Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА РУТБАҲОИ НАВБАТӢ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

21 феврали соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.
Ҳамин тавр, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 4 нафар бо ордени “Спитамен дараҷаи II”, 5 нафар бо медали “Ҷасорат”, 5 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат” ва 12 нафар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, ба генерал лейтенанти гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ - муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал - полковник, ба генерал - майор Собирзода Эмомалӣ - Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант, ба генерал - майор Файзизода Латифҷон Мирзо - мушовири Вазири мудофиа рутбаи навбатии генерал-лейтенант, ба полковник Эгамзод Шараф Худойбердӣ - муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Донаёрзода Меҳваршо Зевар - сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Бачабекзода Саёрабек Ҷиёнӣ - сардори раёсати қушунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи генерал - майор, ба полковник Охунзода Ихтиёр Неъматулло - муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Қурбонов Темур Пайшанбиевич - муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Раҳимов Фозил Файзиевич сардори раёсат оид ба масъалаҳои амнияти ҳарбӣ дар котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ рутбаи низомии генерал - майор, ба полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид - директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси генерал - майори адлия ва ба Каримзода Зайниддин Маҳмадалӣ - командири бригадаи посбоникунандаи рақами 6593-и сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи генерал-майори адлия супорида шуд.
Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Боронзода Вайсиддин Абдураҳмон - командири қисми ҳарбии 02011 қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Миравар Хушбахт Миршакар - муовини аввали сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминзода Бахтиёр Мумин - командири қисми ҳарбии 01972 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Муссо Неъмат - сардори раёсати ташкил ва сафарбарӣ, муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Спитамен дараҷаи II” сарфароз гардонида шуданд.
Хизматҳои содиқонаи афсарон Асозода Абдулмумин Додхудо - командири қисми ҳарбии 04080 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷонзода Анвар Аҳмадҷон - сардори шуъба-сардори қӯшунҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Азизулло Гадо - сардори бозрасии марказии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Туйчи Эргаш - командири қисми ҳарбии 03377 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳусейнзода Диловар Гадо - командири қисми ҳарбии 07012 қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Ҷасорат” қадр карда шуд.
Барои фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии ҳарбӣ Қосимзода Назараҳмад Қурбон - сардори хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирумшозода Бахтиёр Давлатшо - сардори шуъбаи тайёрии ҷангии раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Зафар Гурез - сардори ситод - муовини аввали командири қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмадзода Бахтиёр Холмад - муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи инспектории раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонов Акрамҷон Амроҷонович - роҳбари дастгоҳи раиси кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сазовор дониста шуданд.
Исломзода Умар Ислом - сардори раёсати тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳамадзода Раҳмад - командири қисми ҳарбии 08030 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Шафқат” сарфароз гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфтанд.
Сарвари давлат ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ гардиданд ва тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.
Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе
Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 - ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои мазкур аз се қисм, қисмати А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад. Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бинои истиқоматӣ тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд шудааст.
Фармоишгари бинои мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд сохта ба анҷом расониданд. Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар баробари фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ ҳамзамон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохторҳои давлатӣ бо манзили зист тайи солҳои охир тадбирҳои муассир андешида, марҳила ба марҳила дар самти ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон муваффақ мешавад.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ аз як ҷониб ба ҳусни шаҳр таровати дигар зам кунад, аз ҷониби дигар боиси коҳиш додани мушкилоти норасоии манзили зист дар шаҳри Душанбе, махсусан барои кормандони ташкилоут идораҳои давлатӣ дар пойтахт мегардад.
Ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат барои хизматчиёни ташкилоту муассисаҳои давлатӣ манзилҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки натиҷаи татбиқи бобарори сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва аз сокинони хуштолеъ - кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки ба ватан - модар содиқона хизмат намоянд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 оилаи корманди ниҳодҳои гуногуни давлатӣ туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Манзилҳои истиқоматӣ дар маҷмуъ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо ва Кумитаҳо тақдим карда шуд.
Маҳз сиёсати бобарору бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сол то сол бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ рушд намуда, барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.
Ифтитоҳи Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 феврали соли 2018 дар арафаи таҷлили 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ - Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.
Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба замми ин нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ пайваст мегарданд. Ва ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муаянгардида интиқол ёбад ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шуруъ кунад.
Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қушунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада, бо пахши мустақим бе ягон мамоният тавассути маниторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.
Бо ҳамин тартиб фаъолияти бемамонияти ин марказ имконият медиҳад, ки тамоми чорабиниҳои муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, он аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе идора карда шавад. Ва ҳолати баамаломада ва иҷрои талаботи пешбинишуда, дар вазъияти ҷанг, замони осоишта ва дар самти муайян намудани вазифаҳои асосии онҳо, ҳамаҷониба таҳлилу ҷамъбаст ва мушаххасан баҳогузорӣ мегардад.
Барои ташкили фаъолияти мунтазами Маркази идоракунии навтаъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохили иншооти мазкур тамоми шароити зарурӣ бо меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ, фароҳам оварда шудааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа
Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.
Дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқарарот ҳайати низомӣ, ротаи қаровули фахрӣ ва Оркестри ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Бинои нави таълимӣ, ки дар арафаи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 утоқи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ҷойи хоб барои таълимгирандагон, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду утоқи навбатдорӣ, мавзеи нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сарулибос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.
Дар ин факулта, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2008 инҷониб беш аз 150 нафар факултаи ҳавопаймоиро хатм намуда, айни замон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият доранд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрику шодбош гуфта, ба саҳми ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисоси низомӣ баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланд омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳад, ки барои ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти муосири ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои иловагиро татбиқ намоем.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин