Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии ҚирғизистонИмрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин