Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Занон дар ҷомеа мавқеи хосса доранд.

Занон дар ҷомеа мавқеи хосса доранд.

Занон дар ҷомеа мавқеи хосса доранд. Дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақеи занон ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро Сарвари давлат чун ҳамеша занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштанд. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва бонкдориву ҳунармандӣ ҷалб карда шаванд.
Дар робита ба ин мавзӯъ муовини мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра БОБОЕВА андешаҳои хешро манзури хонандагони АМИТ «Ховар» намудааст:
26 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми раҳнамунсози хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат аз натиҷа ва дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар соли 2018 ёдовар шуда, баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагӣ дар соли 2019 вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бояд гуфт, ки Паёми навбатӣ ба замоне рост омад, ки соли дастоварду пешравиҳои азими халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Пеш аз ҳама, ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки мардум солиёни зиёд интизор буданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбарӣ то ба имрӯз ба сохтмони ин неругоҳ диққати махсус зоҳир менамоянд ва онро «ҳаёту мамоти миллати тоҷик» номидаанд.
Соли сипаригашта бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар сиёсати хориҷии ду давлати дӯст муваффақияту дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд.
Ба имзо расидани зиёда аз 50 ҳуҷҷати ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мухталиф, тамдид намудани муҳлати будубоши бераводиди шаҳрвандони ду давлат то сӣ рӯз, муҳайё намудани шароит барои бемонеа ворид гаштан ба ҳудуди ду давлат ва дигар ташаббусҳои созанда аз сатҳи баланди муносибати ду давлат гувоҳӣ медиҳанд.
Дар қатори дигар масъалаҳои муҳим Президенти мамлакат чун солҳои пешин зимни пешниҳоди Паём оид ба нақши зан — модар ибрози андеша намуда, бо таваҷҷуҳ ба ҳаёти занони мамлакат иброз доштанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Барои мисол, метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон ба маротиб афзоиш ёфтааст».
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маорифи мамлакат аз 95 ҳазор кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расид, ки ин нишони таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафарашон занону духтарон буданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба 51 ҳазор нафар расид.
Ғайр аз, ин имрӯз дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайра барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои мухталиф ва муҳими мамлакат равона гардидаанд.
Таъсири ҳамин аст, ки ҳоло сафи занон-вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, айни ҳол дар Маҷлиси миллӣ 6 нафар ва дар Маҷлиси намояндагон 13 нафар фаъолият доранд. Албатта, нақши онҳо дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.
Аз ҷониби дигар, тӯли се соли охир шумораи кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳисоби занон ба беш аз 50 нафар расида, 38 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Мо, занон қабл аз ҳама, шукр аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, суботи сиёсӣ дар кишвари азиз, якдиливу якпорчагии Ватан, таҳкими давлатдорӣ, марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа менамоем.
Паёми имсолаи Сарвари давлатро бо итминон метавон роҳнамои муваффақиятҳои гуногунҷанба дар мамлакат номид. Зеро ҳадаф аз пешниҳоди он вазифагузорӣ ба хотири рушди оянда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин