Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

БА ИСТИҚБОЛИ НУР

Шоҳиён Юсуф, дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз қадамҳои нахустин пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буданашро собит намудан дорад. Ў ба ҳайси сарвари кулли ҶДММ «Ноқили Талко» Паёми имсолаи Сардори давлатамонро бо эъломи «Соли ҷавонон» дар ҷамъомади тантанавӣ ба тобеин расонид ва дар ин ҷода бо олимону ихтироъкорон, аъзои Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такя мекунад. Суханони ҳикматомези Ҷаноби Олӣ: «Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омўзанд, аз сиёсати имрўза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон, фарҳанги худ ифтихор намоянд» миёни коргарон ҳамовозӣ ба амал овард.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ноқили Талко»-нахустин дар Осиёи Марказӣ корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқи шиддаташон гуногун 31-уми августи соли 2011 ба фаъолият шуруъ намуда, дар асоси технологияи нави замонавӣ сохта шудааст. Дар сехҳои коргоҳ хатҳои истеҳсоли ноқилҳо бо таҷҳизоти ширкатҳои эътибори ҷаҳонӣ дошта, аз қабили «Sictra»-и Итолиё, «Smarter» ва «Nanjing»-и Чин, «Siemens»-и Олмон ва «Maillefer Exstrusion Oy»-и Финляндия, инчунин дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ватанӣ, эронӣ ва сербӣ васлу насб карда шудаанд.
Корхона дорои Сертификати мутобиқати системаи менеҷменти сифат ба талаби меъёри байналмилалӣ буда, метавонад маҳсулоташро дар бозори кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо пешниҳод намояд. ҶДММ «Ноқили Талко» имкон дорад бо иқтидори ҳозирааш дар як сол аз 6000 то 8000 тонна алюминийи аввалияро коркард намояд. Сифати ноқилҳои истеҳсолшуда мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ санҷида мешаванд. Се озмоишгоҳи корхона: физикию кимиёӣ, санҷиши шиддати паст ва шиддати миёна бо дастгоҳҳои истеҳсолии ширкатҳои соҳа аз мамолики Чин ва Олмон муҷаҳҳазанд. Аз вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барои насб, танзим, таъмири иншоот ва таҷҳизоти техникӣ иҷозатнома гирифтааст.
Баъди таъсиси Комиссиюни доимоамалкунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот ҶДММ «Ноқили Талко» дар самти коҳишёбии таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, васеъ намудани номгўи истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва ҷуғрофияи фурўши он, мусбисозии тавозуни гардиши савдои хориҷӣ ва дар ниҳоят, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва буҷаи давлат саҳм гузошта истодааст. Туфайли гузаронидани озмоиши симҳои аз хориҷи кишвар воридшуда маълум гашт, ки аксарашон пастсифатанд.
Маҳсулоти корхона ҷавобгўи тамоми меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, дар ҳолати фаъолияти муназзами коргоҳ имкон дорад, ки бо маҳсулоти ватанӣ эҳтиёҷи мардуми кишварамонро қонеъ гардонад.
Алҳол дар ҶДММ «Ноқили Талко» зиёда аз 17 тамға ва 380 номгўи ноқил аз рўи буришҳои гуногун, шиддатҳои пасту миёна истеҳсол карда мешаванд. Баробари истеҳсоли ноқилҳову хатҳои ҳархела, тобдиҳандаҳои хурду бузург, курраи тафсон ва монанди ин ба кор дароварда шуданд.
Коргарон зери роҳбарии Шоҳиён Юсуф тўли солҳои 2015-2016 бо нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидаанд. Барои муқоиса: агар то моҳи апрели соли 2015 аз ҳашт хатти истеҳсолӣ чортояш кор мекард, баъди сари кор омадани сарвари навовару навҷў шаш хатти истеҳсолии нав насб ва мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт. Порсол коргарони ҶДММ «Ноқили Талко» ба ҷамоҳири Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон маҳсулот содир намуда буданд. Чунин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки корхонаи истеҳсолӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи рақобатпазир дошта бошад.
Шоҳиён Юсуф-донандаи илми ҳисоб, хоҷагидори хушзеҳн ва муҳимтар аз ин, роҳбари ҷавони умедбахш дар татбиқи сиёсати собитқадамонаи Пешвои миллат ва махсусан, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва зиёд намудани номгў, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва воридивазкунанда дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар кишвар саҳмгузор аст. Талоши пайвастааш дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат нек арзёбӣ мегардад.
Бо аҳлу тифоқи корхона ният доранд, ки дар озмунҳои байналмилалии сохтмони хатҳои интиқоли барқии 500 кВ «CASA-1000» ва иваз намудани хатҳои интиқоли барқии 0,4 кВ ноқилҳои рўйпўшнашуда (симҳои луч) ба ноқилҳои рўйпўшшудаи тамғаи СИП дар шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб ширкат варзида, ноқилҳои баландсифат истеҳсол намоянд. Ҳамчунин, ҳамкорияшро бо Пажўҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи В. И. Никитин оид ба истеҳсоли ноқилҳои рўйпўши аз партовҳои полиэтиленӣ ва пластикӣ тавсеа бахшида, содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монда, аз ин ҳисоб дар ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки маҳсулоти корхонаи «Ноқили Талко» қиёсан ба дигар ашёи истеҳсолшавандаи ҷумҳурӣ бо сифати баландаш тафовут дошта, харидорони зиёде пайдо намудааст. Миёни коргарон рўҳияи дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда, бар он мекўшанд, ки анъанаи пешсаф монданро аз даст надиҳанд. Шиори коргарон яктост: «Мо барои муштариён ҳамеша маҳсулоти хушсифат пениҳод менамоем!»
Роҳбари озодандеш Шоҳиён Юсуф аз ҳар як мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёну соҳибкорони мамлакат рўҳбаланд гардида, дастуру ҳидоятҳои наҷибонаи Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти доимии хеш қарор додааст. Зеро, ҷавонони саодатманди мамлакатамон неруи созанда ва пешбари ҷомеа маҳсуб ёфта, ояндаи давлату миллат ба меҳнати бунёдкоронаи онҳо зич вобаста мебошад.
Фаъолияти пурсамари сарвари кулли ҶДММ «Ноқили Талко» Шоҳиён Юсуф ҷиҳати ҳамкориву дастгирии амалӣ дар рушди соҳаи саноат ва хидматҳои шоён бо ифтихорномаҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Корпоратсия Сомон-Душанбе», «Ташкилоти ҷумҳуриявии Иттиҳоди ветеранҳои амалиётҳои ҳарбии ОКСВА Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, нависанда
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин