Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дар мавзуи «Паёми Президенти ҶТ-роҳнамои зиндагии мо» семинар - машварат доир гардид. Дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуданд.
Маҷлисро ноиби ректор оид ба таълим Муродалӣ Иброҳимов ифтитоҳ карда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба аҳамияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии мамлакат ҷалб намуд. Ў дар суханрониаш иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2018-ро соли «Рушди саёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани он барои эҳёи анъанаҳои ниёгон, имсоли кандакорию гаҷкорӣ, наққошию матоъбофӣ, кулолгарию созтарошӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба аҳамияти ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагии сокинони мамлакат андешаҳояшонро баён намуданд. Аз ҷумла, М.Асрорӣ иброз намуд, ки 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани Пешвои миллат боз як иқдоми дурандешона дар роҳи васеъ гардонидани доираи муаррифӣ намудани миллати тоҷик ба оламиён мебошад. Дар ин самт ва амалӣ шудани он Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки маҳз бо ҳамин мақсад, ҳамчунин бо ташаббусу иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, метавонад нақши хубе гузорад. Боиси хушбахтист, ки дастпарварони ин махзани илму ҳунар бо такя ба анъанаҳои ниёгон ҳунарҳои мардумӣ наққошӣ, либосдўзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, чакандўзӣ, матоъбофӣ, кулоҳгарӣ ва дигар номгўи онҳоро дар шакли наву муосир метавонад, зебу зиндагии тоза бахшанд.
Ҳамаи ин иқдомҳои эҳёгарӣ, ки муддате рў ба фаромўшӣ ниҳода буд, ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, моро ҳамчун миллати тамаддунсоз ба дигар кишварҳо намоиш медиҳад.
Ба феҳристи ЮНЕСКО дохил шудани Саразм, мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашнгирии Наврўз, ҳамчунин оши палови тоҷикӣ собитгарӣ дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Ҷашнгирии «Сада», ки 30 январи соли ҷорӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса дар тамоми манотиқи кишвар баргузор гардид, ба намоиши ҳақиқии якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ватандўстию худшиносии сокинони ҷумҳурӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.
Сада миёни Наврўзу Меҳргон – одамонро ба ҳам оварда, муждаеро аз эҳёи табиат, оғози кишту кор оварда мерасонад. Дар ин рўз пиру барно гулхан афрухта дар атрофи он рақсу бозӣ мекунанд. Ҳар гуна таъомҳо пухтаашонро бо ҳам хурда, кинаҳоро аз дил дур месозанд. Ва бо нияти пок ба корҳои кишоварӣ оғоз менамоянд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба Паёми навбатии Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳамияти он барои сокинони мамлакат ҷалб намуд. Аз ҷумла ў моҳияти соли 2018 соли рушди саёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани онро иброз доштанд, ки амалӣ шудани ҳидоятҳои Пешвои миллат бори дигар сарзамини тоҷикоро ба ҷаҳониён шуҳратёр хоҳад гардонд. Зеро табиати биҳиштосои мо кўҳҳои сарбафалаку обҳои мусаффо, меваҳои шаҳдбори он ҳақиқатан ҳам барои ҷалби саёҳон ва бо ҳамин васила нишон додани ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари миллати мо шуда метавонанд. Бисёр халқҳои дунё ҷойҳои таърихии ҷумҳурӣ – Саразму Панҷакенти қадима, Ҳулбуку Дижи карон, ва дигар ёдгориҳои сарзамини моро шунида, орзу мекунанд, ки омада онҳоро бубинанд.
Дар амалӣ гаштани ин иқдом шумо-мутахассисони оянда метавонад саҳми бештаре дошта бошад. Зеро расму мусаввара нақкдакорӣ ва дигар ҳунарҳое, ки дар ин ҷо омўзонда мешавад, бозгўи анъанаҳои ниёгон мебошад.
Сипас, устоди донишкада – мудири кафедраи забон Субҳон Усмонов дар мавзуи «ҳунар беҳ аз симу зар» маърўзаи пурмазмуне кард. Ў аз ҷумла дар баромадаш чунин гуфт: «Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ўро болидарўҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.
Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шўҳрат дошт. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, бофандагиву дузандагӣ, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки бевосита барои пешравии зиндагиашон мусоидат менамуд.
Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон дар давоми карнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, чакандўзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то замони мо расидааст.
Тоҷиконе, ки дар водиҳо, махсусан дар шаҳрҳо сукунат доштанд, ҳунармандиро касби асосии хеш қарор дода, дар ташаккули шаҳрҳо нақши муҳим бозиданд. Тибқи маълумоти шарқшиноси маъруфи рус А. А. Семёнов дар охири асри XIX барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони (ҳунармандони) ҳар як намуди ҳунарҳо одатан дар маҳаллаҳои алоҳида сукунат доштанд. Дар бозорҳо низ (дўконҳо)-и алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буда, дар онҳо нафақат маҳсулот ба фурўш гузошта мешуд, балки истеҳсоли он низ ба роҳ монда шуда буд.
Дар байни тоҷикон маъмултарин ва бонуфузтарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот (оҳангарӣ), кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ маҳсуб меёфт. Ин намуди ҳунарҳо хусусияти меросӣ- оилавӣ доштанд. Қоидаҳо, сирру асрор, усулҳо ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксаран ба писари калонии ҳунарманд омўзонида мешуданд. То солҳои 20 –уми қарни гузашта дар минтақаи Осиёи Миёна бо бофандагӣ мардҳо ва бо дўзандагӣ занҳо машғул буданд. Маснуоти кулолгариро бо меҳнати дастӣ занҳо ва тавассути чарҳи кулолӣ мардҳо тайёр мекарданд.
Ҳунарҳои дўзандагии тоҷикон хеле таърихи қадима дорад. Дар давраи ба мо дастраси этнографӣ ҳунармандони кашидадўз намудҳои гуногуни сўзанӣ, ҷойнамоз, рўҷо, зардевор, зебидевор, чакан, токчапўш, рўймолҳои занонаву мардона, болинҳои арўсӣ, тоқиҳо ва ғайра тайёр менамуданд.
Мутаассифона, дар даврони Ҳукумати шўравӣ бар асари тағйирёбии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, ба роҳ монда шудани истеҳсоли маҳсулоти заводу фабрикаҳо ва пеш аз ҳама манъ гардидани соҳибкории хусусӣ эҳтиёчот ба маҳсулоти ҳунармандон коста гардида буд. Новобаста аз ин дар минтақаҳои ҷумҳурӣ хусусан дар Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, водии Рашт ва Бадахшон ҳунармандӣ аз байн нарафт. Ҳунармандон касбу кори аҷдодиро хусусан кандакорӣ дар рўи чўб, заргарӣ, чакандўзӣ ва кашидадўзиро аз даст надоданд ва то имрўз нигоҳ доштанд.
Намунаи барҷастаи ҳунарҳои мардумӣ аз қабили кандакории тоҷик феълан дар дигар кишварҳои олам маҳфуз ва мавриди тамошои ҳаррўзаи сокинон қарор дорад. Масалан, дар шаҳри Боулдери Амрико як чойхонаи тоҷикӣ бо заҳмати дасти кандакорони тоҷик бунёд гардидааст. Инчунин, дар кишвари Олмон, Россия ва дигар давлатҳо маҳсули ҳунари кандакории ҳунармандони мо дида мешавад, Хусусан ороиши Кохи Наврўзи пойтахи мамлакат намунаи олӣ ва далели маъруфияти ҳунари кандакории тоҷик аст.
Мавзўи баромади донишҷўи курси сеюми факултети санъати тасвирӣ Мавҷигул Сатторова доир ба ҳунари наққошӣ буд. Ў аз ҷумла дар маърўзааш гуфт, ки: Едгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостопшиносони Осёи Миёна шаҳодат медиҳанд, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замони қадим ривоҷ ёфтааст. Инкишофи хунарҳои милии мардуми аз қабили меъморӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ зардузӣ, гулдўзӣ ва ғайра ба таракиёти наққошӣ мусоидат мекунад. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки дар натиҷаи ҳафриёт аз маҳалҳои гуногун ёфт шудаанд, аз маданияти гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳад.
Дар асрҳои минбаъда наққошӣ ва кандакории сутуни меҳроб, девору дарвозаҳо, пештоқу равоқи мақбараю масҷид ва мадрасаҳо (Мақбараи Исмоили Сомонӣ, Мадрасаи Мири Араб, Мадрасаи Шердор) хеле равнақу ривоҷ ёфтааст. Дар аҳди Темуриён намудҳои барҷастатарини санъати наққошӣ дар ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва дигар ҷойҳо дида мешуд. Наққошон барои беҳтар кардани ориши биноҳо бештар аз гилу гаҷ ва рангу бор истифода мекарданд. Ороиши мақбараю мадраса, масҷиду манораҳо барои нақошони ҷавон омўзишгоҳи расомии он замон ба ҳисоб мерафт. Агар нақшу нигор дар аҳди Темуриён суфтаю саҳеҳ иҷро шуда бошад, дар санъати наққошии асрҳои 16-17 нусхаҳои илмию гиреҳ- нақшҳои хеле мураккаб пайдо шудаанд. Дар асрҳои 18 сифати наққошӣ нисбат ба давраи гузашта паст шуда буд. Дар охири асрҳои 19 ва аввали асри 20 дар натиҷаи дохил шудани Осиёи Миёна ба ҳайати Россия ва ривоҷ ёфтани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ санъати наққошӣ авҷ гирифт. Дар наққошии ондавра чунин нусхаҳоро дидан мумкин буд; гиреҳ, катиба, акси ҷонварон ва ғайра ба ороишоти гиреҳ-гиреҳи парго, мадохил (Мадохил -яке аз қадимтарин навъҳои нақш дар санъати ороишии амаливу меъмории Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар Хуросону Мовароунаҳр ин намуди ҳунармандӣ шаклҳои гуногун дошта дар кандакориву наққошӣ истифода мебаранд. Санъати орошии ҳамаи халқҳо як хел набуда, бо роҳҳои гуногун инкишоф меёбад. Ҳар як халқ рангу бор, нақшу нигор, мавзуъ ва воситаҳои тасвирии хоси худро доро мебошад.
Санъати наққошии тоҷик як чузъи санъати амалӣ - ороишӣ буда, дар ҳаёти халқи тоҷик мавқеъ ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Бисёр наққошон бо кандакорон ҳамкории зич дошта тўли солҳо бо ҳамдигар кору фаъолият мекунанд, ки инҳо мебошанд -Яқуб ва Юсуф Рауповҳо, ки ҳато сокинони маҳалаҳои дурдаст устоҳоро барои нақшу нигори биноҳои гуногун даъват мекарданд. Аз ҷумла Яқуб бо писараш Охунҷон бо даъвати махсус дар Куканду Маргелон ва Намангон кор кардаанд. Наққошон, Мирмақсуд Солиев, Ғафур Мансуров, Мирзораҳмат Олимов ва дигарон. Охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 наққоши махсусан дар водиҳои Зарафшон, Фарғона хеле пеш рафт ва ба дараҷаи маъмул расид.
Нақшу нигор дар осори ҳунарии ниёгони мо дорои мавзуҳои зиёду мухталиф мебошанд, ки манбаи асосии офариниши нақшу нигори табиат мебошад, инсон қайҳо намудҳои гуногуни нақшу нигорро дар табиат дидааст. Бо нақшҳои зебо хунармандон пару боли парандагони афсонавӣ, нақшҳои бадани ҷонваракону ҳайвонхоро оро додаанд.
Одатан устоҳои сангтарош, кандакор, гулдўз аз тархе ки наққошон тайёр кардаанд, истифода мебаранд. Наққошони тоҷик ананаҳои беҳтарини ҳунармандону саньаткорони гузаштаро эҷодкорона идома дода санъати наққоширо боз ҳам такмил медиханд. Намунаи ин ҳунарҳо ки бо сифати аъло эҷод шудааст, метавонем дар бинои нави «Кохи Сомон», маркази фароғатии «Хуррамшаҳр», «Кохи Наврўз» дидан мумкин аст.
Ба ҳамаи мо маьлум аст ки хар як шахси эҷодкор дар заминаи фарҳанги милатиш ташакул ёфта метавонад. Бо ҷустуҷўҳои хамешагӣ ба камол мерасад. Нияту мақсади мо ки дар ДДСТДТ таҳсил карда истодаем равнақу ривоҷ додани нақшу нигор хушнависӣ ва ҳунарҳои мардуми мебошанд. Ва сайъу талоши мо аз он иборат аст ки ин ҳунарҳоро ба авҷи аъло расонем .
Имрўз бошад Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи ҳунарҳои мардумӣ нақшу нигор, кандакорӣ, заргарӣ, зардузӣ, кулолгарӣ, дизайни либос ва ғайра ДДСТДТ-ро кушодааст, ки барои дўстдорони ҳунарҳои мардумӣ як туҳфаи пуркиматест, ки маънавиёти мардуми моро шодоб мегардонад.
Донишҷўи курси сеюми факултети саъати тасвирӣ Фариза Саидова ба мавзўи «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда буд. Аз ҷумла ў қайд кард, ки аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрат дошт. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд.
Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ наққошиҳо анъанаҳои касби нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон тавассути сулолаи ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то ба мо омада расидааст.
Бархе ҳунарҳои бебозгашт аз байн рафтаанд. Дар Тоҷикистони шимолӣ яке аз марказҳои муҳими ҳунарманди шаҳри Хуҷанд мансуб меёфт аксарияти хоҷагиҳои оилавии ҳуҷандиён ба бофандагӣ машғул буданд. Дар Точикистони соҳибистиқлол ба рушди ҳунарҳои миллӣ дар сатҳи давлати эътибор дода шуд. Зеро ин роҳ фарҳанги милатамонро ҳифз мегардад. Грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дасгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии колинбофӣ, сўзанидузӣ ва адрасбофӣ таъсис дода шуданд. Дар роҳи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тоҷикон дар вилояти Суғд чанд сол ин ҷониб баргузор гаштани озмуни «Атлас» нақши муҳим мебозад.
Наққошӣ, ҳунари офаридани нақш маҳсули эҷодии саъаткорони халқӣ ва касбӣ ба шумор меравад. Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтхои археологии Осиёи Миёна шаходат медиҳад, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим ривоҷ ёфтааст.
Мо донишҷўёни ДДСТДТ ин ҳунарро пешаи худ намуда мехоҳем муарифгари ин Ватани худ хам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бошем. Ва донанд, ки Тоҷикистон дорои фарҳанги қадимаи бисёр ҳам бузург мебошад.
Ин аст, ки дар солҳои охир навъҳои алоҳидаи санъати ороиши ва амали аз чониби наққошони тоҷик комилан такмил ёфт. Кор бо усули кундал ки дар ҳоло дар миқёси Осиёи Маркази танҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Кундал яке аз усулҳои санъати нақошӣ буда дар асри 15 ба миён омадааст ва дар асри 19 ва ибтидои асри 20 хеле ривоҷ ёфт (махсусан дар води Зарафшон ва Фарғона).
Дар даврони беш аз сад соли охир санъати ороиши ва амалии тоҷикон ки аксаран дастӣ иҷро мешуд то андозае тағир ёфт. Ба шарофати истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ороиши миллӣ эҳё гардида, доираи истифодаи он тадриҷан васеъ гардид.
Наққошони тоҷик анъанаҳои беҳтарини ҳунармандону санъаткорони гузаштаро эҷодкорона идома дода, санъати наққоширо боз ҳам такмил медиҳанд. Ҳунарҳои мардуми ин муаррифии давлати азизамон дар арсаи ҷахонист. Дар ин раванд барои рушди ҳунархои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурўши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.
Донишҷўи донишкадаи мазкур Умед Муҳиддинов ба иштирокчиёни семинар аз таърихи санъати кандакории чўб маълумот дод. Ў гуфт: «Кандакорӣ навъи ҳунар, касб ва санъати ороишиву пардозкориест, ки тавассути кандану буридани чўб иҷро карда мешавад.
Кандакории чўб таърихи ниҳоят қадим дошта аз касбу ҳунари маъмули ниёгони мо ба шумор меравад, ки тадқикотҳои олимони бостоншиносӣ ба ин гувоҳ мебошад. Меъморон ва наҷҷорони тоҷик аслан чўб (бештар чўби дарахтони арча, чормағз, зардолу) - ро ба кор бурда, аз он ҳар гуна ашёи рўзгор (табақ, коса, кафлес, гаҳвора, сандуқ ва ғайра), қисмҳои биноҳои маъмуриву ҷамъиятӣ, қолабҳои гуногуни махсуси гулпартоии матоъҳо ва ғайра месохтанд. Шоҳсутунҳову раву болор, синҷ ва дару дарвозаҳои дутабақа, минбар ва лавҳаҳои ҷудогонаи кандакоришуда, бештар дар меъморӣ фаровон истифода мешуданд. Дар кандакории тоҷик услубҳои нақшу нигори маъмултарин гиреҳ. катиба ва ҷонварнусхаҳо мавқеи махсус доштанд
Пардоз ва нигоришоти чўбӣ то охири асри XIX ва ибтидои асри XX ҳам давом кардааст. Масолеҳи асосие, ки дар рўзгори тоҷикони кўҳистонӣ ва истиқоматкунандагони шахр бештар ба кор мерафт, чўб буд. Устод Нуриддинов бо корҳои эҷодии худ ба дили тамошобин ва шогирдони тайёр намудааш як ҳусну тароват зебогии табиат ва маҳорати баланди касбиашро бо воситаи корҳои эҷодиаш ҷой намуда аз онҳо устоҳои хуби кандакорӣ тайёр намуд. Дар тўли солҳо шогирдонеро тайёр кард, ки айни замон кор ва фаъолияти худро баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон сайъу кушиш намуда истодаанд. Шогирдони устод Сироҷиддин Нуриддинов, Саид Маҳмудов, омўзгори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Раҳим Ҳамдамов, Толиб Ҳайдаров, омўзгори Коллеҷи рассоми ба номи Мирзораҳмат Олимов Ҳасан Ҷумаев аъзои Итифоқи рассомон Зоир Алиқулов ва ғайраҳо ҳастанд, ки ин ҳунари ниёгонамонро ривоҷу равнақ дода истодаанд ва шогирдони зиёде омода намуда истоданд.
Даҳҳо ва садҳо шогирдони устоҳои номбурда айни замон дар сохтани биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва фароғатӣ, сохтани айвонҳои кандакорӣ дар боғҳои Ирам, Чойхонаву Наврўзгоҳ ва хонаҳои шахсӣ аз ин ҳунари ниёгонамон истифода мебаранд. Ногуфта намонад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳунар таваҷуҳи зиёд дода, ба ҳунармандон шароити кориро муҳайё сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми эълон намуданд, ки ин ҳам як ғамхорӣ нисбати ҳунармандон мебошанд. Имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти муҳтарами мо барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дода шудааст, метавонад боз ҳам ба ҳунармандон як илҳоми тоза барои қувати бузурги корӣ бахшад ва метавонад санъати кандакории чўбро ба сайёҳон ва меҳмонони кишварамон дар сатҳи баланд муарифӣ кунанд.
Дигар нотиқон низ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқдоми дурандешона ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти мамлакат арзёбӣ намуданд. Онҳо бо боварӣ изҳор доштанд, ки эълон шудани соли 2018- соли «Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Пешвои миллат василаи хубе барои боз ҳам васеъ шудани доираи муаррифгарии миллат мусоидат хоҳад кард.

Шералӣ МУСТАФОҚУЛОВ,
Бозорбой ПУЛОДОВ,
мухбирони рўзномаи «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин