Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:20 – Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 10:38 – Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат 
  • 10:34 – Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 17:17 – Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш 

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намуд

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намудТавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тарафҳо ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи равобит дар соҳаҳои барои ҳар ду тараф мувофиқ мароқ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки оғози парвозҳо дар хатсайри ҳавоии байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкент ва рӯзҳои наздик баргузор шудани Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе аз иқдомоти муҳим дар ин роҳ маҳсуб мегардад.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар ҷанбаҳо мубодилаи афкор намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин