Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ ВА ҚУДРАТҲОИ ЗЕҲНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ ВА ҚУДРАТҲОИ ЗЕҲНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Дар Паёми соли 2016 Пешвои муҳтарами миллат таъкид карда буданд: "Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд". Дар идомаи ин таъкид изҳори таассуф карданд, ки "…дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанўз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд".
Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои "Рушди неруи инсонӣ", "Беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ", "Зиндагии шоиста", "Ҳамқадами илму технологияи муосир будан", таъбирҳои илму дониш, маърифат, одобу ахлоқ, муоширати шоиста ва монанди инҳо дар баробари таъбирҳои рушду тараққии саноат, саноатикунонии кишоварзӣ, дар маркази диққати ҳамешагӣ доштани саломатии миллат, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун сармояи давлат шинохта шудааст, ба ҳукми таъбиру калимаҳои калидӣ дида мешаванд.
Хусусияти аз ҳама муҳимми паёмҳои Президенти муҳтарам, бунёдгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои дурандеши миллат Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки дар ин барномасозиҳои солона ҳар як ҳадафи таъйиншуда воқеиву саривақтӣ буда, стратегияи расидан ба онҳо воқеъбинона, реалӣ, марҳила ба марҳила матраҳ мешавад.
Агар як нигоҳи мустақими ҳадафгир намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки ҳадафгузориҳо дар паёмҳои Пешвои миллат зина ба зина қудратҳои истеҳсолӣ, тавоноиҳои шаҳрвандон, сохторҳои мушаххаси марбутаро аз ҷиҳати салоҳиятмандӣ ба самти бобарор, бобаракат роҳнамоӣ карда, иқтидори истеҳсолӣ ва молиявии давлатро сол ба сол қавитар кардааст.
Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати соҳибкасб намудани доираи васеи ҷавонон, дар тамоми қаламрави кишвар марказҳои аз ҷиҳати муҳлат, фарогирии ихтисосмандӣ ва шаклҳои таълим гуногуни касбомўзӣ (яъне, мушаххас, ҳадафгир, босуръат, тибқи талаботи рўз) таъсис ёфта, натиҷаҳои босамар доданд. Содатарин самараи иқдоми мазкур, дилпурона метавон гуфт, ин аст, ки сатҳи салоҳиятмандии бинокорон, челонгарон, соҳаҳои хидматрасонӣ ба маротиб баланд гардида, дар бозори дохиливу хориҷии меҳнат муқовиматпазир, қобили рақобат гардидааст.
Аз тадбирҳое, ки ҷиҳати рушду тараққии соҳаи маориф дар Паём матраҳ шуд, метавон натиҷагирӣ кард, ки зарбаҳои харобиовари солҳои нооромӣ дар соҳаи маориф бартараф шуда бошанд ҳам, агар амиқтар назар кунем, бо вуҷуди тамоми муваффақиятҳое, ки мо дар соҳаи маориф дар замони шўравӣ доштем, маълум шуд, ки дар бештари нуқтаҳои маҳаллӣ заминаи моддии соҳа, яъне мактабҳо, таҷҳизот, лаборатория ва монанди инҳо дар шароити хеле хароб қарор доштаанд. Ҳамин аст, ки қотеъона метавон гуфт, дар даврони истиқлолияти сиёсӣ дар Тоҷикистон заминаи комилан нави моддии соҳаи маориф бунёд карда шуд. Санаду рақамҳое, ки дар ин соҳа дар паёмҳо оварда мешаванд, мабалағгузории сол ба сол афзуни давлатиро нишон медиҳанд. Хушбахтона, тайи чанд соли охир дастгирии соҳибкорон низ чашмрас аст.
Рўзгоре, ки мо ба сар мебарем, танҳо марҳилаи таҳдидҳои ғайриинтизор (монанди экстремизм, терроризм, бесуботии низоми сиёсии давлатҳои ба истилоҳ пешрафтае чун ШМА, Франсия) не, балки рўзгори ғайриинтизори рушди қудратҳои истеҳсолӣ низ ҳаст. Дар назар дошта мешавад, ки технологияи рақамӣ миллион-миллион қудратҳои кориро аз бозори меҳнат берун меандозад. Агар ба унвони содатарин мисол, телефони ҳушманд, телефонеро бигирем, ки имрўз тақрибан дар дасти ҳар як шаҳрванд мавҷуд аст, равшан мешавад, ки ҳамин як порча дастгоҳи дастӣ миллионҳо телефончӣ, электрик, сохторҳои телефонии симӣ, муҳосиб, инженер ва ғайраву ғайраро ба бекорӣ оварда расондааст. Бекор будани 50 % аҳолии Испания мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Рушди бисёр босуръати технологияи рақамӣ дар ояндаи наздиктарин на танҳо миллион, шояд беш аз ин сохтмончиён, коргарони соҳаи бофандагӣ ва дигаронро аз майдони кор берун кунад. Дар ояндаи наздик барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоте пеши рў меояд, ки воқеан ғайриинтизор аст. Ҳалли ин мушкилот аз сиёсатмадорон, олимони соҳаи истеҳсолот, бозори меҳнат, қудратҳои истеҳсолӣ ҳамин гуна тадбирҳои тоза ба тозаро тақозо мекунад. Ин мушкилот, дар баробари давлатҳои пешрафта, барои қисми дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои боз ҳам вазнинтарро ба миён мегузорад.
Аз ҳамин нуқтаи назар стратегияе, ки Сарвари дурандеши мо дар соҳаи маориф пеш гирифтаанд, стратегияе, ки дар Паёми имсола боз ҳам возеҳу равшан баён шуд, стратегияи воқеӣ мебошад. Яъне ислоҳоти ҷиддии соҳаи маориф стратегияи саривақтиву мубрам аст.
Дар Паёми имсола талаб карда шуд, ки ҳатто дар деҳот ҳар чи зудтар муассисаҳои томактабӣ бунёд карда шаванд. Ин тадбир он заруратро дар назар дорад, ки тамоили ҷавон шудани на танҳо арбоби сиёсат, балки тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва маданият мушоҳида мешавад. Барои мисол кофист зикр кунем, ки муҳимтарин кашфиёту ихтирооте, ки дар техникаи ҳарбии Русия анҷом пазируфта, раванди сиёсии тамоми ҷаҳонро комилан тағйир дод, бо дасти донишҷўён ба амал омадааст.
Ҷомеаи мо, ки қисми ағлаби онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз ҳамин манзар потенсиали пурқудрати рушду тараққӣ дорад, яъне ислоҳоте, ки Пешвои миллат талаб мекунад, бояд ҳар чи зудтар ба амал оварда шавад. Суръати ин ислоҳотро афзудан зарур аст. Ҳамин аст, ки дар Паём амр шуд, ки бозомўзии комилан муосири муаллимони мактабҳои миёна ба роҳ монда шуда, талабот нисбат ба онҳо бештар карда шавад.
Тақрибан дар аксари суханрониҳои Президенти муҳтарами мо масъулияти шахсии ҳар як шаҳрванд қайд карда мешавад. Рўзгори муосир, бе шарҳу баён, сареҳу возеҳ тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз шакли фаъолият, синну сол ва ғайраву ғайра, агар эҳсоси масъулияти баланд, эҳсоси идроки талаботи шадиди технологии замони имрўзаро надошта бошад, чи дар рўзгори шахсӣ ва чи дар мавқеи ҷамъиятияш бебарор мемонад.
Вақте мо дар бораи рушди неруҳои инсонӣ, пешрафту такмили қудратҳои зеҳнӣ андеша мекунем, дар қадами аввал бешубҳа ба хотир меояд, ки миллати мо дар баробари миллатҳои қадимаи чинӣ, ҳиндӣ, юнонӣ яке аз миллатҳои тамаддунсози ҷомеаи башарист ва албатта табиист, ки мо инро бо эҳсоси ифтихор ба ёд меорем, ки дар ҷараёни тағйироти глобалӣ, хоса дар қисмати фарҳанг масъулияти умумибашарӣ дорем. Харобиҳое, ки дар ҷаҳони маънавии инсон пайдо шудаанд, танҳо ба воситаи фарҳанги ҷаҳоншумули ориёӣ-тоҷикӣ ислоҳ мешаванд…
Дар ин маврид таъкидҳои бузургони таърихи навини миллати тоҷикро набояд фаромўш кард, аз ҷумла таъкиди аллома Бобоҷон Ғафуровро, ки ба ҳукми як васият ба назар мерасад: "Сармояи миллати тоҷик, бешубҳа, тиллои сафед аст, захираҳои маъдании фаровони ватани мо ҳам ҳастанд, аммо сармояи муҳимтарини миллати мо - потенсиали ақлонии миллати мост. Ин сармояро бояд ба бозори ҷаҳонӣ баровард". Ин таъкиди аллома соли 1977 буд - замоне, ки дар бораи бозори озод ва монанди инҳо касе сухане намедонист ва намегуфт. Воқеан, беҳуда аллома нагуфтаанд, чун яке аз сифатҳои муҳимми ин бузургон қудрати пешбинӣ кардани рўзгор аст.
Дар ҳамин маврид як андешаи Пешвои маърифатпарварамонро аз "Чеҳраҳои мондагор" ба ёд биёрем: "Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаҳои пурифтихори Ватанашро дар "Шоҳнома"-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин корро устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволи худ "Тоҷикон" бо санадҳои илмӣ анҷом додааст.
…таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон борҳо бо истилогароне рў ба рў шудаанд, ки дар замони худ нерўмандтарин буданд, вале аҷдоди мо бо ҳифзи забони ширину шоирона ва шевои модарӣ, суннатҳои адабиву фарҳангӣ ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, асолати миллиашонро нигоҳ доштаанд".
Дар ин иктибос ҳам бузургдошти устод Ғафуров, ки мартабаи ўро баробари Абулқосим Фирдавсӣ гузоштаанд ва ҳам шинохту беҳдошти асолати миллӣ мавриди диққати рўз бояд бошад.
Илми муосир, хусусан фанҳои технологияи рақамӣ дар низоми таълими мо бояд мавқеи муҳим касб кунанд. Аммо…
Дар баробари ин, асолати фарҳангии миллат набояд фаромўш шавад. Таъкиде, ки аҷдоди мо кардаанд: "Аз инсон ҳар чи мехўрад, ҳамон содир мешавад", яъне агар меваҷоту гўшту нон мехўрад, маълум аст, ки чӣ содир мешавад. Агар "нур" бихўрад, "нур" содир мешавад ва мусаллам аст, ки манзур аз "нур" илму донишу маърифат аст. Агар инсон илму донишу маърифат "истеъмол" мекунад, бешубҳа, аз ў нур, яъне хирадмандӣ, ростӣ, меҳру муҳаббат, садоқат, меҳнатдўстӣ, одамдўстӣ, ватандўстӣ ва чандин ганҷҳои бебаҳои дигар ҳосил мешавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистони навин кам ҳам бошад, нишонаҳои ҷомеаи постиндустриалӣ ва ҷомеаи истеъмолгар ба назар мерасад. Ҷомеаи истеъмолгар ба истилоҳи классикони мо ҷомеаи танпарвар аст ва танпарвар, нафарест, ки афзалият ба "хўру хобу хашму шаҳват" медиҳад. Танпарвар нафарест, ки ҳамеша мавриди мазаммати азизону бузургони мо будааст. Нафари муқобили танпарвар як нафари манфиатрасон, инсонгаро, меҳнатдўст, ғамхор талаққӣ мешавад:
Як одамие бувад, ба ҷоне арзад,
Мўйе, ки аз ў фитад, ҷаҳоне арзад.
Як одами дигар ҳам аз одамиён,
Нодидани ў мулки ҷаҳоне арзад.
Ин нафаре, ки "ба ҷон меарзад" ҳамеша мақсуду муроди миллати мо будааст. Оне, ки нодиданаш ба мулки ҷаҳон меарзад, ҳамеша мазамматзада, радди маърака будааст. Радди маърака, яъне як нафаре, ки сурати одам дорад, аммо аз ҷамъияти одамӣ берун ронда шудааст.
Аз ин ҷост, ки таъкидҳои Роҳбари муҳтарами мо дар мавриди одоб, ахлоқ, муоширати ҳалимона, эҳтироми падару модар, омўзиши касбу ҳунар имрўз тобиши тоза ва аслии мубрам мегиранд. Яъне ин ганҷҳои бебаҳои миллати мо дар матни ҷомеаи имрўзии зудсайр, ҷаҳонишаванда, рўзгори пур аз ҳаракату талотумҳои ғайриинтизор табиист, ки мавриди зарарёбӣ, мавриди зарба шуда метавонад, хосатан дар ҳоле ки дар ҷаҳони муосир қудратҳои тавоное тарғиби танпарварӣ, зўроварӣ, бераҳмӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳои устувори умумибашарӣ, бо ҳар роҳе ба мақсад расидан, сарфи назар кардан аз ҳалолу ҳаром ва гуноҳу савобро дар роҳи расидан ба мақсадро амалӣ менамоянд.
Албатта, рушди неруҳои инсонӣ гуфта, матлаб ин аст, ки инсон бояд ҷисми сиҳат, қудрати ҷисмонӣ дошта бошад, ғизои солимро аз мурда фарқ карда тавонад ва амсоли инҳо. Илова бар ин, мо дар назар мегирем, ки неруи инсонӣ эҳсос, идрок, ҳуш, хотира, эҳсоси ҳамдардӣ, шинохти қимати волидон, Ватан, миллат, одоби хоси тоҷикона, дину расму оин ва монанди инҳо ҳам ҳаст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои тарбияи неруҳои ҷисмонии миллат ҳам давлат, ҳам мактаб, ҳам падару модар ва ҳам худи насли наврас рағбати хоссае нишон медиҳанд. Ин рағбат хеле пурқувват аст, ки бисёр хуб арзёбӣ мегардад. Аз он назар хуб аст, ки самараҳои фаровони тандурустиву молиявӣ дорад. Яъне нафаре, ки мунтазам ба обутоби бадан машғул аст, камтар мубталои беморӣ мешавад ва дар натиҷа, барои доруву дармон, табобат кам хароҷоти молиявӣ мекунад. Ин хеле тамоюли хуб аст. Аммо боз ҳам ба хотир биёрем, ки:
Одамӣ дид асту боқӣ гўшту пўст,
Ҳар чи одам дид, асли одам ўст.
Мавлавӣ мегўяд, инсон иборат аз гўшту пўсту устухон аст, аммо таркибе, ки як мавҷуди одамшаклро ба одами воқеан тарбиятдида мерасонад, диди ў, ҷаҳонбинии ўст. Аз даврони қадим то ба имрўз гунаҳои бешумори ҷаҳонбинӣ маъмул аст, ки дар маҷмўъ дар ду қисмат мухтасар мешаванд: ҷаҳонбинии одами манфиатҷў ва ҷаҳонбинии одами манфиатрасон. Шайх Саъдӣ одамеро, ки манфиатрасон нест, аз сангу гиёҳу ҳайвон ҳам камтар медонад, зеро ҳатто аз як минерал, растанӣ, ё ҳайвон манфиате буда метавонад. Инсонеро, ки аз ў ба ҷомеа, яъне ба хонавода, миллат, Ватан манфиат намерасад, сарфи назар мекунад, одам намедонад.
Ҳикамате, ки бешубҳа, барои ҳамагон маълум аст, ба он хотир оварда шуд, ки донистани ин ҳикмат аз зиндаву поянда доштани он фарқ мекунад, хосатан дар ҳоле ки ин арзиши бебаҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди хатари сахт қарор дорад.
Хушбахтона, ин хатарҳо дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон сирояти сахт накардаанд, аммо бисёр афсўс, ки андак-андак зуҳури ин сироятро мушоҳида мекунем. Як тоҷике, ки тарбияти ақаллан падару модарро риоят карда бошад, ҳаргиз СПИД намешавад, мубталои нашъамандӣ намешавад, барои чанд сотих замини падарӣ бародарро ба суд намекашад. Мутаассифона, мо ин манзараи шумро дидем, ки барои ним метр замини падарӣ байни ду бародар моҷаро сар зад ва бародар бародарашро дар пеши чашми хешовандону фарзандон ба қатл расонд...
Аз ин нуқтаи назар таъкидҳое, ки Пешвои миллатамон ҳам дар паёмҳо ва ҳам дар китобҳояшон, хусусан дар китобҳои "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ", "Чеҳраҳои мондагор" дар мавриди асолати миллӣ кардаанд, ба назари мо, бузургдошт, беҳдошт, амонатдорӣ ва амсоли ҳамин арзишҳоро дар назар доранд.
Дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф масъалаи асолати миллӣ бояд ҷиддан мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, зеро ҷараёни зарба задан ва ҳатто маҳв кардани арзишҳои бунёдии умумибашарӣ дар раванди глобализатсия, ки яке аз қисматҳои ниҳонии он "бенизомии таҳти назорат" (управляемый хаос) мебошад, шиддат гирифтааст.
Тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ дар ҷаҳони мутамаддин, бидуни тардид, ҳамчун тамаддуни инсонгаро, инсондўст, инсонпарвар маъруф шудааст. Тамоми тамаддунҳо, миллатҳо, сиёсатҳои ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки: "Бани одам аъзои якдигаранд…"
Ҷомеаи имрўзаи умумибашарӣ, хосатан қисмати пешрафтаи он ва аз ин қисмат мушаххасан олимони улуми рақамӣ, биотехнологӣ, генетикӣ, информатсионӣ ба он марҳилае расидаанд, ки хоҷагони олигархи худро бо самарҳои ҳайратовари ин илмҳо муҷаҳҳаз мекунанд, табобат мекунанд: дилу гурдаву ҷигару дасту пойи кўҳнаву фарсудашудаи онҳоро ивазу таъмир мекунанд, шиддати бемориҳои онҳоро ба маротиб саҳлу осон мекунанд. Ин пулдорони абарқудрати ҷаҳон, ки бо ҳисоби мутахассисон, ҳамагӣ панҷ фоизи аҳолии кураи заминро ташкил мекунанд, имрўз тақдири тамоми инсониятро ҳал мекунанд, гуфтан мумкин аст, баъзан бо тақдири инсоният бозӣ мекунанд, таҷрибаҳо мегузаронанд. Мисоли содатарини ин ҳукм он аст, ки гуруснагии баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон (монанди баъзе аз қисматҳои Африка, Бангладеш…) натиҷаи камобӣ, беҳосилӣ, қаҳтӣ ва ҳоказо набуда, балки ҳукми бозиҳои сиёсии ин ҷаҳондорон аст…
Дар улуми ҷомеашиносӣ ва инсоншиносии имрўза истилоҳоти наве, монанди "трансгуманизм", "дегуманизатсия", "постгуманизм" пайдо шудаанд, ки аслан, аз назари эволютсияи ҷомеаи ҷаҳонӣ, як марҳилаи нави ғайричашмдошт, ғайриинтизор мебошад. Ин истилоҳот ҳанўз таърифи мушаххасу равшан надоранд. Дар ҳар сурат дар ҳоли имрўз чунин шарҳу таъриф доранд.
Постгуманизм раванди рушду тараққии инсоният, вазъи сиҳат ва таъминоти ў аз назари ҷаҳони постиндустриалӣ ва дастрасии инсонҳо ба натиҷаҳои муъҷизагунаи улулми ҷаҳонӣ, хусусан биотехнология, генетика мебошад. Дар ин маврид дар назар мегирем, ки тақсимоти синфии ҷомеа дар марҳилаи постгуманистӣ комилан ғайригуманистӣ, ғайриинсонӣ шудааст, яъне ин самарот баъзан ба сабаби гаронбаҳо буданашон ва баъзан ба сабаби худхоҳии пулдорони абарқудрати ҷаҳон барои инсоният дастарс нестанд. Ин яке аз мисолҳои равшану мушаххаси ғайригуманистӣ, ғайриинсонӣ будани низоми давлатҳои ба истилоҳ пешрафта аст. Дар ин давлатҳо маълум аст, ки чунин арзиши бунёдии умумибашарӣ, ки адолат, ҳамдардӣ, баробарӣ ном дорад, комилан сарфи назар шудааст.
Дегуманизатсия раванди комилан, қасдан ё ба таври қонунӣ - тибқи қонунҳои эволютсионии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ аз байн рафтани боз ҳам арзишҳои пурқимати умумибашарӣ, монанди покдоманӣ мебошад, ки дар ин ҷомеаҳо на танҳо сарфи назар шудааст, балки қасдан, дониста ҳамчун як нишонаи қафомондагии тафаккури шаҳвоният ва ҷомеаи мушаххас талаққӣ мешавад.
Трансгуманизм як раванд, як марҳилаи навест, ки дар ҷараёни он инсоният ба дараҷаи нави зиндагии шахсӣ, ҷамъиятӣ, шароити комилан дигар, аз назари рушду тараққии илмҳои мазкур, аз назари гузаштан ба ҷомеаи комилан дигари ҷаҳонӣ мерасад.
Дар чунин шароит тақдири ҳикмати ҷаҳонгири "Бани одам аъзои якдигаранд" чӣ мешавад? Оё ин ҳикмат дар ҷаҳони имрўза коромад ҳаст? Оё имконияти пойбандӣ бар ин ҳикмат, пуштибонӣ аз ин ҳикмат вуҷуд дорад?
Ин саволҳо асрӣ, мубрам, тақдирсоз ҳастанд. Аз назари ин ҷониб, зиндагии инсон бо маҷмўи камолоти зебоиҳои инсонӣ, ҳаловатҳои инсонӣ, лаззатҳои инсонӣ, тапиданҳову ранҷҳои ширини инсонӣ, ки на камтар аз шодиву тарабҳои инсонӣ ҳастанд, бояд зиндаву пойдор бимонанд. Мо натиҷаҳои рўзгори он қисматеро дорем, ки аллакай дар шароити баҳрабардорӣ аз муъҷизаҳои биотехнологияву генетика қарор доранд. Мушоҳидаи олимони барҷаста аз ин феномени асри XXI, мухтасаран бигўем, ин аст, ки ҷаҳони эҳсос, ҷаҳони рўзгори урфии ин қисмат ба рўзгори як мавҷуди комилан холӣ аз эҳсос, роботгуна табдил шудааст.
Албатта, ин раванд яккатози ҷараёни рўзгори инсоният нест. Дар баробари ин, андешамандон, пажўҳишгарон, ихтисосмандони соҳаҳои гуногуни инсоншиносие ҳастанд, ки дар муқобили ин раванд устуворӣ пеша кардаанд ва барои дар сурати инсонӣ нигоҳ доштани ҷомеаи башарӣ ҷаҳду талош меварзанд…
Дар ин раванд ҷаҳонбинии инсонгаро, манфиатрасон, маънипараст, зебоишиносӣ, ҳикматдўстии тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ бо дастовардҳои оламшумули тўли ҳазорсолаҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи хеш қудратеро мемонад, ки имрўз ба хотири инсонии инсоният бояд дар майдони маърака бошад.
Чунин қудрати инсонсоз бидуни рушди неруҳои инсонӣ устувор буда наметавонад, иқтидори муқовимату рақобат кардан дар маъракаи ҷаҳониро дошта наметавонад.
Аз ин нуқтаи назар, матлабҳое, ки Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва дигар осораш ҷиҳати рушди неруҳои инсонӣ, парваришу тараққии қудратҳои зеҳнӣ, ислоҳоти соҳаи маориф гуфтаанд, мубрам ва зарур мебошанд.
Дар маркази диққат будани неруҳои инсонӣ, мавриди парвариши бефосила, бетанаффус қарор гирифтани онҳо гарави барору баракат ва музаффариятҳои миллату давлат хоҳад буд.
Дар ин росто, як ҳақиқати талхе аз рўзгори мо бояд мавриди муҳокима гирифта шавад. Ин ҳақиқати талх тақдири як хазинаи бисёр бузурги ҷаҳонбиниву маърифатӣ, таҷрибаи рўзгор аст. Ин хазина дар синаи он зиёиёне пинҳон аст, ки ба нафақа мераванд, монанди муаллимон, духтурон, инженерҳо, ихтисосмандони дорои маълумоти олии соҳаҳои кишоварзиву кўҳкорӣ ва монанди инҳо. Вақте ин афрод бознишаста мешаванд, тақдирашон бисёр ғамангез мегардад. Бояд қайд кунем, ки тақдири шаҳрнишинони онҳо аз музофотиҳояшон фарқ мекунад. Музофотиҳо ба як рўзгори бисёр хираву дилгир рў ба рў мешаванд. Маълум аст, ки дар деҳот ҷойи ҳама клубу китобхонаву маҳфилҳои ҳунариро масҷиди маҳалла гирифтааст. Қаблан қайд мекунем, ки масҷид бе шубҳа, як манзили шоистаи эҳтиром, шоистаи ғамхориву нигаҳбонист, аммо табиати масҷид, фазову маънои масҷидро танҳо намоз муайян намекунад. Имрўз масҷид ҷоест, ки пеш аз ҳама дар ин маскан навигариҳои маҳалла пахш, муҳокима ва ҳатто ҳаллу фасл мешавад. Ин ҳам бад нест, аммо… Пешвоёне, ки табиати фазову маънои масҷидро муайян мекунанд, мутаассифона, ҳамоно дар машраби эмомхатибони урфӣ ҳастанд, яъне як нафаре, ки гурўҳи дўстони худро дорад (аслан муридон, хушомадгўён, дилҷўёни имом). Ин имом, воқеан, имрўз тамоми масъулияти роҳбариву роҳнамоии як маҳаллаи хурд ё бузургро дорад. Маросими ҷанозаро ташкил мекунад, ба анҷом мерасонад, беморону барҷомондагонро аёдат мекунад (аслан дуову тумору таштоб медиҳад), тамае надорад, аммо одати устувори аҷдодӣ ки ҳаст, яке камтар, дигаре бештар ҳаққи хизматашро медиҳад ва ҳатман як дастархоне дуруст мекунад. Дастархон ҳам маълум ки гуногун аст. Иззату эҳтироми ин мулло ба соҳиби дастархон ба ҳаҷми харҷи дастархонаш аст, ки ин ҳам як ҳақиқати равшан аст. Аз ин дастархон онҳое баҳра мебаранд, ки дар ҳалқаи мулло ҳастанд. Дастархонро бигзорему бигзарем. Аз иззату эҳтироме, ки ҳар як инсон ба он эҳтиёҷи табиӣ дорад, ба ҳамин минвол баҳрабардорӣ мешавад. Дар ин раванд тибқи ҷаҳонбинии урфии музофотӣ, ки мутаассифона, бисёр ҷаҳонбинии ноогоҳ аст, он қисмати воқеан арзишманди музофоту маҳалла, ки зиёиёни бознишаста ҳастанд, на танҳо бебаҳра мемонанд, балки сол то сол, рўз ба рўз қадру қиматашон дар ҷомеа ва қонунан дар хонаводаи хеш паст мешавад. Дар ин раванд падидаи дигаре низ ҳаст, ки бисёр хатарнок аст: қисмате аз ин зиёиён барқасди пайравони мулло, ки табиатан, қонунан хушомадгў, лаганбардор, хабаркаш, чоплус, косалес ҳастанд, гурўҳи шаробхории худро ташкил додаанд. Тақдири ин гурўҳи зиёиён бисёр ташвишовар аст.
Гурўҳи дигар, ки аксарияти зиёиёни бознишастаро ташкил мекунад, маҷбур мешаванд риш монанд, ҷелаке, ки ба он ҳеҷ муҳаббате надоранд, бипўшанд ва аз пайи дилёбии муллову дўстони мулло шаванд. Мо ба ҷелаку риши ҳеҷ кадоме кор надорем. Ташвишу нигаронии мо аз харобшавии рўзафзун, пўсидан ва ҳатто аз байн рафтани он хазинаи маърифат, таҷрибаи дунявии рўзгорест, ки дар синаи ин зиёиён таҳ ба таҳ ҳамчун каҳдуди тар дуд карда, аз байн меравад. Хазинае, ки бояд дар хизмати миллату давлат бошад, таҷрибаи мунавваре, ки метавонад роҳи чандин ҷавони музофотиро равшан кунад. Ин зиёӣ мавқеву мавриде надорад, ки таҷрибаи зеҳниву рўзгори худро ба ҷавонон интиқол диҳад.
Бисёр хуб мешуд дар музофоту маҳаллот барои ин хазинадорони муҳтарам шароит муҳайё шавад, минбару мавриди тақдим кардани маърифату таҷрибаи рўзгорашон муҳайё бошад. Одитарин тадбир ин аст, ки дар маҳаллот хонае сохта шавад, масалан ба унвонҳои "Чойхонаи мўйсафедон", "Хонаи меҳтарон", "Хонаи ҷамъиятӣ"… Дар ин маскан шоҳмоту газетаву журналҳо фароҳам оварда шавад… Сохтани ин гуна як хонаи маърифат, аслан, харҷи зиёде ҳам намехоҳад. Агар ин пешниҳод дастгирии расмӣ пайдо кунад, шубҳае нест, ки худи ин зиёиёни бознишаста ва ё фарзандони онҳо чунин як хонаи нозанин бунёд кунанд, нафаси озод бикашанд. Бигзор, дар ин хона намозхон намозашро хонад, газетахон мутолиа кунад, шоҳмотбоз шоҳмоташро бозӣ кунад.
Ин тадбир хосатан дар доираи се соли оянда, ки дар Паём солҳои рушди деҳот ҳам эълон шудааст, бамавқеъ хоҳад буд. Мусаллам аст, ки ин хона як маҳфили табиии зиёиёни бознишаста хоҳад шуд - як хонаи пур аз маърифату таҷрибаи рўзгори ифтихорманд. Ин маърифату рўзгор бояд густурдаву омўхта шавад, дар рушди неруи инсонӣ, қудратҳои зеҳнии ҷавонони музофоту маҳаллот саҳми арзишманд бигирад.
Вақте мо бандҳои марбут ба фарҳанг, забон, хештаншиносии миллӣ, суботи истиқлолияти сиёсии Паёмро тафаккур мекунем, ба он натиҷа мерасем, ки ин матлабҳо аз оғози фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фаъолияту андеша, суханрониву китобҳояш як хатти бисёр устувори ҷавҳарии андешаи Пешвои миллатро ташкил медиҳад. Дар як самти мустақим ба таҳлил гирифтани раванди ақидаҳои ў нишон медиҳад, ки бозхондани пораҳои марбут ба хештаншиносии миллӣ, асолати миллӣ, беҳдошти мерос ва арзишҳои маънавии миллат ҳама ҷо аз паҳлуҳои гуногун таҳқиқ шуда, дар маҷмўъ, шоҳроҳи ояндаи миллат, самтеро, ки суботи фарҳангии миллатро дар қалъаи суботи сиёсӣ ғамхорона таҳқиқ мекунад, равшан мекунад.
Аз манзари қазияи "рушди неруҳои инсонӣ", "ҳамқадами илму фарҳанги муосир будан" стратегияи бунёди Тоҷикистони муосир равшан мегардад - Тоҷикистоне, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хос дорад, мавқее, ки ҳам асрӣ будани Тоҷикистон ва ҳам бостонӣ будани онро инъикос мекунад.
Агар ҳудуди ин гузориш мухтасар намебуд, барои равшан кардани андешаи зикршуда саҳифаҳои 10, 11 ва 12-и китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-ро иқтибос мекардем. Чун ин гуна имкон нест, даъват мекунем, ин саҳифаҳо ва умуман, китобҳои бисёр мубрами Пешвои миллат ба хотири равшану возеҳ дидани ҳадафи фарҳангии миллӣ дар ҷараёни суботи сиёсии Ватан бозхонӣ шаванд.
Дар ибтидои китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих" андешаи воқеъбинонаву мубрам пешниҳод мешавад: "Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рўҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рўй меоварем".
Андешаи мазкур дар саҳифаҳои 10-11 чунин такмил мешавад: "…таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омўзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳида, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем; дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии Ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеша намоем ва давлати воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро бунёд созем".
Сухани мо дар мавриди рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паёми Пешвои миллат аст. Рў овардани мо ба андешаҳои Сарвари давлат ба он хотир аст, ки рушди неруи зеҳнии шаҳрванди Тоҷикистон як амри на танҳо муҳиму мубрам, балки дар шароити селобаҳои бешумори иттилооти имрўза, ки хусусиятҳои гуногун, сифатҳои мусбиву манфӣ, ғаразҳои ошкору ниҳон доранд, ба тафаккури хоси тоҷикона, ки бидуни тардид асрӣ, ҳамқадами замон ва на танҳо ҳамқадам, балки ҳамқадами рў ба пешқадамӣ бояд бошад, расидан кори бисёр мушкилу мураккаб аст. Оре, мушкил, печ дар печ, аммо мубрам ҳадафест ва мо барои ба рушди неруи инсонии тоҷиконаи асрӣ расидан бояд тамоми қудрати худро ҷонфарсоёна, ҷонфидоёна сарфи ҳамин амр кунем. Моро зарур аст, ки бо таҳаммулпазирӣ, ҷаҳонбинии манфиатрасонӣ, қудрати созандагиву ободкорӣ, яъне ҳамчун як шаҳрванди инсонгаро, поку муназзаҳ аз шовинизм, миллатпарастӣ, худхоҳӣ ва манфиатҷўӣ фарҳанги солими миллӣ, андешаи шаҳрванди соҳибназар, соҳибистиқлоли асриро дар майдони сиёсати имрўз аз селҳои гуногуну рангоранг, мусбиву манфии пурталотум, гирдобҳои ғайриинтизору ношинохтаи иттилооти замон бо сари баланд ба сафи пеши зиндагии иқтисодиву фарҳангӣ ва сиёсӣ бароварда тавонем.
Яъне фарогирии таърих, адабиёт, забон ва дигар арзишҳои бунёдии миллат дар раванди рушди неруҳои инсонӣ ва қудратҳои зеҳнии кишвар, алалхусус барои насли ҷавон ҳамчун меросбари шоистаи тамаддуни оламшумул ва давлати соҳибистиқлол ногузир аст. Аз ҷумла, боз ҳам ҳак ба ҷониби Пешвои муҳтарми мост, ки мегўяд: "Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо, хосияти ба ҳамоварӣ ва ваҳдатофарии он аст…" ("Забони миллат - ҳастии миллат". - С.15). Иқтибоси дигареро ин ҷо бамаврид медонем: "Забони тоҷикӣ дар тўли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархўрд ва рўёрўйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавонои бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрўз мебошад" ("Забони миллат - ҳастии миллат". - С.25).
Беихтиёр, суханрониҳо ва таъкидҳои сершумори Президенти арҷманд ҷиҳати ҳушдори наттоқон ба хотир меояд, ки талаффузи забони ноби тоҷикиро риоят кунанд. Ба зиёиён, сиёсатмадорон таъкид мекунанд, ки қоидаҳои фонетикӣ, мантиқӣ, фасоҳати забони модариро ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд. Аммо…
Бисёр афсўс, ки ҳамоно талаффузи бисёр дағали наттоқони радио ва телевизионро мушоҳида мекунем, ки сирояти бисёр харобкорона, хусусан ба нутқи насли ҷавон дорад. Ҳанўз ҳам мушоҳида мекунем, ки бегонапарастӣ дар забони матбуот ба ҳайси як худнамоии фазлфурўшона, булфузулона идома дорад. Ба назар мерасад, ки эҳсоси масъулият, хусусан масъулияти шаҳрвандиву ватанпарастӣ, миллатдўстии масъулони шуъбаҳои марбута, муҳаррирон ва масъулони аз онҳо болотар ба ҳадди дардовар заиф аст ва ҷое ҳатто вуҷуд надорад. Дар бораи матни бештари сурудҳое, ки дар фазои гуфториву дидории расонаҳо пахш мешавад, ҷойи гуфтан ҳам нест, зеро аз ҳад зиёд гуфтаанду гуфтаем.
Назри ЯЗДОНӢ
Шоири халқии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин