Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

САМАРАИ ФАЪОЛИЯТ БЕШТАР ШУДААСТ

САМАРАИ ФАЪОЛИЯТ БЕШТАР ШУДААСТ

Шўрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти худро тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон торафт ҷоннок ва нишонрас мегардонад. Мақсад аз ин таҳкиму густариши ваҳдат, ягонагӣ, муттаҳид гардондани нерў ва кўшишҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, истиқрори сулҳу суботи инсонҳо, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рў, дарозои моҳҳои январ ва феврали соли 2018 дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат пеш аз ҳама маҷлисҳои ҳисоботӣ гузаронида шуд. Маъракаи бақайдгирии иштирокчиёни Ҳаракат низ дар маркази диққат буд.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии гузарондани маъракаи аз нав ба қайд гирифтан ва муайян намудани ҳайати иштирокчиёни Ҳаракат, зиёд намудани таваҷҷўҳи аъзо ба ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии Ҳаракат мебошад. Дар ду моҳи аввали соли 2018 дар ҳамаи 123 ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, дар 15 ташкилот маҷлисҳои таъсисӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 138, аъзои Ҳаракат бошад, ба 19433 нафар расид, ки онҳо бо муташаккилии том фаъ-олият бурда, дар таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми назаррас мегиранд.
Аз таҳлилу муқоисаҳо бармеояд, ки сиёсати ваҳдатофарӣ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами Шўрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди назари ҳар як иштирокчӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ қарор дорад. Санаи 22 феврали соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи солонаи Шўрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи Шўрои ноҳиявӣ оид ба ҷамъбасти соли 2017 ва нақшаву вазифаҳо барои соли 2018, тағйирот дар ҳайати Шўро ва дигар масъалаҳои рўзмарра баррасӣ шуданд. Моҳи апрел бошад, дар ноҳия семинар - машварати дастурии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гашт. Дар он ҳадафҳои Ҳаракат, камбудиҳои ҷойдошта, роҳу усулҳои самарабахши пурзўр намудани фаъолияти Шўроҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат баррасӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисобот яке аз вазифаҳои муҳимтарини Шўрои ноҳиявӣ тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҳамзамон дастоварду дурнамои мамлакат дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа бо мисолҳои аниқ аз ҳаёти маҳал ба сокинони ноҳия расонида шуд. Барои баланд бардоштани обрўю нуфуз ва эътибори Ҳаракат, тарғибу ташвиқи ғояҳои он дар ҷомеаҳои меҳнатӣ, маҳаллаҳои сераҳолӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ бо иштироки собиқадорон, кормандони пурдидаи давлатӣ ва фаъолони Ҳаракат дар байни аҳолӣ вохўрӣ ва мулоқоту суҳбатҳо баргузор карда шуд.
Ҳаминро бояд гуфт, ки бо ташаббуси Шўрои куҳансолони мо ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 22 апрели соли 2018 ҷашни 70-солагии вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии кишвар, собиқадори матбуот, адиби шинохта Абдурасул Ҳабибов баргузор гардид, ки ҷанбаи фарогири омўзандагию тарбиявӣ дорад.
Хулоса, фаъолияти Шўрои Ҳаракати мо ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҷалби мардум ба ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ назаррасу ибратбахш буд.
Садриддин РАҲМАТУЛЛОЕВ,
муовини раиси Шўрои Ҳаракати ҷамъиятии ваµдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин