Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ҶОВИДОНИ ВАҲДАТ АСТ.

Ибораи Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон муқаддас аст, зеро дар он ормонҳои ҳазорсолаи халқамон таҷассум ёфтааст. Воқеан ҳам Ваҳдат барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландию хушбахтӣ, сериву пурии халқ ва рушду шукуфоии кишвар ба он зич иртибот дорад.
Бо пош хӯрдани давлати абарқудрати дунё- Иттиҳоди Шӯравӣ дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун давлати тозабунёду соҳибихтиёр пайдо шуд. Аммо бо гузаштани на камтар аз як сол фазои софу беғубори кишварамонро абрҳои сиёҳу тира фаро гирифт. Ҷанаги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Нооромиҳо ва низоъҳои мусаллаҳона хавфи аз байн бурдани якпорчагии Тоҷикистонро ба миён овард. Маъюсиву ноумедӣ ҳамаро фаро гирифта буд. Бисёриҳо ба ояндаи наку ва сулҳу оромии кишвар умед надоштанд.

Ба қавли шоир Камол Насрулло:
Ба ваҳдат мерасем оё ману ту,
Ба нусрат мерасем оё ману ту.
Дар ин раҳ ин қадар сурат шикастем,
Ба сират мерасем оё ману ту.
Хушбахтона хиради азалии мардуми куҳанбунёдӣ мо дар лаҳзаҳои тақдирсоз ғалаба кард ва ба қавли устод Лоиқ "сулҳи дуринтизори мо омад". Баъди имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон муҳайё гардид.
Имзо шудани санади сулҳи тоҷикон дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Пеш аз ҳама барои таъмини соҳибистиқлолию ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдилёбии Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ буд. Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳу ваҳдатро устувор мегардонид, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буд, ки шумораи онҳо наздики 800 ҳазор нафарро ташкил медод.
Бо ташаббуси хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд. Ӯ ҳангоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданаш дар Иҷлосияи XVI-и таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор қавл дод, ки "Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам , худро ором ҳис карда наметавонам ".
Оре, маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки киштии миллатро аз гирдоби кашмакашҳои сиёсӣ ва ҷангу низоъҳои бемаънӣ ба соҳили муроду мақсуд сиҳату саломат баровард.
Шоири ширинкалом Алимуҳаммад Муродӣ дар ин маврид дуруст гуфтааст:

Буд киштии тақдири Ватан саргардон,
Дар баҳри ҳаводиси балову тӯфон .
Сад шукр ба бандари наҷоташ овард,
Чун ҳазрати Нӯҳ Эмомалии Раҳмон.

Пас аз заҳматҳои зиёд ва интизориҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Шодию хурсандии мардум ҳадду канор надошт. Дар Тоҷикистони азияткашида сулҳу ваҳдат барқарору устувор гардид, орзӯи деринаи мардуми ҷафодида ҷомаи амал пӯшид.
Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Он маҳсули музокироти басо мушкилу тӯлонист, ки ба сарзамини мо сулҳу осоиштагӣ овард. Баъди 20 рӯзи имзои созишномаи таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар мамлакат бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмони нави ҷамъиятӣ "Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" таъсис ёфт, ки мақсади асосии он сарҷамъу муттаҳидсози миллат ва тамоми халқияту қавмҳои сукунатдоштаи кишварамон буд. Маҳз чунин созмон метавонист дар амалӣ намудани талаботи Созишнома ва тарғибу таъмини сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон саҳмгузор бошад.
Бо дастури Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бояд аз таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ оғоз меёфт. Ин дастур ва пешниҳоди Сарвари далатро фаъолони вилояти Хатлон дастгирӣ намуда, 16-июли соли 1997 дар маркази вилоят шаҳри Қурғонтеппа ҷамъ омада, ҷаласаи Шӯрои вилоятии муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро баргузор намуданд. Зеро онҳо ин даъвати роҳбари давлатро ҳамчун рамзи эҳтиром ва Ватану миллат пазируфтанд.
Дар маҷлиси нахустини Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аҳмадҷон Ализода раис, Турсуной Алимардонова ва Саид Салимов муовини раис интихоб гардидаанд. Дар тӯли 20-соли фаъолияташ Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани шартҳои созишномаи сулҳ, таъмини оромию суботи кишвар, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстию ҳамкорӣ байни мардуми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми арзандаю бузурги худро гузоштааст.
Ҳамасола Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятӣ ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамаи корхонаю муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрию мулоқотҳо баргузор мегардад. Соле 2-3 маротиба дар донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав, донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, коллеҷи тибии шаҳри Қурғонтеппа, донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ ва коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб семинар машварат ва вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Баъди ҳар 2-3 сол дар маркази вилоят шаҳри Қурғонтеппа дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Бадахшон ва шаҳри Душанбе бо тантанаю шаҳомати бузург баргузор мегардад.Ин албатта, дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббати мардумро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.
Рўзҳои 28-30 майи соли гузашта ҳафтаи фарҳанги вилояти Хатлон дар ВМКБ зери унвони "Корвони Ваҳдат дар Бадахшон" баргузор гардид. Ин чорабинӣ ниҳоят хотирмону шавқовар гузашта, дар хотири иштирокчиён абадӣ нақш баст. Мардуми меҳмоннавози Бадахшон намояндагони вилояти Хатлонро бо шиори:
Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст,
гарму самимӣ пазирои намуданд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон самараи Ваҳдати миллӣ буда, маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон насиби ҳамагон гардида, имрӯз сулҳу осоиштагӣ ва ягонагӣ тантана дорад. Инчунин садҳо тонна маҳсулотҳои саноатию кишоварзӣ, равған, тухм, маҳсулоти консервагӣ, пиёзу картошка, помидору бодиринг, тарбузу ҳандалакҳои хуштаъм, себу ангур, гелосу шафтолу пешкаши мардуми Бадахшон карда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 70 оилаҳои камбизоат ва 2 нафар кӯдакони ятим аз ноҳияи Рӯшон ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ кӯмак намуд.
Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа низ дар таҳкими сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоии кишварамон нақши бузург дорад. Шӯрои шаҳрӣ баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои худ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдати комил, иттиҳоди мардум, эҳёи беҳтарин суннатҳои давлатдорӣ, сарҷамъии миллату халқиятҳои сокини шаҳр, тарғиби сулҳу ваҳдат, ватандӯстию ватанпарварӣ, худогоҳии миллӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими корҳои арзандаю бузургеро анҷом додааст.
Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ бузургтарини дастоварди замони соҳибистиқлолӣ ва муҳимтарин омили баҳамоӣ, фазои осудаву ором ва дастрасӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ин хотир мо бояд ба қадри ин ҳадяи тақдир бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мардуми кишвар тавонистанд дар тӯли 20 сол ба дастовардҳои бузург ноил гарданд ва худро миёни дигар қавмҳою миллатҳо муаррифӣ намояд. Сохта ба истифода дода шудани роҳҳою нақбҳо, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионию дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бозгӯи рушди иқтисодию иҷтимоист. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сохта ба истифода додани зиёда аз 1100 муассисаҳои таълимӣ нишонаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ба наздикӣ халқи саодатманди тоҷик 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Албатта, ин боиси ифтихори ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён аст. Ваҳдату ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки нодиртарину қиматтарин дастоварди мардуми кишварамон маҳсуб меёбад, омили безаволию тавоноии Тоҷикистони азизанд ва бояд бегазанду абадӣ боқӣ бимонанд. Ва аз забони шоираи маҳбуб Раънои Мубориз мегӯем:

Замин шуд сабз аз гармии дидор,
Само пурнур шуд аз нури ваҳдат.
Шабони тор рафта боз аз нав,
Саҳар манзур шуд аз нури ваҳдат.
Фидои номи ваҳдат, эй азизон,
Ҷаҳон пурсур шуд аз нури ваҳдат.

Аъзам Бобоев, хабарнигори "Ваҳдат".
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин