к – ў на хар аст, кофираш мехонанд.
Кофир эълон кардани мухолифини ақидавӣ ва шўрондани мардуми авом ва бесаводу зудбовар ба муқобили онҳо, ки аксар бо фоҷеаҳои хунин меанҷомид, усули дўстдошта ва равиши осони уламои ҷаҳолатпарасти исломи ортодоксалӣ ва расмӣ буд. Қатли оме, ки онҳо соли 1095 дар Нишопур ва дигар шаҳрҳои Хуросон бо баҳонаи мубориза бар зидди шаковарандагони дин ва худо ташкил карда буданд, тасдиқи ин даъвост. Дар ин маърака ҳуҷум ба муқобили онҳое, ки фикри озодихоҳӣ, халқпарварӣ ва зидди таассуби динӣ доштанд, низ авҷ гирифт. Ин воқеаи мудҳиш дар замони зиндагӣ ва зодгоҳи шоиру донишманди шўҳратёри форсу тоҷик Умари Хайём рух додааст. Вазъияти ноорому хатари ҷиддиро эҳсос карда, шоиру андешапарвари бузурги мо барои зиёрати хонаи худо ба Макка меравад ва танҳо ҳамон вақт аз Макка бармегардад, ки балвои рўҳониён хомўш шуда буд.
Моҳияти хонаи Каъбаро зиёрат кардани Хайём ба душманони ақидавиаш – уламои ҷаҳолатпарасти ислом маълум буд. Дар ин бора муаллифи китоби “Таърих – ул - ҳукамо” Ибн –л Кифтӣ (1172 – 1248) чунин навиштааст: “... Вақте ки аҳли замонаи ў (Умари Хайём – А. Н.) вайро дар дин таъна ва сирҳояшро, ки пинҳон мекард зоҳир намуданд, ў аз хуни худ тарсида ва инони забон ва қалами худро гирифта, аз барои тарс, на аз барои порсоӣ ба ҳаҷ рафт ва сирҳои нопоки худро фош кард ”(Умари Хайём. Рубоиёт, 1955, с. 12).
Хайём рўҳониён ва умуман арбобони динро ба фиребгарӣ, дурўғгўӣ, нопокӣ ва дорои хислатҳои аз ҳама бад будан айбдор мекард:
Он қавм, ки саҷҷодапарастанд - харанд,
Зеро ки ба зери бори солус раванд.
В – ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зуҳд,
Ислом фурўшанду зи кофир батаранд.
Ин ақида дар ашъори адиби сеҳрофарину нозукбини адабиёти форс – тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, ки бо лақаби “Лисон – ул - ғайб” машҳур аст, боз ҳам барҷаста бозтоб шудааст:
Май хўр, ки шайху Ҳофизу муфтию муҳтасиб,
Чун нек бингарӣ, ҳама тазвир мекунанд.
Ҳофиз аз мавқеи инсондўстӣ ба тарғиботи динӣ нигариста, аз номи дин ба халқ зулм кардани рўҳониёнро фош намуда, гуноҳи золимиро нисбат ба гуноҳи динӣ вазнинтар шуморидааст:
Мабош дар паи озору ҳар чӣ хоҳӣ кун,
Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест!
Ҳофиз ахлоқи ношоистаи алайҳи инсони поктинатро, ки рўҳониён равона мекарданд, дар амсоли намояндагони дин, сараввал дар рафтори шайху зоҳид медид, ки хилофи қавлашон буд:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Шиквае дорам зи донишманди маҷлис боз пурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Ҳофиз ва шоири ҳамзамонаш Убайди Зоконӣ дар ашъори пурмояашон нисбат ба зулму бедодгарии шоҳи замон Муборизуддин, ки аз худ диндору тақводор ва месохт ва дар замони ҳукмронии ў мардум аз одитарин ҳуқуқҳои демократии халқ маҳрум буд, эътироз кардаанд. Дар натиҷаи сахтгириҳои Муборизиддин ва ба оташи фитнаву ошўб доман задани ў кори одамони ҷоҳил, мутаассиб ва иртиҷоӣ боло рафт ва ба корҳои дину давлат пешбарӣ шуданд, вале ҳаёти одамони поквиҷдону озодфикр, аз ҷумла Убайду Ҳофиз зери хавф монд. Убайд бо айби дасисабозию сияҳкории диндорони мутаассиб маҷбур шуд тарки зодгоҳ карда ба Бағдод рў орад:
Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,
Ваҳ, к – аз ин рафтани ночор чӣ ояд ба сарам!?
Меравам дастзанон бар сару по андар гил,
З – ин сафар то чӣ шавад ҳолу чӣ ояд ба сарам?
Ҳофиз аз ин ҳолати баамаломада роҳи халосӣ ҷуста, орзуи рўзи неку зиндагии хуш намудааст:
Бувад оё, ки дари майкадаҳо бикшоянд,
Гиреҳ аз кори фурў бастаи мо бикшоянд?...
Агар аз баҳри дили зоҳиди худбин бастанд,
Дил қавӣ дор, ки ки аз баҳри худо бикшоянд.
Дар бораи гирифтори зулму истибдод гаштан ва ба туҳмату сияҳкориҳои мутаассибину рўҳониёни иртиҷоӣ дучор шудан ва дар ашъори худ бо шиква ва эътироз бархостани намояндагони адабиёти ҷаҳоншумули форс – тоҷик ба гуфторамон метавон идома бахшид, вале фурсати маҳдуд тавони идома додани суханро надорад ва умед аст ба ин мавзўъ дар оянда рў хоҳем овард.
Нодира Ашурова, номзади илми филологӣ, омўзгори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ















рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин