Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:31 – ДИРАФШИ КОВИЁН. Аз қадим то имрӯз тоҷикон парчамро ҳамчун рамзи Истиқлолу Ваҳдати халқ ва Пойдории давлатдории миллӣ истифода мебаранд 
  • 08:42 – Наргис Шарифзода: «Вақте дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон барафрохта мешавад, аз ифтихори зиёд ашк аз чашмонам ҷорӣ мегардад» 
  • 17:05 – Дар Павилиони Тоҷикистон дар Миср масоили марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид 
  • 17:02 – Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мешаванд 

Ба собиқадорон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида шуд

Ба муносибати 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молии якдафъаинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Кумакҳоро аз номи Ҷаноби Олӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ба собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо Амри навбатии худ ба ҳар кадом аз собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд. Ин кумаки Пешвои миллатро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг мерасонанд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додаанд, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг кумак расонанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин