Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

САРАЗМ - ОҒОЗИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

САРАЗМ - ОҒОЗИ  ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мавриди мероси гаронбаҳои таърихии фарҳангии халқи тоҷик чунин гуфтанд: "Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврўз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо - чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем". Бо дарназардошти ин, идораи ҳафтаномаи "Ваҳдат" тасмим гирифт, ки мақолаи яке аз таърихшиносони маъруфи кишвар Абдуллоҷон Исҳоқовро, ки аз бунёдгузорони ҳафриёти Саразм аст, ба хонандагони арҷманд пешкаш намоед.

Мо дар ин мақола дар хусуси мавқеи фарҳанги шаҳраки Саразмро, ки сароғози таърихамон мебошад, дар рушди баъдинаи фарҳанги сокинони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик таъсири калон дорад, баҳс хоҳем кард. Пас, чаро мо маҳз деҳшаҳри Саразмро пешоҳанги таърихи тамаддуни ниёгонамон медонем? Шояд дар пешниҳоди мо аз тарафи як зумра таърихшоносон, бостоншиносон, мардумшиносон ва файласуфону олимони дигар эродҳо пайдо шаванд. Мо тарафдори эродҳо мебошем ва медонем, ки ҳақиқат ва ҳастии таърих дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои илмӣ пурра мегарданд. Ҳоло мо баҳри ҳимояи ақидаи худ оид ба сароғози тамаддуни тоҷикон будани ёдгории бостонии шаҳраки Саразм ба кашфиёту бозёфтҳои он такя мекунем. Бори дигар хотиррасон мекунем, ки шаҳраки Саразм дар сарзамини Мовароуннаҳр ҳамтою ҳамзамони худро надорад. Аз ин рў, шаҳраки Саразм модари тамоми шаҳрҳои байни дарёҳои Сиру Ому шуда метавонад. Зеро шаҳрҳои қадимтарини ин сарзамин: Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ўротеппа, Чуст ва даҳҳои дигар таърихи 3000 ё 2500 сола доранду Саразм зиёда аз панҷуним ҳазор сол пештар ташкил ёфтааст. Саразм, - тибқи шарҳи суғдшиноси шинохта В.А. Лившитс, маънои "Сари Замин"-ро дорад. Барои дастгирии шарҳи олими забоншинос зарур аст бигўем, ки сокинони кўҳистони Фалғар Саразмро - Саразмин талаффуз мекунанд. Бовар дорам ин шакли тағйирёфтаи ҳамон Саразм мебошад. Аҳолии маҳалии гирду атрофи ёдгорӣ, онро Саразм мегўянд. Барои равшан кардани мақсад гуфтанием, ки Саразм ё Сари Замин ин на номи ёдгорӣ асту на номи деҳа, ин ном ба манзили васеъ хос аст, ки асосан аз замини ҳамвор иборат буда, майдони он қариб ба 10 км2 баробар аст. Хато нахоҳем кард, агар гўем, ки ин ибтидои замини Суғдиён мебошад. Модоме, ки аз Саразм то Бухоро танҳо ҳамворист ва он ҳамворӣ ба маънои пурааш замини васеъ аст, ин ҷойро Сари Замин номидани аҷдодонамон дурусту ҳаққонист. Дар асл имрўз аз Саразм сар карда то баҳри Каспий дар пеш ягон кўҳи баландеро намебинем. САРАЗМ - ҳоло ин номро дар аксар донишгоҳҳою марказҳои бостоншиносии ҷаҳон медонанд. Зеро оид ба ҳафриёти он дар як муддати кўтоҳ, тарзе ки баррасӣ шуда буд, зиёда аз 40 мақола ва 2 китоби мукаммал навишта шуданд. Аксари ин асарҳои илмӣ дар китобхонаҳои калони марказҳои бостоншиносии ватанамон ва дар давлатҳои хориҷӣ маҳфузанд ва ҳар як шахс, агар каме хоҳиш дошта бошад, метавонад бемамониат бо мошини аксбардор барои худ онҳоро нусхабардорӣ кунад. Ҳоло ба сари мақсад бармегардем ва баҳри исботи тамаддуни тоҷикон будани Саразм сухан меронем. Ёдгориҳои бостонии сарзамини Тоҷикистонамонро таҳлилу баррасӣ намуда ба хулоса омадем, ки шаҳраки Саразм қадимтарин манзилу маскани ниёгонамон ҳисоб меёбад. Баъдан дар ин ёдгорӣ аввалин кишоварзону чорводорон, ҳунармандону меъморон дар тўли зиёда аз 1500 сол зиндагӣ карда, касбу ҳунари худро ҳамаҷониба рушд додаанд. Боз Саразм дар рушди тамаддуни мардуми Мовароуннаҳр, ки асоси сарзамини Осиёи Марказӣ мебошад, саҳми боризе гузоштааст. Ҳоло ҳар як далелу бурҳони мо аз бозёфтҳои сершумори осори сокинони Саразм маншаъ мегиранд. Ин гуфтаҳо маҳсули таҳқиқи 15 солаи муаллифи китоби шумост, ки танҳо пас аз омўхтани ашёи моддии 10 ҳафриётгоҳ ва 12 шурф тасдиқи худро ёфтаанд. Ба замми ин ба ман лозим омад, ки аз рўи таҳқиқоти бостоншиносони сершумор, ки даҳҳо ёдгориҳои ҳамзамони Саразмро дар Хуросон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва ҳатто Ироқу Миср кашф намуда омўхтаанд, мутолиа кунам ва ба як фикри мушаххас оям. Аз баррасиҳои ҳафриёти ёдгориҳои кишварҳои номбурда равшан гардид, ки дар тўли ҳазорсолаҳо одамон авлод-авлод ҷойҳои алоҳидаро интихоб намуда зиндагӣ мекардаанд. Масалан, профессор В.М. Массон аз рўи ҳафриёти ёдгории Олтинтеппаи Хуросони шимолӣ равшан намудааст, ки дар ин шаҳри ҳамзамони Саразм мардум аз рўи касбу ҳунар дар маҳаллаҳои алоҳида зиндагӣ мекардаанд. Ба таҳқиқотчӣ даст додааст, ки дар ёдгории номбурда маҳаллаҳои кулолгарон, маъдангудозон, ҳунармандон ва ашрофонро кушояд ва аз рўи далелҳои ҳосилшуда оид ба сохти ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии мардуми Хуросон хулосаи амиқе барорад. Бостоншиносони амрикоӣ - К.К. Ламберг-Карловский, фаронсавӣ - Ҷ. Касал, А.П. Франкфорт, Ҷ.Ф. Ҷариш, итолиёвӣ - М. Тосси дар натиҷаи омўзиши ёдгориҳои Яҳётеппаи Эрон, Мундигак ва Шўртўқаи Афғонистон, Меҳргари Покистон ва Шаҳри Сўхтаи Сиистон (Эрони ҷанубӣ) низ ба хулоса омадаанд, ки ташаккули шаҳрҳои асри сангу биринҷӣ дар Шарқ ба якдигар хеле наздикӣ доранд. Бинобар ин, дар шарҳи хоҷагидорию зиндагонии сокинони Саразм мо бо маҳалгароӣ, нажодпарастӣ ва муҳобот роҳ намедиҳем. Пешравии ҳаёти ҷомеаҳои гуногунро аз рўи ҳастиаш баҳо додан вазифаи муқаддаси ҳар як муҳаққиқ аст. Маҳз бо ҳамин ақида мо шаҳраки Саразмро - оғози тамаддуни тоҷикон номидем ва дар ин гуфтанӣ комилҳуқуқ низ ҳастем. Пеш аз он, ки ба далелу исботҳои аз шаҳраки Саразм ба даст даровардаамон рў оварем, лозим аст гўем, ки дар таҳлилу таҳқиқи он мо ягон осори хаттию ривоятӣ надорем. Зеро дар замони арзи ҳастӣ доштани ин ёдгорӣ, ҳанўз дар кишварҳои Шарқи Наздику Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, дар Саразми водии Зарафшон алифбову хатнависӣ пайдо нашуда буд. Бо вуҷуди ин, мардуми ин кишварҳо забони гуфтугўиву муомилотӣ доштанд. Тўрониёну Эрониён бо забони ягонаи ба ҳамдигар фаҳмо байни ҳамдигар муколама мекарданд. Ин ақидаро мутахассисони соҳаи забон комилан тасдиқ намуда забони қадимаи ин кишварҳоро "забони эрониёни қадим" меҳисобанд. Он далелу исботҳои хаттие, ки аз нахусткитоби ниёгонамон "Авесто" ва катибаҳои ёдгориҳои кишварҳои Шарқи Наздик, пеш аз ҳама аз навиштаҷоти "Бесутун"-и шаҳри назди Кирмоншоҳи Эрони Ғарбӣ баррасӣ шудаанд, тасдиқи гуфтаҳои болоянд. Ҳарчанд он осор аз фарҳанги Саразм 2500 сол дертар пайдо шуда бошанд ҳам, онҳо қадимтарин осори хаттӣ ва забонии мардуми Шарқӣ Наздиканд. Ҳоло мо бостоншиносон ақидаи забоншиносонро, ки дар таҳлилу таҳқиқи он миқдори зиёди олимони ҷаҳон ширкат варзида ба хулосаи ягона омадаанд, низ ҷонибдорӣ мекунем. Бо вуҷуди ин, мо умедворем, ки идомаи ҳафриёти шаҳраки Саразм рўзе осори хаттӣ ва забонии ниёгонамонро ошкор месозаду мо мисли муҳаққиқони ёдгориҳои Миср Шумеру Аккад хат ва забони ниёгони асри биринҷиамонро равшан хоҳем намуд. Ҳоло мо маҷбурем бо забони баррасиҳои ҳафриёт, бозёфтҳои нодири шаҳраки Саразм суханронӣ кунем. Дар ҳалли ин мушкилот зарфҳои мунаққаши сафолӣ, олоти сангию металӣ, хонаву толорҳо, осори кишоварзию чорводорӣ, маъбаду оташгоҳҳои динӣ ва асари боқимондаи даҳҳо касбу ҳунари мардуми Саразм кўмак мерасонанд. Гарчанде ин кор таҳлилу таҳқиқи зиёдеро талаб мекунад, мо аз рўи имкон тавонистем ки онҳоро "ба забон" дарорему лаҳзаҳои алоҳидаи ҳаёти моддӣ, маънавӣ ва суннатҳои кайҳо аз байн рафтаи ниёгонамонро аз нав зинда кунем. Баҳри ҳалли ин қазияи масъулиятнок, муайян намудани ҳақиқати таърих, ҳама комёбиҳои илми замонавиро истифода бурда истодаем. Масалан, барои муайян намудани санаи ёдгориҳо физикҳову химиядонҳоро ҷалб намудем, нажоди одамони қадимро антропологҳо - нажодшиносон муайян карданд. Дар муайян кардани намуди ғалладона, зоту намуди чорво аз хизмати ботаникҳо ва зоологҳо, маъданҳою сангҳо аз маслиҳати геологҳо баҳраманд шудем. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат метвон гуфт, ки танҳо бостоншиносон дар натиҷаи таҳқиқоти мукаммали ҳаматарафа зинаҳои рушди фарҳанги замонҳои қадимро бо тамоми ҳақиқати таърихиаш исбот карда метавонанд. Тарзе ки дар фаслҳои боло хотиррасон кардем, сокинони шаҳраки Саразм қариб тамоми касбу ҳунарҳои мардумиро азхуд карда будаанд. Бо корҳои сохтмонӣ муҳандисону меъморон, чўбкорону хиштрезон, похсачинҳову андовагарҳо машғул буданд. Кулолон, мисгарон, заргарон, сангтарошон ва мардуми касбу ҳунарҳои дигар бо амали худ лавозимоти зарурии рўзгорро истеҳсол мекардаанд. Таъмини маводи ғизоии ҳамаи онҳо ба дўши кишоварзону чорводорон буд. Албатта, ба ҷомеаи Саразм ғизои фарҳангию маънавӣ низ лозим буд, вагарна онро ҷомеаи инсонӣ наменомидем. Ин ғизоро тоифаҳои ашрофон, санъаткорон ва пешвоёни дину мазҳаб арзонӣ медоштанд. Ҳоло аз рўи имкон мавқеи ҳар як ихтирооти ниёгонамонро дар рушди фарҳанги бостонии аҷдодонамон баррасӣ менамоем.
Дар натиҷаи ҳафриёти Саразм чор тарзи биносозиро муайян намудем. Инҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ, анборҳои махсуси ғалланигоҳдорӣ, ибодатгоҳҳо ва қасрҳо мебошанд. Ба гурўҳи якум иморатҳои шахсию-оилавӣ дохил мешаванд. Майдони хонаҳои шахсӣ нишон медиҳанд, ки ҳар як оила дар ду ё се хона истиқомат мекардаанд. Дар навбати худ хонаҳо гурўҳ-гурўҳ дар биноҳои алоҳида ҷой гирифтаанд. Ҳар як бино аз 8 то 15 хонаҳои истиқоматӣ доштанд, ки дар ин гуна биноҳо аз 20 то 30 кас зиндагӣ карда метавонист. Ин тарзи биносозӣ далолат мекунад, ки як бино ба 4-6 оила мансуб будаасту онҳо таҳти назорати "модаршоҳ" ё "падаршоҳ"-и худ зиндагӣ мекардаанд. Баробари ин ҳар як бино бо ҳавлии кушод ё кўчаю тангкўча аз якдигар ҷудо буд. Вале бо вуҷуди ин, аз ҳавлӣ ҳамаи истиқоматкунандагон баробар истифода мебурданд. Дар он дегдонҳо, оташдонҳо ва анборҳои хоҷагии оилаҳои мазкур ҷой гирифта буданд. Аз тарзи иморатсозӣ сохти ҷамоатиро муайян кардан мумкин аст. Яъне саразмиҳо дар ҳолати ҷомеаи ибтидоии модаршоҳӣ буданд.
Мушоҳидаи тамоми масоҳати шаҳраки Саразм ва натиҷаи кофтукови хандақҳову ҳафриётгоҳи 10 маҳаллаи он нишон медиҳанд, ки дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод дар давраи аз ҳама ҷиҳат рушд кардани шаҳраки Саразм, дар он ҷо зиёда аз 5000 нафар одамон зиндагӣ мекардаанд. Гурўҳи дуюми иморатҳо аз анбори ғалланигоҳдорӣ иборат аст, ки ҳафриёти он дар фасли боло хотиррасон шуда буд. Дар мисоли ин бино мо санъати баланди меъмории саразмиҳоро мебинем. Бино аз таҳкурсии яклухти тарафҳояш 15х15 метр иборат буда аз рўи замин 75 см боло бардошта шудааст. Дар вақти бо обтарозу санҷидани кунҷҳои таҳкурсӣ маълум гардид, ки меъморони 5000 сол пеш ин биноро офарида, ҳамагӣ 5 см саҳв кардаанд. Хонаҳои истиқоматӣ ва анборҳоро дар болои ҳамин таҳкурсӣ бино карда, бо ин аз намиву заминҷунбӣ эмин мондани анбори ғалларо таъмин намудаанд. Хонаҳои болои таҳкурсӣ аз рўи сохт ба ду гурўҳ тақсим мешаванд. Гурўҳи аввал, бевосита худи анборҳои ғалла мебошанд, ки онҳо аз 3 хонаи дароз иборатанд. Гурўҳи дуюм, аз 8 хона иборат аст. Онҳо аз ҷиҳати майдон қариб якхела буда дохили онҳо ба 9-10 м2 баробаранд. Дар мобайни яке аз хонаҳои кунҷӣ оташгоҳи мудаввар дарёфт шуд. Аз рўи ин тахмин карда шуд, ки хонаҳои бино истиқоматгоҳи шахсони мутасаддӣ буда, хонае ки дар мобайн оташгоҳ дошт, маъбади онҳост. Худи пайдо кардани ғаллахона - анбор шоҳиди он аст, ки сокинони шаҳраки Саразм худро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин карда метавонистанд. Шояд саволе ба миён ояд, ки асри биринҷӣ, ки ҳанўз ҷомеа шакли давлатдориро намедонист, ғаллаи иловагӣ аз куҷо пайдо шуд? Нигоҳдорӣ ва тақсимоти онро кӣ таъмин мекард? Бояд гуфт, ки ин вазифа ба зиммаи сардорони авлоду қабила ё "доҳии қабила" гузошта шуда буд. Агар як қисми ғалла барои тухмии соли оянда нигоҳ дошта шавад, қисми дигарашро дастнорас нигоҳ дошта, дар ҳолати зарурӣ, ба аъзои қабила тақсим мекарданд. Агар чунин зарурат пайдо нашавад, онро пеш аз ҳама бо чорводорон ва ҳунармандон, ки шуғли кишоварзӣ надоштанд, ба молҳои зарурӣ - пашм, гўшт, шир, воситаҳои ҳунармандӣ ва ғ. иваз мекарданд. Ба гурўҳи сеюми санъати меъморӣ ибодатгоҳҳо дохил мешаванд. Дар давраҳои аввали арзи вуҷуд доштани шаҳраки Саразм, дар ҳазорсолаи чорум пеш аз мелод, вазифаи ибодатгоҳҳоро яке аз хонаҳои истиқоматӣ ба ҷо меовард. Он барои як оила пешбинӣ шуда буд. Баробари пешравии ақлу заковати ҷомеа афкори динии он низ рушд меёфт. Аз ин рў, дар давраҳои баъдина ибодатгоҳҳои махсуси ҷамъиятӣ пайдо шуданд. Онҳо аз бинои алоҳида иборат буда, аз ду то чор толору хонаҳои барҳаво доштанд. Деворҳои онҳо аз хишти чоркунҷа сохта шуда ҳам аз даруну ҳам аз берун муттакоҳо доштанд. Саҷдагоҳи ибодатхона то 110 м2 майдон дошт. Илова ба ин, дар натиҷаи ҳафриёт мо маъбади сохти меъмории дигар доштаро низ пайдо кардем. Тавре, ки дар боло қайд кардем, ин бино доирашакл буда аз бинои маъбадҳои пешина бакуллӣ фарқ мекунад. Бино 7 метр буриши кундалангӣ дошта, рамзи офтоб ва нурпошии онро мемонад. Пас аз баҳсу мунозираҳои зиёд бо бостоншиносон мо онро "маъбади офтоб" номидем. Гап сари он, ки маъбад бо хиштҳои хом сохта шуда, аз ду ҳалқаи мудаввар иборат аст. Хиштҳои ҳалқаи беруна шакли нури офтобро дошта ҳалқаи дохилӣ дар вақти дар дохили он афрўхтани оташ офтобро ифода мекунад. Азбаски ин маъбад ҳамтои худро надорад, ҳоло шакли аслии онро пурра тасвир карда наметавонем. Бо вуҷуди ин, тахмин кардан мумкин аст, ки он гунбазпўш буда дар дохили он шахсони офтобро парастиш кунанда оинҳои худро ба ҷо меоварданд. Гурўҳи чоруми фарҳанги меъмории саразмиҳо қасри доҳиёни қабилаҳо мебошад. Дар ҳафриёти ёдгориҳои Олтинтепаи Хуросони Шимолӣ, Мундигаки Афғонистони ҷанубӣ бостоншиносон В.М. Массон, Ҷими Касал яке аз биноҳои бошукўҳи ёдгориҳои номбурдаро қасри доҳиён номидаанд. Зеро сохтани чунин бино ҳанўз дар ҷомеаи ибтидоӣ аз ҷониби шахсе ё оилаи алоҳида имконнопазир буд. Кушода шудани анбори ғалла, "қасри доҳии" шаҳраки Саразм ва маъбадҳои дар боло ишорашуда санъати бузурги меъмории қадими ниёгонамонро нишон медиҳад. Ин бори дигар собит менамояд, ки гузаштагони суғдиёни қадими тоҷикони муосир ҳанўз дар зинаҳои аввали тамаддун ба деҳкадаву шаҳрсозӣ шуғл доштаанд. Ин фарҳангро мардум аз ягон халқи бегона мерос нагирифта, баръакс ба халқи худ, ҳамсоягони худ мерос гузоштаанд. Аз оғози ҳафриёт то ин дам ҳамагӣ дар 2 гектар ҳафриёт гузаронида шудааст, ки ин аз сад як ҳиссаи ёдгориро ташкил мекунад. Илова кардан ҷоиз аст, ки ёдгорӣ чор давраи зистро аз сар гузаронидааст, ки зиёда аз 1000 сол тўл мекашад. Равшан гардид, ки ҳар як давраи зист аз 150 то 300 сол, дар баъзе ҷойҳо то 400 сол давом кардааст. Дар рафти ҳафриёт мо қабатҳои алоҳидаи осори зистро давра ба давра омўхта роҳҳои рушди зисту зиндагии ниёгонамонро муайян намудем. Ҳоло исбот шудааст, ки ҳар як давра бо тарзи иморатсозӣ, кулолгарӣ ва намудҳои алоҳидаи ҳунармандӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Он биноҳои номустаҳками похсагине, ки дар давраи аввал истиқоматгоҳи мардум буданд, дар давраҳои дуюму сеюм аз хиштҳои бузургҳаҷм бо деворҳои паҳну баланд сохта мешуданд. Агар дар ду деворҳои аввал саразмиҳо яке аз хонаҳои худро ба ибодатгоҳ табдил дода, дар он ибодат кунанд, минбаъд дар давраҳои сеюм ва чоруми зиндагӣ ибодатгоҳро дар ҷойи алоҳида сохта якчанд авлоду қабила дар маъбади умумӣ якҷоя ибодат мекарданд. Аз ин бармеояд, ки саразмиҳо пешвои афкори худро доштаанд. Ин далел дараҷаи баланди маънавиёти онҳоро ифода менамояд. Ҷамъбасти мушаххаси кашфиёту бозёфтҳои шаҳраки Саразм моро водор мекунад гўем, ки фарҳанги Саразм дар натиҷаи робита бо мардуми Шарқ рушд ёфтааст. Кишоварзону ҳунармандон, санъаткорону меъморон дар тамоми марказҳои тамаддуни Шарқ аз баҳри Миёназамин то Бадахшон, аз Хоразм то уқёнуси Ҳинд арзи ҳастӣ доштанд. Ин сарзаминҳои паҳновар дар натиҷаи робитаи тиҷоратию фарҳангӣ, додугирифти маҳсулоти кишоварзию ҳунармандӣ, қариб баробар тараққӣ карданд.
Дар ин мубодила сокинони болооби водии Зарафшон бо тиллову нуқра, мису қўрғошими худ ширкат меварзиданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрўз фарҳанги тоҷикони қадиму муосир ба фарҳанги моддию маънавии мардуми Шарқ: эрониёну афғонҳо, ҳиндувону балуҷҳо, панҷобиҳою кашмириҳо ва арабҳо наздикӣ дорад. Ҳоло замон - замони худшиносист. Ҳар як қавму миллат дар ҷустуҷўи сароғози таърихи худ мебошад. Мо тоҷикон ба туфайли шаҳраки Саразму осори моддӣ ва маънавии он сароғози худро дарёфт кардем, ки вай дар айни замон решаи беш аз 5500 сола дорад ва ин ҳақиқат ва ҳастии таърих мебошад.
Абдуллоҷон ИСҲОҚОВ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин